Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли профессор Усмонҷон Ғаффоров, собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Абдунабӣ Ҳодибоев ва Биҷҷанат Усмонова хабар гирифта, бо пирони кор сӯҳбатҳои самимӣ анҷом дод.
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода
4 июл дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти гуногун дар Истаравшан
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 400 иншооти гуногун бунёд карда мешавад. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр иттилоъ дода шуд.
Чуноне маълумот доданд, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истаравшан корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, дар панҷ моҳи соли равон 32 иншоот ба истифода дода шудааст.
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Истаравшан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти роҳбари вилоят бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо идома дошта, дар назди масъулин ҷиҳати иҷрои нақшаву дурнамо ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ вазифагузорӣ карда мешавад.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
30 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Раҳимзода «Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуд.
Матолиби бештар...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкори ӯзбек Назирҷон Қодиров
- 15 соли муваффақият ва дастовардҳои ҶДММ “Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой”
- Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Ворух