Иштироки Пешвои миллат дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи раъйдиҳии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.
Иштироки А. Қодирӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, якшанбеи 22 май Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади иштирок дар чорабинии муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаи раъйпурсии рақами 68-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард ва вориди ҳуҷраи овоздиҳӣ гардида, мавқеи худро муайян намуд.
Чуноне мушоҳидаҳо нишон доданд, дар ин минтақа овоздиҳандагон низ чун дигар сокинони вилояти Суғд хело фаъол ҳастанд ва барои иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд. Бино ба иттилои масъулони участкаи раъйпурсӣ дар ин участка 2973 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд.
Исфара: То соати 10-00 - и рӯз 63 184 нафар сокинон райъ доданд
Чорабинии муҳими сиёсӣ - Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 79 участкаи раъйдиҳии ҳавзаи раъйпурсии Исфара № 27 бо ширкати фаъолонаи шаҳрвандон идома дорад.
Бино бар маълумоти ҳавзаи раъйпурсӣ то соати 10:00 -и ин рӯз 63 184 нафар шаҳрвандони Исфара ба участкаҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуда, мавқеи худро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Деваштич. Сокинон фаъолона дар раъйпурсӣ иштирок доранд
- Дар участкаи раъйпурсии рақами 41-и ноҳияи Деваштич, воқеъ дар деҳаи Овчии ҷамоати деҳоти Ваҳдат барои баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва ҳоло шаҳрвадон бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар раъйпурсӣ иштироки фаъолона доранд - мегӯяд, раиси участка Мирзо Мирзоев.
Дар ин участка 2941 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд ва то соати 10-и рӯз беш аз 800 нафар сокинон раъй додаанд. Ба иттилои Мирзо Мирзоев ташрифи сокинон ба маҳалли раъйдиҳӣ идома дорад.
Иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллаи Тиллокон дар раъйпурсӣ
Чун дигар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Тиллокони шаҳр низ теъдоде аз сокинон аз субҳи барвақт бо дарки баланди масъулиятшиносӣ барои иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаи раъйпурсии рақами 51 ҳозир шуданд.
Ба иттилои раиси участкаи мазкур Орифҷон Умаров барои баргузории раъйпурсӣ тамоми шароит мавҷуд буда, сокинон бо рӯҳияи баланд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда истодаанд. То ба ҳол - соати 9-51 дақиқаи маҳаллӣ беш аз 400 нафар сокинон дар ин участка раъй додаанд ва ташрифи шаҳрвандон барои иштирок дар раъйпурсӣ идома дорад.