НАҚШИ ИЛМ ВА АДАБИЁТ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Ҷамолиддин Саидзода,
адабиётшинос
Дар қиссаву таърих чу озода бихонед,
Мақсуд аз озода шумоед, шумоед.
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КИ ДОНО БУВАД... (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)
МУҚАДДИМА
Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмӯи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти Ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳими мақомоти олии мамлакат мебошад.
Нуқтаи архимедӣ - такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори Ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст.
Вобаста ба ин, дар Паём, дар робита бо равандҳои бузурги ҷаҳонишавӣ таъкид мегардад: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». – Душанбе. Дониш, 2023. – С. 23)
Имрӯз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Сарчашмаҳои маблағгузории Ҳаракати Толибон* (2001-2021)
Чоп шудааст: 13.01.2023 21:50
Муаллиф: Олга МИТРОФАНЕНКОВА
Дар бораи муаллиф: Олга Евгенйевна Митрофаненкова - номзади илмҳои таърих, ходими хурди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия. Мавод як қисме аз матни барои маҷмӯаи мақолаҳо омодашуда мебошад.
Бо вуҷуди он ки соли 2001 дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии «Озодии шикастнопазир» ҳаракати Толибон (мамнӯъ дар Россия) қариб пурра торумор шуда буд, вале моҳи августи соли 2021 онҳо тавонистанд дубора дар Афғонистон ба сари қудрат баргарданд. Албатта, дар бозгашташон сарчашмаҳои маблағгузорӣ нақши муҳим бозиданд ва ба онҳо на танҳо барои барқарор шудан, балки дубора ба даст овардани нуфуз ва назорати кишвар мусоидат карданд.
Мулоқоти Раиси вилоят бо муассиси корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» Имерио Такелла
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муассиси корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН» ва роҳбари ширкати маъруфи итолёвии «Carrera» Имерио Такелларо ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба ва саҳми корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» дар рушди иқтисодиёти вилоят изҳори қаноатмандӣ карданд.