Радиоузелро кӣ дуздид?
Метавон ба натиҷа расид, ки ба таври ҳамешагӣ ба ҷавонону наврасон дастрас набудани барномаи радиои «Тоҷикистон»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун идеологияи пурқудрати миллӣ яке аз сабабҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ пайвастани ҷавонон мебошад. Дар марказҳои шаҳру деҳот ва маҳалҳо аз радиоузелҳое, ки солҳои шўравӣ фаъолият мекарданд, имрўзҳо асаре вуҷуд надорад. Аксарият бар онанд, ки баландгўяки радиоузелҳо ба яғмо бурда шуда, кайҳост симу симчўби он фарсудаву корношоям шудааст.
Радиоузели колхозӣ дар сўҳбати насли солор
Насли солори тақрибан аз 35-40 - сола боло мафҳуми радиоузели колхозӣ ва ё мантиқи узелро дарк мекунанд. Зеро онҳоро дар замони кўдакиву наврасияшон радиоузелҳо тарбият кардаву дар вуҷудашон завқи зебоипарастӣ ва ҳисси ватандориро рехтааст. Аммо дар қиёси ин насли имрўза чӣ тарбият дида истодааст? Репу року ҷаз? Брек-Дансу либоси нофнамову нимаурён?
Фарзандамро аз "беморӣ" халос кардам
Дар мавриди харидории либоси мактабӣ ва гаронии нархи он ҳамарўза сару садоҳо баланд мешаванд. Яке чунин мегўяду дигаре чунон. Ҳарчанд, аз рўи гуфти масъулини Раёсати маорифи вилоят, харидории либоси ягонаи мактабӣ маҷбурӣ несту ҳар касе, ки намехоҳад, харидорӣ намекунад, аммо дар асл он «ихтиёрии ҳатмист». Дар ин бобат хостем, фикру андешаҳои мардумро манзури хонандагони рўзнома гардонида бошем.
Саида Раҳимова-омўзгор, роҳбари синф:
- Муаллими мактаби миёна ҳастам. Ба садҳо шогирдон дар баробари таълиму тарбия ҳисси ватандўстиву худогоҳӣ ва хештаншиносиро меомўзонам. Воқеаеро мехоҳам, ин ҷо оварам, ки чанд сол пеш боиси озурдахотириам гашта буд.
Иштироки Пешвои миллат дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи раъйдиҳии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.
Иштироки А. Қодирӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, якшанбеи 22 май Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади иштирок дар чорабинии муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаи раъйпурсии рақами 68-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард ва вориди ҳуҷраи овоздиҳӣ гардида, мавқеи худро муайян намуд.
Чуноне мушоҳидаҳо нишон доданд, дар ин минтақа овоздиҳандагон низ чун дигар сокинони вилояти Суғд хело фаъол ҳастанд ва барои иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд. Бино ба иттилои масъулони участкаи раъйпурсӣ дар ин участка 2973 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд.
Исфара: То соати 10-00 - и рӯз 63 184 нафар сокинон райъ доданд
Чорабинии муҳими сиёсӣ - Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 79 участкаи раъйдиҳии ҳавзаи раъйпурсии Исфара № 27 бо ширкати фаъолонаи шаҳрвандон идома дорад.
Бино бар маълумоти ҳавзаи раъйпурсӣ то соати 10:00 -и ин рӯз 63 184 нафар шаҳрвандони Исфара ба участкаҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуда, мавқеи худро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Матолиби бештар...
- Деваштич. Сокинон фаъолона дар раъйпурсӣ иштирок доранд
- Иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллаи Тиллокон дар раъйпурсӣ
- Гулистон. Дар участкаи №5 40 фоизи раъйдиҳандагон мавқеи худро муайян карданд
- Тақдими гувоҳномаҳо ба иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ ва эълони ғолибони Фестивал - озмуни «Фурӯғи ҷавонӣ»