Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ «Фирӯз»
12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Фирӯз» шинос гардид.
ҶДММ «Фирӯз» яке аз ҷамъиятҳои серсоҳа дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, дар корхонаи дӯзандагии он навъҳои гуногуни либосҳои варзишӣ, аз ҷумла кимоно истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшаванда пурра аз пахта буда, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар сехҳои корхона 80 нафар фаъолият дошта, сокинон бо маоши хуб таъмин мебошанд. Либосҳои варзишии истеҳсолшаванда ба бозори дохилӣ бароварда шуда, харидорони худро дорад. Маҳсулоти тайёр ҳамзамон ба Россия, Қазоқистон, Белорус ва дигар давлатҳо содирот карда мешавад.
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ иттилоъ дод, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳия озод гардида, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2023, №519 Салимзода Нусратулло Файзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардид.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳикматуллозода А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳикматуллозода Абдуғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
М.Садриддин - эталон высшего проявления бесчестия
Опубликовал Абдусалом Абдуманов Вт в 9:07 - 114 просмотров
О том, что злоумышленник и вредитель Мухаммадикбол Садриддин, редактор сайта «Ислох.нет» нанёс много вреда обществу писалось и ранее. Однако выявлены новые факты, которые оглашены в социальных сетях. Оказывается, что Мухаммадикбол не только аферист, но и лицо с нетрадиционной сексуальной ориентацией. Именно по этим мотивам он выбрал место жительства Париж. Практика показывает, что именно такие люди, если их можно назвать людьми, словоохотливее других говорят о честности. Приводят отрывки из Корана и хадисов, оправдывают свою гнусную деятельность и поведение. М.Садриддин - авантюрист и шантажист по природе. Этому есть ряд причин:
Ҷаласаи корӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2022
10 январи соли 2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ҷаласаи корӣ баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2022 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Матолиби бештар...
- Дар Хуҷанд ба сохтмони кӯдакистони наву замонавӣ санги асос гузошта шуд
- Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ҶДММ «Фортуна-Ко» ва ҶДММ " Арча-мебел"
- Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон
- ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023