Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар Хуҷанд
19 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти чанд корхонаи саноатӣ шинос гардида, барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Нахуст роҳбари вилоят аз ҶДММ «Раҳимов» боздид намуд ва тавре иттилоъ дода шуд самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур асосан истеҳсоли либоси варзишии кимано буда, бо ин мақсад дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб ва мутахассисон ба кор ҷалб гардидаанд.
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок намуданд.
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)
Муқаддима
Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад.
Нуқтаи архимедӣ - такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст.
Вобаста ба ин, дар Паём, дар робита бо равандҳои бузурги ҷаҳонишавӣ таъкид мегардад: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд»(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». –Душанбе. Дониш, 2023. – С. 23)
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ва гармхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди иншооти гуногун ва азхудкунии заминҳои нав идома дорад.
17 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳия бо корҳои сохтмонии як қатор иншооти ҷашнӣ шинос шуд. Раиси вилоят аз ҷумла сохтмони фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Анқо»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба иттилои масъулин фабрикаи парандапарварӣ барои парвариши 350 ҳазор сар мурғ пешбинӣ шуда, айни замон васлу насби таҷҳизот идома дорад. Бо ба охир расидани корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд карда мешавад.
17 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача бо лоиҳаи майдони Парчами давлатӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири сокинони кишвар, махсусан ҷавонону наврасон дар марказ ва деҳоти як қатор шаҳру ноҳияҳо Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон карда шудааст. Дар индомаи чунин тадбирҳо дар деҳоти Овчӣ-Қалъача низ майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад, ки барои сокинони ҷамоат мавзеи хуби истироҳатӣ хоҳад шуд.