В и з в и з а к ё технологияи тавлиди баёнияҳо

1. Ҳикмат

"Гар шиновар нестӣ, пой бар лаби дарё манеҳ!"

2. Имтиҳонӣ

Баъди ошӯби зиндони Хуҷанд мо ба хулосае омадем, ки аз номи Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон Муҳаммад Расул - мавқеъи моро баён мекунад. Ҷонишини раиси Анҷуман худ солҳо заҳри зиндонро чашидааст ва ин мавзӯъро хубтар медонад.

 

Дар айни замон бо ҳам машварат кардем, то бубинем ҳизбу созмонҳои дигар чӣ мегӯянд ва аз кӯлборашон чӣ мерезанд?

3. Жож

Хатое накарда будем:

аз ҳеҷ ба ҷуз ҳеҷ чӣ меборад?

Жожу може чанд гуфтанду рафтанд.

Дар чеҳраи як нафари ҳеҷҳо ҳатто ҳеҷ андӯҳе набуд.

Аммо шодӣ аз чашмони шағолӣ оташак мезад...

4. Баённома

Машварати мухтасар.

Муҳокима.

Нуктаҳои асосӣ.

Дар минбар Муҳаммад Расул.

Мавзӯъ: Фоҷиаи Хуҷанд ва мавқеъи Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон.

Содиқона.

Самимона.

Гоҳе ашкашро фурӯ мебурд...

Задани набзаш эҳсос мешуд...

5. Ғафлат

Амруллоҳи Низом созмонҳои фейкии мухолифро ғафлатгир кард:

"Эй ину онҳо, эй ону инҳо, чаро хомӯшед?".

6. Машшота

Дигар ҳама давиданд ба сӯи микрофонҳо.

Куртаҳои навро пӯшида.

Шона ба зулфон зада.

Хандаҳоро ниҳон карда.

Гарчанде як нафараш ки базӯр-базӯр ба тоҷикӣ ҳарф мезад ва пайваста табассум мекард.

Мисли дебил...

7. Графомания

Дигар ҳама бидуни истисно гуфтаҳои Муҳаммад Расулро такрор мекарданд.

Ҷумла ба ҷумла.

Аммо касе намегуфт, ки иқтибос аст.

Ё аз гузоришҳои бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" мисолҳо меоварданду бозёфтҳо ва кашфиётҳои журналистони онро чун "маводи худ" ва "манбаъи худ" пешниҳод мекарданд.

8. Ҳикмат - 2

"Тухмдузд шутурдузд мешавад".

Агар ин номдуздакон, идеядуздакон, шиордуздакон, сабкдуздакон, ки аксар роҳзанони сиёсиянд, ба як долони кӯчаки ҳукумат даст ёбанд, ҳатто визвизаку тортанакҳоро чун гӯсфанди ҳисорӣ ё мурғи файзободӣ реклама мекунанду мефурӯшанд.

9. Нидо

Вой бар мо!

Додоҷон Атовуллоев

Add comment


Security code
Refresh