БАҲРИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТ

 

 

 

Баҳри тарзи ҳаёти солимро ба ҳар сокини вилоят, бахусус ҷавонон ба анъана ворид намудан, фаро гирифтани насли наврас ва ҷавонон бо намудҳои гуногуни варзиш ва ба ин васила ҳифз намудани онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро дар вилоят ба рушди соҳаи варзиш, бахусус ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб намудани ҷавонон тадбирҳои мушаххас тарҳрезӣ ва амалӣ гардонида мешаванд.

Дар ин радиф мухбирамон ба мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Тошбоев бобати то кадом андоза ба намудҳои варзиш ҷалб гардидани ҷавонону наврасон, ҳамчунин вазъи бунёди иншоотҳои варзишӣ дар шаҳру навоҳии вилоят пурсон шуд.

-Баҳри ба теъдоди кофӣ дар шаҳру навоҳии вилоят муҳайё намудани иншоотҳои варзишӣ бо Қарори Раиси вилояти Суғд Барномаи таъмир ва барқарорсозии иншоотҳои варзишӣ барои солҳои 2018-2020 ба тасвиб расидааст. Тибқи Барнома дар соли 2018 бунёд ва тармими 114 иншоот дар ҳудуди вилоят ба нақша гирифта шудааст. Аз ин миқдор давоми нуҳ моҳи соли равон аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ, бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатманд, бо қувваи сокинон 75 адад иншооти варзишӣ, аз ҷумла майдонча ва толорҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдонча барои бозии кӯдакон ва дигар иншоотҳо тариқи ройгон сохта ва ба истифодаи мардум дода шуданд.

-Дар самти ҷалби сокинон, аз ҷумла ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш бошад, давоми нуҳ моҳи соли равон 898 маротиба мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи 20-25 намуди варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ, бокс, дзю-до, вазнбардорӣ, каратэ-до ва дигарҳо доир карда шуда, дар онҳо 154.821 нафар сокинон, бахусус ҷавонону наврасон бо варзиш фаро гирифта шуданд. Аз ин теъдод 55.906 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби ғолибони ин қувваозмоиҳо дастаи 2490 нафараи варзишгарон таъсис дода шуд, ки 507 нафари онҳо духтарон мебошанд. Ин дастаи варзишгарони вилоят дар беш аз 80 мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ба гирифтани 1378 медалҳо, аз ҷумла тилло, нуқра ва биринҷӣ шарафёб шуданд. Аз ҳисоби ин дастаи варзишгарони вилоят 156 нафар, аз ҷумла 15 нафар бонувон дар 36 мусобиқа, олимпиада ва чемпионатҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷоми Ҷаҳон, Ҷоми Осиё иштирок ва соҳиби 65 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гашта, парчами Тоҷикистонро боло ва номи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Нигоранда Рафоат МӯЪМИНОВА,

«Хақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh