НБО-и Роғун ва мотами пайравони ТТЭ ҲНИ, «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком»

Гурӯҳу равияҳо тундгарову иғвоангез аксаран афроди авомфиребро гирди худ ҷамъ оварда,  дар байни мардум бештар ба ҳамин кори ва тафриқаандоз машғуланд. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамон амалҳои даҳшатбори аъзоёну пайрвони ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» дар арафаи ба истифода додани НБО-и Роғун мебошад, ки баъди заҳматҳои шабонурӯзии мардуми тоҷик ба даст омад. Дар робита ба истифода додани агрегати аввали ин иншооти муҳими сратегӣ ва амалисозанди ормонҳои гузаштаву ояндаи давлату миллати тоҷик дар манотиқи мухталифи кишвар иқдомоти наҷибона анҷом дода шуда истодааст.

 

Мутаассифона, вебгоҳҳои номбаршуда, ки роҳбаронаш бо каҷрафториҳо ва ҷиноятҳои сангин  тарки ватан намудаанд, амалҳои хешро таҳти ҳимояти кишварҳои ҳаммаслаки дуру наздики худ анҷом дода истодаанд. Пайравони ТЭТ ҲНИ ва сомонаҳои ба он наздик бо рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ ва ғайриисонӣ одат кардаанду наметавонанд, ки аз он даст бардоранд. Тарзи корашон хусусияти муайяни осон ба даст овардани манфиатро дорад. Онҳо амалҳои пасипардагии худро бо маслиҳату раҳнамоии бегонагон амалӣ созанд.

Ин гурӯҳҳои ифтротгаро, моҷароҷӯ ва тафриқаандоз боз дар пайи анҷом додани амалҳои ноҷавонмардона ва муғризонаи хеш ҳастанд. Ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳои «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» бидуни шарму ҳаё дар кишварҳои аврупоӣ фазлфурӯшӣ мекунад ва бо дурӯягиву найрангбозӣ, фитнагарӣ ва қаллобӣ иртибот мегиранд. Оворагардӣ ва бадгӯию дурӯғбофӣ пешаи аслӣ ва рисолати онҳо мебошад.

Аз навиштаҳо, қайдҳо, ҳатто ибораҳои алоҳидаи «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» таҳқири ошкоро, туҳмат, буҳтон, мубориза баҳри ошӯбгароӣ намудор мешавад. Хонандагон ҳақиқати масъаларо мефаҳманд, ба дурӯғи онҳо бовар намекунанд, ба роҳе, ки онҳо рафтаанд, нахоҳанд рафт.

Айни замон ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» ҷонибдори рушду ташаккули миллату давлати тоҷик нестанд ва ба онҳо хуш намоеяд, ки Тоҷикистон дар баробари таъмини озодии виҷдон, сиёсати муколама ва гуфтугӯи байни фарҳангҳо, маданияти ҳамзистиву таҳаммулпазириро дар низоми давлатдории худ амалӣ сохта, пурра истиқлолияти энергетикии худро низ таъмин намояд. Роҳи пешгирифтаи мардуми Тоҷикистон алами Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» садчанд афзоиш додааст.

 

Ф.Фаррухзода

Add comment


Security code
Refresh