БОЗ ЯК ДАРСИ ИБРАТАНГЕЗ

Хабари дар шаҳри Дортмунти Олмон вафот кардани Шейхов Муњаммадсаидро шунида ба андеша фуру рафтам. Боз як фарзанди роҳгумкардаи тоҷик  дар диёри мардум, дар шаҳри ғурбат аз дунё гузашт ва дур аз ватану диёр ба ҳасрат ба хок супорида шуд

. Гумон мекардам, ки он қисме аз мардуми Тоҷикистон, ки бо дасисаву макри ТЭТ ҲНИ дар солҳои наввадуми асри гузашта ба Афғонистон рафтанд ва дар он диёр ба кулфату ранҷ гирифтор гашта, кисмате аз онҳо дар онҷо вафот карданд, амалкарди эшон барои худ ва дигарон бояд як дарси хуби зиндаги мегашт. Вале сад афсус, ки на ҳама вақт ва ҳама кас аз гузаштаи худ ибрат мегирад.  Инак ғурбату ранҷ дар Аврупо ва имруз  баьзе фарзандони миллати тоҷик дар диёри ғурбат, берун аз ватан, дар хоки бегона ба сахтиву зорӣ хок мешавад. Ин ҳам боз натиҷаи амали бадхоҳонаи ТЭТ ҲНИ аст. Пас ҷавонони ин миллатро мебояд аз фитнаҳои болохонадори ин ташкилоти терористӣ дар ҳазар бошанд ва мо афроди ҷомеа нагузорем, ки дигар ҷавонони мо гумроҳ ва ба роҳи хато раванд ва сабаби дар диери ғурбат овораву саргардон гаштани эшон гардад.

 

Шарифзода Азалшо  Сархатиби шаҳри Ҳисор

Add comment


Security code
Refresh