Баррасии роҳҳои содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба хориҷи кишвар

Дар машварати корие, ки дирӯз бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоир Зоир баргузор гардид, як масъала - чораҳои иловагии афзун намудани содироти меваю сабзавоти ҳосили ҷорӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба хориҷа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Машваратро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуда, дар он роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроия, ташкилоту идора ва мақомотҳои хизматрасони соҳа, намояндагони палатаи савдою саноат, раисони шаҳру навоҳии истеҳсолкунандаи маҳсулоти содиротӣ ва муовинони соҳавии онҳо, роҳбарони бонкҳо ва соҳибкорон ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласаи машваратӣ ҳамчунин муовини аввали раиси вилояти Хатлон ва раисони ноҳияҳои Шаҳритусу Ҷайҳун иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоир Зоир доир ба вазъи истеҳсол ва содироти маҳсулот дар ҷумҳурӣ маълумот дод.  Аз ҷумла гуфта шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, имрӯз барои соҳибкорон имтиёзҳои мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст. Дар навбати худ бахши хусусиро зарур аст, ки бо ҳисси масъулият ҷиҳати воридоти технологияи пешрафта, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кӯшиш намояд. Маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро имрӯз асосан меваю сабзавоти тару тоза ташкил дода, кишварҳои ҳамкор дар ин самт Русия ва Қазоқистон ба ҳисоб мераванд. Қабули барномаи  давлатии Рушди соҳаи боғу токпарварӣ аз ҷумла барои зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар мусоидат карда, дар доираи он то соли 2020 боз 20 ҳазор гектар боғоти нав бунёд хоҳанд шуд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 341 ҳазор тонна мева истеҳсол шуда, содироти мева асосан аз ҷониби соҳибкорони  вилояти Суғд ба роҳ монда шудааст. Майдони кишти сабзавоти содиротӣ имсол зиёд гардида, аз ҷумла дар масохати 10145 га пиёзи барвақтӣ кишт шудааст, ки ҳосили интизории он 260 ҳазор тонна мебошад. Муовини Сарвазир аз ташаббуси соҳибкорони суғдӣ дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва афзун намудани самаранокӣ изҳори қаноатмандӣ кард ва ба онҳо ҷиҳати омӯзонидани усули коркарди хушкмева ба ҳамкорони хеш дар вилоятҳои Хатлону ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ изҳори сипос намуд. Бояд гуфт, ки бо сабаби гарм будани иқлими минтақаи ҷануби кишвар, баъзе аз сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз дар вилояти Хатлон пухта расида, аввалин тоннаҳои он аллакай ба бозорҳои вилояти Суғд ворид гардидаанд. Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт ба роҳ мондани содирот аз ҷониби худи соҳибкорони ватанӣ аст, ки бояд бидуни миёнаравҳо сурат гирад. Зеро то ҳануз қисме аз содирот тавассути соҳибкорони хориҷӣ амалӣ карда мешавад.

Тибқи иттилои муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ соли сипарӣ дар вилояти Суғд новобаста аз талафоти қисми зиёди ҳосили мева бар асари сардиҳои охири моҳи март, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба туфайли роҳандозии ҳамкорӣ бо хоҷагидорону соҳибкорони вилоятҳои Хатлону Бадахшон 186 ҳазор тонна маҳсулот содирот карда шудааст. Соли равон истеҳсоли 30 ҳазор тонна помидор ва 110 ҳазор тонна пиёз дар вилоят ба нақша гирифта шуда, майдони кишти полезиҳо аз қабили тарбузу харбуз ба 6000 гектар расидааст. Ба хотири беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муаррифии неруи содиротии вилоят соли гузашта бори аввал Анҷумани шартномабандӣ доир гардида, дар натиҷаи он 34 қарордод барои содироти 100 ҳазор тонна маҳсулот бо ширкатҳои Русияву Қазоқистон ба имзо расонида шуд. Баргузории ярмаркаи анъанавии савдо низ яке аз роҳҳои ҷалби ҳамкорони хориҷӣ ба масъалаи содирот мебошад.

Новобаста аз ин, омузиши вазъи соҳа аз ҷой доштани баъзе муаммоҳо дар самти содироти маҳсулот гувоҳӣ медиҳад. Дар қатори мушкилоти асосии раванди содирот гаронии тарифҳои қаториҳои роҳи охан, содироти маҳсулот ба таври қочоқ ва бидуни назорати гумрукӣ, ягона набудани меъёри барасмиятдарории гумрукӣ дар давоми шабонарӯз, иваз намудани қатораҳо дар сарҳади Қазоқистону Русия ва азнавборкунии маҳсулот, ки сифати онро коҳиш медиҳад, нокифоя будани сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти зуднобудшаванда, сарфаи вақти зиёди соҳибкорон барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ва қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ба ҳисоб мераванд.

Муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбонбой Каримзода омодагии хоҷагидорони хатлониро барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони суғдӣ изҳор намуд. Иқлими мусоиди вилоят имкон додааст, ки дар 64 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии минтақа нашъунамои ҳосил хуб гардида, аз ҷумла давоми се моҳи соли равон аллакай 10341 тонна пиёз аз вилоят содирот шудааст. Соли равон дар Хатлон дар 15,5 ҳазор гектар сабзавот, аз ҷумла дар 8300 гектар пиёзи барвақтӣ кишт шудааст, ки аллакай барои истифода ва фуруш омода мебошад. Курбонбой Каримзода изҳор намуд, ки соҳибкорони вилоят метавонанд дар самти содироти маҳсулоти дигари кишоварзӣ аз қабили картошка, полезиҳо, лиму, ангур, хучу дулона ва олуча бо хоҷагидорони хатлонӣ ҳамкорӣ намоянд.

Ноҳияи Шаҳритус барои содирот пиёзу олу ва зардолу, ноҳияи Ҷайҳун бошад, дар баробари пиёз, сабзию картошка, полезиҳо ва лимую олуро барои содирот пешниҳод менамоянд. Меҳмонони хатлонӣ дар рушди соҳаи кишоварзии минтақа ва фаровонии ҳосил ҳамзамон ҳиссаи Абдураҳмон Қодириро, ки тули 6 сол дар вазифаи муовини аввали раиси вилояти Хатлон кор кард, арзанда донистанд ва гуфтанд, ки талошҳои ин мутахассиси варзида имрӯз дар минтақа ҳосили зиёдро ба бор овардааст.

Муовини Сарвазири кишвар ба масъулини мақомоти хизматрасону назоратӣ дастур дод, ки ҷиҳати ҳалли муаммоҳои соҳибкорон дар масъалаи содирот тадбир андешанд ва ба онҳо хусусан дар мавсими соодирот кӯмак расонанд. Ҳамзамон ба роҳбарияти бонкҳои ҳамкор тавсия дода шуд, ки шароитҳои қарздиҳиро барои соҳибкорони содироткунанда осонтар намоянд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз 3 маротиба зиёд будани воридоти маҳсулот нисбат ба содирот изҳори ташвиш кард ва афзуд, ки имруз ҳамкории мақомотҳои хизматрасон ва соҳибкорон бояд бе монеъа бошад. Абдураҳмон Қодирӣ аз соҳибкорони содироткунандаи вилояти Суғд, ки шумораашон ба 5000 нафар мерасад, даъват намуд, ки то омода шудани зардолуҳои вилоят, дар ҳамкорӣ бо вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба содироти сабзавоту полезиҳо машғул шаванд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки давоми давоми ду ҳафта ситоди назоратии раванди содирот ва Равзанаи ягона дар истгоҳи роҳи оҳани минтақаи Ҷаббор Расулов ташкил карда шавад, то ки дар мавсими содирот соҳибкорон аз ташвишҳои иловагии ҳуҷҷатгузорӣ озод бошанд. Ҳамчунин барои эҳёи бозори наздисарҳадӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя мутасаддиён вазифадор гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh