Шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни як боздид бо ҷараёни корҳои ободонӣ, кабудизоркуниву гулпӯшнамоӣ ва фаъолияти Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” шинос шуд.

Зимни боздид Раиси вилоят сараввал вориди Осорхонаи таърихии вилоят шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин боргоҳ наздик 2000 нигораҳо маҳфуз буда, таърихи дирӯзу имрӯзи халқи тоҷикро инъикос менамоянд. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мақоми сазовори худро касб намуда, сол аз сол ташрифи сайёҳон ба ин кишвари зебоманзар зиёд мегардад. Айни замон кормандону мутахассисони осорхона дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилоят боз як толори навро, ки минбаъад дар он либосҳои миллӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ҷой дода мешавад, омода месозанд. Раиси вилоят зимни шиносоӣ дастур дод, ки бояд дар ин толор сару либос ва ҳунарҳои дастии мардуми тоҷик аз даврони қадим то ба имрӯз ба таври хоса ва дизайни ҷолиб ҷой дода шавад то ҳар як меҳмон бо урфу одат ва маданияти волои тоҷикон ошноӣ пайдо намояд. Ҳамзамон роҳбаладон низ ба худ сару либоси миллиро ба бар намуда, тариқи ду се забон гуфтугӯ намоянд ва ҳар як меҳмони ташрифоварда бо таасуроти рангин аз ин макон берун шавад. Дастур дода шуд, ки толори мазкур бояд то моҳи августи соли равон ба фаъолият шурӯъ намояд ва барои ин роҳбарияти вилоят ҳамаҷониба осорхонаро дастгирӣ менамояд.

Бо фарорасии фасли баҳор дар тамоми қаламрави вилоят, хоса шаҳри Хуҷанд, корҳои ободониву бунёдкорӣ ва гулзор намудани кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои истироҳативу фароғатии сокинон вусъати тозаро  касб намудааст. Аз ҷумла, имрӯзҳо Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, ки ба як макони истироҳату фароғатии сокинон табдил ёфтааст, гулпӯш ва кабудизор гардида, ба кас рӯҳу ҳаловати тоза мебахшад. Фаъолияти мунтазами фаввораҳо, гулдонҳои лабрез аз гулҳо, насби паррандаҳои рамзӣ, аз қабили товус, ороиши назди роҳравҳо бо гулу буттаҳои баҳорӣ ва ғайра диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни шиносоӣ ба масъулин дастур дод, ки тамоми ҳудуди боғ бояд ороиш дода шавад, то дар зеҳни ҳар як меҳмони ташрифоварда таасуроти аҷибе аз ин макон боқӣ монад. Дар ин замина насби моникенҳои бо либосҳои миллӣ (аз атласу адраси тоҷикӣ)  ороишёфта мувофиқи мақсад дониста шуд. Дастур дода шуд, ки  фаъолияти мунтазам ва босифати фаввораҳо ба роҳ монда шуда, дар ҳудуди боғи маҷмаа нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ, аз қабили дӯкони фурӯши обҳои ташнашикан, яхмос, таомҳои миллӣ ва ғайраҳо таъсис дода шавад. Таъмири ҷории роҳравҳо ва тамоми ҳудуди боғ, бунёди ҳуҷраи либосивазкунӣ барои ҳунармандон дар пушти саҳна, мондани гулҳои ороишӣ дар дохили кӯзаҳо, кабудизоркунӣ, шинонидани буттаҳои ҳолландӣ, чароғонкунӣ, насби навиштаҷот оиди таърихи Қалъаи Хуҷанд, ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ аз зумраи дастуру супоришҳои дигари роҳбарияти вилоят ба масъулини соҳа буд.

Дар Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ бошад утоқи махсуси дастхатҳои нодир таъсис ёфтааст, ки ҳар як сайёҳи хориҷиро бо қадимтарин мероси ниёгон ошно месозад. Раиси вилоят тавсия дод, ки дастхатҳо бояд бо дарназардошти қадимият ва арзиш ҷойгир карда шуда, дар утоқ мизу курсӣ барои мутолиа гузошта шавад. Зимни шиносоӣ бо боғи меваҳои шаҳдбори ҳавлии Камоли Хуҷандӣ аён гардид, ки аллакай аксари ниҳолҳо ба ҳосил даромадааст.

Дар анҷоми боздид Раиси вилоят роҳбарият ва масъулини Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-ро муваззаф намуд, то фаъолияти бонизоми маҷмааро ба роҳ монда, дар мавсими нави истироҳату фароғат барои сокинон ва сайёҳони хориҷӣ шароити беҳтаринро муҳайё намоянд.    

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh