Каҷравӣ баъди ҳаҷравӣ

Баъди он ки синни ба ҳаҷравӣ аз 40-солагӣ боло муқаррар гардид, аксар сокинон лаб ба шикоят кушоданд, ки гӯё чунин иқдом ҳуқуқи фитриашонро зери по мекунад. Аммо, ҷанобон, ҷавонҳоҷиён, хонумон ва ҷавонҳоҷиояҳо! Магар дилатон тоқат мекунад, ки шумои ҷавон даҳҳо маротиба ба ҳаҷ раведу бечора пирсолони фартуту назор дар ҳасрати интизори навбати ҳаҷ ба он дунё  раванд?   Оё ҷанобон ва хонумон, магар кафолат доред, ки баъди адои ҳаҷ даст ба гуноҳе намезанед? Ҳол он ки шарти ҳаҷ ин аст, ки баъди соҳиб шудан ба унвони «ҳоҷигӣ» набояд мубтакири гуноҳ шуд. Аммо мутаассифона, ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки баъзе ҳоҷиёни ҷавон баъди адои ҳаҷ ба гили гуноҳу фисқ ғарқанд, ки аз онҳо танҳо номи «ҳоҷигӣ» мондаасту халос.

Ҳафт соли интизорӣ дар навбати ҳаҷ

Ҳалимахон Олимова ном сокини 61-сола се моҳ қабл аз дунё гузашт. Лаҳзаи бемории бистарӣ буданаш ҳангоми сӯҳбат ба банда гуфта буд, ҳанӯз дар синни 54-солагӣ ба шӯъбаи дини шаҳри Истиқлол барои адои фароизи ҳаҷ ариза пешниҳод кардааст. Аз рӯи гуфтаи холаи Ҳалима фаҳмида будам, ки замоне ӯ ариза пешниҳод кардааст, саломатиаш хубу қуввату қудрат дошту он вақт гирифтори диабети қанд набудааст.

-Он лаҳза хеле саломатиам хуб буд, метавонистам бемушкилӣ ба адои фарзи ҳаҷ равам. Аммо, имрӯз баъди ҳафт соли интизорӣ  фишори хунам баланд, диабети қанд дорам,-бо афсӯс иброз дошта буд Ҳалимахон Олимова.

Холаи Ҳалима бо дарди диабети қанд аз дунё гузашт. Зимни сӯҳбат Ҳалимахон Олимова гуфта буд, бо вуҷуди он ки саломатиаш он қадар мусоид набуд, аммо азми ҳаҷро тарк накардааст. Марҳум ҳафт сол мунтазири ҳаҷ буду бо ин ормон аз дунё рафт.

Бояд тазаккур дод, ин гуна афроде, ки мисли холаи Ҳалима дар навбат истодаанд, то 8-10 сол инҷониб интизори навбатанд. Гузашта аз ин, ба ҳамаи хонандагони рӯзнома пӯшида нест, ки имрӯзҳо дар ҷамоату шаҳраку маҳалҳо аксарият ё тариқи ошнобозӣ ё бо роҳҳои додани ришваву ҳадя навбаташонро пештар мегиранд ва ба зиёрати ҳаҷ мушарраф мешаванд.

Чунки, чунин сарусадо кайҳо расонаӣ шудааст, гӯё дар тақсимоти роҳхатҳо ба зиёрати  Каъба ғайриодилона ва гоҳе омехта ба фасод сурат мегирифтааст, ки мутаассифона, ягон асрори пӯшида нест. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки бо роҳҳои ғайриисломӣ пештар гирифтани навбати ҳаҷ фарзи адои ҳаҷ мақбул мешавад?

Каҷравӣ дар авҷ аст

Аммо як чизи дигар низ ҳаст, ки вақте як нафар тавассути фасод навбаташро пештар дастёб мешавад, нафаре, ки солҳо интизори навбат нишастааст, дар изо мемонад, маъюс мешавад, ки ин амал ҳаром аст.  Аксарияти фуқаҳои исломшинос таъйид мекунанд, ки бо роҳҳои ғайриисломӣ як амали муқаддаси исломиро анҷом додан кори хубе нест.

Ин як самти мавзӯъ аст, аммо самти дигар он аст, ки  баъзе ҳоҷиён ҳатто даҳҳо маротиба зиёрати хонаи Худо намудаанд, аммо аксари шаҳрвандон солҳо дар навбат истода, наметавонанд, ки номаи муҷаввизро ба даст оранд. Мо намегӯем, ки тамоми озимони хонаи Худо бо роҳи додани ришва ба ҳаҷ мераванд, аммо, ба афроде, ки даҳҳо маротиба бидуни мамониат навбаташон мерасад, чӣ тафсире метавон ёфт?

Дар аҳкоми шариати Ислом омадааст, ки додани пора дар ҳама ҳол ҳаром аст. Аз ҷумла, барои пештар дастёб шудан ба навбати ҳаҷ низ додани пора, ҳадя ва ошнобозӣ аз ҷумлаи унсурҳои фасод ва ё худ коррупсия ҳисобида шуда, тамоми қавонини исломӣ чунин амалро ҳаром мешуморад.

Олими шариатшинос Алиҷон Шарофов таъкид мекунад, ки дар иҷрои умури динӣ вуҷуд доштани фасод амали савобро барҳам медиҳад.

-Имрӯз аз сабаби он ки солҳо довталабон ба адои ҳаҷ дар навбат меистанд, барои пештар аз дигарон соҳиб шудан, ҳатто додани ҳадя ҳаром аст. Ҳадя низ дар шариат барои иҷрои коре фасод маҳсуб мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақсуде вуҷуд надошта бошад,-мегӯяд Алиҷон Шарофов,-дар идомаи сӯҳбат илова кард, ки додани пора барои пештар гирифтани навбати ҳаҷ ҳаром аст.

Пас, дар ҳоле, ки ришваву пора дар Ислом ҳаром ҳисобида шавад, чӣ гуна метавон бовар кард, ки навбати ҳаҷи онҳое, ки тариқи пора пештар гирифта шудааст, то кадом сатҳ дуруст мебошад?

Рафтан ба ҳаҷ танзим шуд

Аксари мусоҳибон бар ин назаранд, ки дарҳам-барҳамии навбатпойии мавсими ҳаҷ то ҷое расида буд, ки аксарият то замони расидани навбаташон ба он дунё рахти сафар мебанданд, ки ормони ҳаҷравияшонро бо худ ба гӯр мебаранд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунҳои ҷорӣ ҳар шаҳрванде, ки синнаш аз 18-сола боло аст, ҳуқуқи ба ҳаҷ рафтанро дорад. Аммо, имрӯз ҳамаи мо ошкоро медонем, ки баъзеҳо баъди адои маросими фарзи ҳаҷ ба ҷои тавбаву тазаррӯъ пеш овардан, боз даст ба амалҳои ношоиста мезананд, ки як андоза ба унвони «ҳоҷӣ»-гӣ доғ меорад. Дар сӯҳбатҳои хос мешунавем, ки фалонӣ баъди ҳаҷ боз ба зинокориву шаробхорӣ мисли пештар машғул аст.

Коршиноси масоили динӣ Алиҷон Шарофов чунин амалро нораво ва муқобили аҳкоми шариати Ислом дониста мегӯяд:

-Адои ҳаҷ намудан мазмуни аз гуноҳ пок шудан аст, ки ҳар зоири хонаи Худо баъд аз адои ҳаҷ ба ҳукми кӯдаки бегуноҳ шомил мешавад. Тасаввур кунед, фарде, ки хонаи Худоро дидааст, ба ӯ ваъдаи қаблии худовандӣ аст, ки баъди ҳаҷ ҷамиъи гуноҳаш бахшида мешавад, баъди чунин иноят бо кадом ақл даст ба гуноҳ мезанад?

Мо низ бисёр мешунавем, ки баъзе аз ҳоҷиён баъди зиёрати хонаи Худо низ мисли пештар ба шаробхориву зинокорӣ ва дигар корҳои ғайриисломӣ даст мезананд. Валлоҳу аълам, аммо ақл ҳукм мекунад, ки гуноҳи чунин афрод бахшида намешавад ва як гуноҳаш даҳчанд ба номаи аъмолашон дарҷ мегардад,-мегӯяд зимни сӯҳбат Алиҷон Шарофов.

Бармеояд, ки аксари онҳое баъди адои ҳаҷ ба гуноҳҳои қаблиашон идома медиҳанд, ки синнашон то 40 сола бошад. Пас, дар ин сурат қарори он, ки синни озимони ҳаҷ аз 40-сола боло муқаррар шуд, айни муддаост. Аз ин ҷост, ки ба ақидаи мо онҳое сараввал бояд ба ҳаҷ раванд, ки аз 40-сола боло бошанд.

Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб

Ин дар ҳолест, ки Абдусабур Мадалиев ном соҳибкори шаҳри Исфара маблағи ҳаҷашро ба тӯйи хатнасурии наберааш сарф карда, тӯйро дар бемористони касалии рӯҳии шаҳри Исфара гузаронидааст.

Тибқи иттилои сармуҳаррири рӯзномаи «Насими Исфара» Абдумуталиби  Шарифзода соҳибкори маҳаллӣ Абдусабур Мадалиев  дар бемористон бо як дег ош ва дигар лавозимоти зиёфатро ба беморон тақдим намудааст. Иқдоми соҳибкор Абдусабур Мадалиев шоистаи дастгирист, ки бовар дорем, ин гуна афрод ҳаҷ нарафта ҳам савоби ҳаҷро соҳиб мешаванд.

Мисоли дигари барҷаста сокини 67-солаи ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Саидмурод Саидов маблағи сафари ҳаҷи худаш ва азони ҳамсараш Хосият Саидоваро, ки маҷмӯи 7000 доллари ИМА аст, барои мумфарши роҳи ҷамоат ихтисос додааст.

-Ман ҷавобан ба некиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдат–Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафари ахирашон ба ноҳияи Мастчоҳ маблағи ҳаҷи худам ва ҳамсарамро барои мумфарш кардани роҳи бисёр харобгаштаи кӯчаи Исомиддин Солеҳов ҷудо кардам. Чунки агар ман ҳаҷ раваму роҳҳо нообод, ҳамсояам гурусна ва ё ягон проблемаи дигар бошад, бовар дорам, он ҳаҷ бароям мақбул намешавад,-мегӯяд зимни сӯҳбат Саидмурод Саидов.

Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил гуфтааст:

Ба завқи Каъба магзар аз тавофи кулбаи Маҷнун,

Зи дил ҳар ҷо сувайди ҷӯшзан дорад зиёратҳо.

Фидокории ин ду мардро дида, бо такя ба гуфтаи Бедил  кас ба хулоса меояд, ки дар ҳақиқат ба ҳаҷ нарафта ҳам савоби ҳаҷҷи акбарро дар Ватан соҳиб шудан мумкин аст.

Агар ба воқеият назар кунем, Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон аз 6000 квота зиёд ҷудо намекунад ва бо зиёд кардани ин адад, бовар дорем, ки кӯшишҳо беҳуда буда, наметавонад, ки навбатпоии ҳаҷро кам созад. Бинобар ин, имрӯз аксарият аз қарори нави Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон норизоянд, гуфтанием, ки ба назар гирифтани чанд нукта ин қарор оқилона қабул шудааст:

Нахустин, аз ҳисоби онҳое, ки аз 40-сола поён ба ҳаҷ манъ карда шуд, синну соли аз 40-сола боло навбатпоияшон камтар гардид, то андозае навбати дурудароз ва интизориҳои навбати ҳаҷ аз байн рафт.

Сониян, синну соли 40-солагӣ на синну соли ҷавониест, ки инсон нафси бад дошта бошад, чунки дар ин синну сол ақли инсон комил мешавад. Гузашта аз ин, чунин синну соли солор чӣ будани мазмуни ҳаҷро медонад. Вагарна, садҳо ҳоҷиёне ҳастанд, ки ҳашткаратаву даҳкарата ба ҳаҷ рафтаанд, аммо ҳазорҳо нафари дигар интизори навбат солҳо чашмбароҳанд.

Ҳамзамон, як чизи муҳимро бояд ба назар гирифт, ки ҳатто Паёмбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (а) дар синни 40-солагӣ рисолатро ба даст гирифт ва ин мазмуни он аст, ки инсон баъди ба 40 расиданаш маънии ишқи Худову муҳаббати имонро дурусттару чуқуртар мефаҳмад. Бовар дорем, ки чунин иқдом ба иззати нафси касе намерасад ва инро метавон танҳо барои ба танзим даровардани мавсими ҳаҷ истифода бурд.

Гузашта аз ин, бояд иқдоми Абдусабур Мадалиев (Исфара) ва Саидмурод Саидов (Мастчоҳ) барин соҳибкорони маҳаллӣ ба таври густарда ташвиқу тарғиб карда шавад, то дигарон низ бидонанд, ки савоби ҳаҷҷи бузургтарин дар Ватан аст.

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз…

Муқаррароти навини ҳаҷро шаҳрвандони синну соли то 40-сола номақбул ва нохушоянд қабул карданд.  Албатта дуруст аст, ки дар ин сурат ҳуқуқи фитрии шаҳрвандони то 40-сола поймол мегардад. Аммо, барои танзими навбати ҳаҷ ва аз байн бурдани нофаҳмиву навбатпоиҳои деринтизор дигар чорае боқӣ намемонад.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, як нафари калонсоли тақрибан 60-сола солҳо дар интизори навбати ҳаҷ ба дами марг мерасаду аммо як нафари дигар ҷавони тақрибан 20-28 сола дар кӯтоҳтарин фурсат навбати ҳаҷашро ба даст меорад. Албатта чунин пешомад боиси хориву залилии пирон гардида, аз ҷониби ҷавонон нисбати пирон беҳурматӣ ҳисоб мешавад.

Якчанд нуктаҳо вуҷуд доранд, ки метавонад барои манъи рафтан ба адои маросими ҳаҷ ба онҳое, ки синну солашон то 40-сола мебошад, қобили қабул аст.

1. Аксарияти ҷавонон нафси худро баъди ҳаҷ низ идора карда наметавонанд ва дар чунин синну сол ҷавҳари савобу амали гуноҳро аз ҳамдигар қобилияти ҷудо кардан надоранд, ки баъзеҳо баъди гирифтани унвони «ҳоҷӣ»-гӣ низ ба гуноҳ ғарқ мешаванд.

2. Аз ҳисоби он, ки ба ҷавонон то синни 40-солагӣ адои ҳаҷ манъ гардид, пирон бемалол ва қариб, ки бенавбат ба ҳаҷ мераванд. Дар ин сурат, ҳурмати калонсолон низ ба ҷо оварда шуда, навбатпоияшон то замони пири фартуту бемор ва барҷоймонда шуданашон тӯл намекашад.

3. Имрӯз аксари онҳое, ки дар гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ аъзо шудаву дар мамолики араб қарор доранд, то 40- сола мебошанд. Аз ин хотир, Ҳукумат ва дигар мақомоти дахлдори кишвар хотирҷамъ мешаванд, ки эҳтимолияти ба баҳонаи ҳаҷ рафтан дар кишварҳои ҷангзадаи араб ба сифати муҷоҳиди зархарид боқӣ намемонанд. Бо ин роҳ кам бошад ҳам эҳтимоли ба гурӯҳу ҳизбҳои экстремис-тиву террористии ба ном Ислом шомил шудани ҷавонон аз байн меравад.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh