Навбати ман ҳам омад, Модар!...

Хоки поки Ватанро содиқона муҳофизат мекунем, Хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии мост! - Бо чунин шиору овезаҳо ҷавонони шуҷоатманду далери вилояти Суғд, баҳри хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми он дар Амфитеатри ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъ омада буданд.

Дар ин рӯз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз иқдоми наҷиб ва ватандӯстонаи ҷавонони вилоят изҳори хушнудӣ намуд. Ҳамчунин, зикр дошт,ки ҷавонони бонангу номус ва шуҷоатманди вилоят, имрӯз қарзи шаҳрвандии худро дарк намуданд ва  дар рӯзи аввалин гусели наваскарон 62 фоизи нақшаи даъват таъмин гардид. Самараи пойдории сулҳу ваҳдат аст, ки имрӯз ҷавонон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раҳсипор шуда истодаанд, қайд намуд Раиси вилоят. Зеро онҳо аз шароити хуби хизмат огоҳанд.

Яъне, 6-уми апрел 1500 нафар ҷавонони бонангу номуси шаҳру ноҳияҳои вилоят ихтиёрӣ  баҳри адои хизмати  Ватан-Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гуселонида шуданд.

Назарзода Назар Бадал- комиссари ҳарбии вилояти Суғд, зимни сӯҳбат қайд намуд, ки дар рӯзи аввали даъват шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ ба пуррагӣ нақшаи даъватро сарбаландона иҷро намуданд. Ноҳияҳои Шаҳристон, Спитамен, Деваштич, Ашт ва Гулистон бошанд нисфи зиёди нақшаи даъватро таъмин намуданд. Мардуми сарбаланди вилоят ва ҷавонони ватандӯсти он қарзи фарзандии худро дарк намуда, дар рӯзҳои наздик нақшаи даъват ба пуррагӣ иҷро хоҳад шуд.

Зиёмуҳаммад Хоҷизода - наваскар гуфт, бояд ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар барои химояи шаъну шараф ва марзу буми Ватани азизи хеш содиқона хизмат намояд, Ватани аҷдодии худро бо тамоми ҳастияш аз дилу ҷон дӯст дошта, ба ҳимояи он доимо тайёр бошад. Зеро хизмати Ватан - Модар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди кишвар ба ҳисоб меравад. Ояндаи Ватани азизамон дар дасти мо, ҷавонон аст.

Насруллоҳ Нозимов , падари наваскар Наҷибуллоҳ Нозимов аз шаҳри Исфара будааст. Фарзандаш бо хоҳиши худ, аввалин шуда барои ихтиёри ба хизмати Ватан рафтан  ариза додааст. Бояд ҳар як ҷавонписар хизмат намояд, ки хизмат дар сафи артиш  мактаби мардонагӣ ба ҳисоб меравад. Ман ҳамчун омӯзгор гуфтаниям, ки бояд ҳар як нафар саркашӣ накарда, барои ободии Ватани азизи худ ва ҳимояи он хизмат намояд. Писарам ҳанӯз санаи 13 - уми феврал ба комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара омада, барои хизмат ба Ватан аризаи худро дода буд. ӯ аз даврони кӯдакӣ орзу дошт, ки барои хизмат ба Ватан меравад. Имрӯз ман шукрона мекунам, ки фарзандам ба орзӯи худ расид.

Ҷумъабой Бобоҷонов - падари наваскар аз ноҳияи Спитамен - фарзанди ман Абдуғаффор имрӯз ба хизмати Ватан - Модар меравад. Ман хушҳол аз он ҳастам, ки барои адо намудани қарзи фарзандию шаҳрвандии худ рафта истодааст. Бо шарофати сулҳу субот шароитҳои хизмат хуб аст. Бояд ҷавонон аз хизмат  наҳаросанд, барои солимии ҷомеа ва барои давом додани анъанаи аҷдодони худ хизмат намоянд. Ман фахр мекунам, ки имрӯз сеюмин фарзандам барои хизмат ба Ватан - Модар ва баҳри адо намудани қарзи шаҳрвандии хеш равона аст.

Ҷалолбой Дӯстматов-сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: - Ман имрӯз ба ин ҷашнгоҳи бузург барои гуселонидани набераам омадаам. Набераам мехост, ки хизмати Ватанро адо намояд. Имрӯз фахр аз он дорам, ки дар қатори дигар ҷавонони далеру шуҷоъ набераи ман низ ҳаст.

Ҳисси баланди ватандӯстии Фаридун Мамадҷонов буд, ки имрӯз худи ӯ ба хизмати Модар- Ватан рафта истодааст. Ҳимояи марзу буми кишвар  вазифаи  мардон аст  ва инсон дар хизмати ҳарбӣ   қадри сарзамин, обу хоки он,  қадри Падару Модарро дарк мекунад.  Ман  ният доштам, ки баъди хатми мактаби миёна бояд хизмати Ватанро иҷро намоям. Шукр мекунам, ки дар қатори дигар ҷавонон ман низ соҳиби номи пуршарафи сарбоз мегардам,- мегӯяд ӯ.

Модарон дар саҳни Амфитеатр маросими нонгазонӣ гузарониданд, то наваскарон сиҳат рафта, саломат бозгарданд.  

Би китфи ҳар яке ту орд пошидӣ гуселондӣ,

Дуо кардӣ, ки мисли орд бошад роҳашон испед…

Расид навбат маро ҳам дар раҳи хизмат гуселондӣ…

Маросими  гусели аввалин даъватшавандагон бо барномаи пурмӯҳтавои консертӣ баргузор гардид. Ҷавонон бо хушнудӣ ва рақсу бозии худ шукрона менамуданд, ки дар Ватани тинҷу ором зиндагӣ намуда истодаанд. Сипас, дар чойхонаи мӯҳташами  Қасри Арбоб баҳри  даъватшавандагон дастурхони идона ороста шуда,  дар фазои мутантан ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд. 

 

 

Истамҷони НАҶМИДДИН
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh