ҚАДАМИ МУБОРАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ФУЗУНИИ ФАЙЗУ БАРАКАТ!

Таассуроти мардуми вилоят аз сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Суғдзамин

- Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара баробари кушодани саҳифаи нави таърихӣ дар рушди ин минтақа таҳрикгари мардум ба ободониву созандагии дучанд буд. Зеро дар баробари соҳиби мошинҳои ёрии таъҷилии тиббии замонавӣ шудани беморхонаҳои деҳаҳои дурдасти Воруху Чоркӯҳ ва Чилгазӣ бо дастури Сарвари давлат давоми як соли оянда Осоишгоҳи “Зумрад” васеъ гардида, дар ин ҷо биноҳои нави табобатӣ бунёд карда мешаванд. Интизор меравад, ки  имконияти осоишгоҳ аз 500 кат ба 1000 кат расонида шавад.

Аз дигар тараф ҳарчанд соҳибкорон ҳамеша саҳми худро барои ободиву зебоии диёр мегузоранд, аммо маҳз туфайли ташрифи имсолаи Пешвои миллат ташаббускориҳои онҳо бештар рӯи кор омада, аксарият бо хоҳиши худ барои ободии Исфара саҳми шоиста гузоштанд. Масалан, агар соле қабл бо роҳи баргузории телемарафон ва давоми беш аз се моҳ як қисми  кӯпруки марказии болои дарёи Исфара таъмиру тармим гардида бошанд, ба шарофати омадани Президенти мамлакат бо маблағгузории соҳибкори дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта Исроил ӯлмасов кӯпрӯки марказӣ пурра таъмиру васеъ карда, бари он  аз 14 метр ба 22 метр расонида шуд. Инчунин даҳҳо иншоотҳои хизматрасониву истеҳсолӣ бунёд гардиданд. 

Абдумуталиб ШАРИФОВ, сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара

-Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва таъмини рушди ояндаи он пайваста дар сатҳи мақомоти иҷроия корҳои зиёде ба иҷро расонида шуда бошанд ҳам, зарурияти роҳандозии як механизми махсус ба миён омада буд.

Дар ин доира пешниҳоди таъсиси Маркази хизматрасонии «Бизнес-инкубатор» ва Равзанаи ягонаи хизматрасонӣ, ки соҳибкор тавонад дар як вақт ҳам тиҷорати худро таъсис намояд ва ҳам барои пешбурду рушди ояндаи он дастгиру муттако пайда намояд, ба миён омаданд.     

Дар доираи вазифаҳои корӣ роҳбарияти шаҳр маро муаззаф намуда буданд, ки дар бинои навбунёди соҳибкор Файзулло Нуриллоев оиди таъсиси Маркази хизматрасонии «Бизнес-инкубатор» ва Равзанаи ягонаи хизматрасонӣ, ки талаби давру замон аст, корбарӣ намоям.

Дар мӯҳлатҳои муқарраршуда марказҳои мазкур таъсис ёфтанд ва ба истифодадиҳии он дар аснои сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост омад.

Санаи 24-уми марти соли 2016 барои ман воқеан ҳам рӯзи фаромӯшношуданӣ аст, зеро он рӯз ба ман шарафи бузурги муаррифии марказҳои мазкур ба Пешвои миллат даст дод.

Бовар кунед, вақте Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди бино гардиданд ва дасти маро фишурданд, маро эҳсосоти нотакроре фаро гирифт. Гӯиё ба ҷойи Дил Офтобро дар тани ман ҷой карданд. Дар Дили ман ягон зарра ҳам доғу ноҳинҷорӣ дигар набуд. Чунон равшан, чунон пурҷило буд.... медурахшид...

Маъруф  БУЗУРГХӮҶАЕВ, мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

-Наврӯзи имсола барои сокинони шаҳру деҳоти Исфара хеле хотирмон ва таърихӣ буд, зеро дар доираи ҷашнгирии ин иди байналхалқӣ ба шаҳри Исфара сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд ҷараён гирифт.

Хурду бузурги шаҳри Исфара бо азму иродаи нек дар назди Майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки гурӯҳи соҳибкорони ватандӯст маҷмааи мӯҳташами хизматрасониро бунёд кардаанд, ҷамъ шуда, Сарвари хирадманди хешро бо хушнудӣ пазироӣ карданд.

Аснои мулоқот Роҳбари давлат аз меҳру муҳаббати худ нисбат ба шаҳри Исфара, мардуми меҳнатписанду ташаббускори он бо садоқатмандӣ сухан карда, мардумро ба меҳнати фидокорона ва шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол даъват намуданд. Президенти мамлакат аз мусоид омадани обу ҳаво ва ҳосили фаровони имсолаи зардолу, ки ифтихори мардуми тоҷик аст, хушҳолӣ карда, супориш доданд, ки анъанаи хуби парвариши зардолу ва содироти онро ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ ҳам ба роҳ монанд.

Воқеан, қадами мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар куҷое, ки расад, дар он ҷо албатта ободӣ, пешравӣ ва хушҳолии мардум эҳсос карда мешавад.

Сабурхон АМОНУЛЛОЕВ, мудири бахши фарҳанги шаҳри Исфара

Дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият ҷиҳати ислоҳот ва таҷдиди соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон имкони васеъ фароҳам овард ва деҳқон соҳиби аслии замин шуда, меҳр бар замин баста, бо амри дил меҳнат мекунад. Агар соли 2014 теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 1300 ададро ташкил дода бошад, пас дар натиҷаи ислоҳоти соҳа дар ноҳия алҳол беш аз 5000 хоҷагии деҳқонӣ ташкил ёфта, фаъолияти пурсамар доранд. ҳамасола дар майдони 10-12 ҳазор гектар пахта кишт шуда, қиёсан 25-30 ҳазор тоннагӣ ҳосил ҷамъ оварда мешавад.

Бар замми ин деҳқонони мо дар парвариши зироати чормағзи заминӣ таҷрибаи бой доранд. Соли 2015 дар ноҳия зиёда аз 415 ҳазор тонна чормағзи заминӣ истеҳсол ва содирот карда шуд. Соли равон дар майдони 60 гектар замин боғи сиёҳолуи содиротӣ бунёд гардид, ки дар оянда ҳудуди он ба 500 гектар расонида мешавад.

Тибқи супориши Президенти мамлакат дар ноҳия истеҳсоли зироатҳои полезӣ зиёд ва содироти он ба роҳ монда шуд.  ҳамасола дар майдони 2000 гектар полезиҳо кишт гардида, наздик 50 ҳазор тонна харбузаву тарбузи шаҳдбор истеҳсол мешавад. Алҳол бо маҳсулоти полезии Мастчоҳ бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят, пойтахти кишвар таъмин мегарданд ва  то ба кишварҳои Афғонистону Федератсияи Россия содирот мешавад, ки муаррифгари файзу саховати замини зархезу меҳрпарвари Тоҷикистони азизро баёнгар аст. ҳамзамон, соли равон бо дастгирии Пешвои муаззами миллат барои иваз намудани 3 муҳаррики пойгоҳҳои обкашии «Дилварзин- 2» ва таъмири он аз буҷети давлатӣ 4 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки дар натиҷа боз зиёда аз 2000 гектар заминҳои ноҳия обшору ҳосилхез ва ризқрасони мардум мегарданд.

Аз ин иқдому ташаббусҳои Роҳбари давлат мо, кишоварзон рӯҳбаландем ва боз ҳам талош меварзем, ки дар амалӣ гаштани таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор бошем.

Сангин ҲОМИДОВ,ноҳияи Мастчоҳ   

Арзи сипоси худро аз номи соҳибкорони вилояти Суғд ба Пешвои миллат – Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва  ғамхории пайвастаашон баҳри рушди соҳибкорӣ,  бахусус  соҳибкории хурду миёна дар кишвар ва дар ин замина фароҳам овардани фазои мусоид барои таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ изҳор менамоям. Ман бо сарфарозӣ мегӯям, ки имрӯз барои мо - соҳибкорон ва сармоягузорон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит хуб аст.  

Шомил гардидани  Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии савдо барои мо соҳибкорон падидаи нек буд. Ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ, эълони моротория ба ҳамагуна  тафтишоти субъектҳои соҳибкорӣ ба рушду нумӯи соҳибкорӣ,  хусусан  соҳибкории истеҳсолӣ такони бузург бахшид.

Соҳаи сохтмон яке аз соҳаҳоест, ки таи солҳои охир бо суръати тез рушд ёфта,  дар пешрафти иқтисодиёти кишвар нақши калон дорад.

Солҳои охир ҳазорҳо оилаҳои тоҷик дар ҳар шаҳру навоҳии Тоҷикистон соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлиги гаштаанд ва соҳиби хона шудаанд, ки ин боиси баланд  гардидани сатҳи иҷтимоии халқ аст.  Мо, ки дар соҳаи сохтмон фаъолият мебарем, ҳамарӯза хурсандии мардумро мебинем, ки соҳиби манзили истиқомат шуда, аз ҳукумати ҷумҳурӣ беандоза миннатдоранд.

Ба кор шурӯъ намудани боз як коргоҳи истеҳсоли семент бо номи «Хуаксин Fаюр - Суғдсемент» дар вилояти Суғд падидаи хуб буда, ба рушди соҳаи сохтмон таъсири мусбӣ хоҳад расонд. ҳоло замоне фаро расидааст, ки мо тоҷикистониён ба ҳама собит намуда, маҳсулоти дорои сифати баланд истеҳсол карда метавонем. Агар солҳои пеш семент ҳамчун маводи асосии сохтмон аз хориҷи кишвар ворид мешуд, ҳоло  дар ҳар гӯшаву канори кишвар биноҳои наву замонавӣ қомат афрӯхта истодаанд, ки бо истифодаи сементи ватанӣ сохта шудаанд. Имрӯз маҳсулоти ватанӣ дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналхалқӣ  аст, зеро истеҳсолкунандагони ватанӣ дар назди ҷамъият ва халқ масъулият ҳис мекунанд ва кӯшиш менамоянд  маҳсулоти беҳтарро пешкаш намоянд.  

Боиси хушнудист, ки расо чор  сол муқаддам  нахустин дар Тоҷикистон Корхонаи нави истеҳсоли профилҳои пластикии «Равзана пластик» ба  роҳ монда шуд, ки  Президенти мамлакат ба фаъолияти он  расман ҳусни ифтитоҳ бахшида буданд. Дар тӯли чор соли фаъолият коргоҳ аксари истеҳсолкунандагони дару тирезаҳои пластикиро бо  маҳсулоти ватанӣ таъмин намуда истодааст. ҳамзамон, мо маҳсулотамонро ба хориҷи кишвар содирот мекунем ва хатти истеҳсоли резинро ворид ва насб намудем. Акнун бо маънии том гуфта метавонем, ки истеҳсоли дару тирезаҳои пластикиро дар Тоҷикистон пурра бо ашё ва маводи ватанӣ таъмин кардан мумкин аст. 

Ҷавобан  мо - соҳибкорон ин ғамхориҳои Сарвари давлат, сиёсати созанда ва ташаббусҳои ободкоронаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, баҳри ободу зебо гаштани Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода истодаем. Ман   шахсан аз ҳисоби худ дар ҳудуди мактаби таҳсилоти умумии рақами 23-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров  барои мактаббачагон толори варзишии замонавӣ бо 150 ҷои нишаст сохта ба истифода додам.  

Илҳом Сангин, соҳибкор, роҳбари  ширкати сохтмонии «Равзана» ва муассиси коргоҳи истеҳсолии «Равзана-пластик»  

Add comment


Security code
Refresh