Натиҷаи сафари Президенти Тоҷикистон - манфиати мардум

 

Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти  Љумњурии  Тољикистон, муњтарам Эмомалї  Рањмон  ба  кишварњои Аврупо,  воќеъан  њам  як  зарбаи  сахте ба наҳзатиҳои террорист ва ифротиёни Гуруҳи 24 мебошад.


 

Ин тудаи табоҳкори хоини  миллат њазор доду вой бардоранд,  дарњои  созмонњои  гуногуни  њуќуќи  башар ва ѓайраро кӯбанду худро бегуноҳу бечора ҳам нишон диҳанд, дар  кишварњои Аврупо    паноњандагї  љўянд, ҳар қадар дуруғпароканӣ кунанд ва туҳмат зананд ҳам, дигар  фоидае  надораду дар ин мубориза кайњост дучори  маѓлубият  шуданд.

Кишварњои  Аврупо,  созмону  намояндагињои  онњо  Љумњурии  Тољикистонро  њамчун субъекти мустаќили муносибатњои  байналмилалї  шинохтаанд. Ба ин  масъала  бори дигар  дар вохўрии  Президенти  Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ва вакилони   Порлумони кишвар бо  вакилони Порлумони Аврупо  дар раъси Фулвио  Мартучелло, ки 31 октябр – 1 ноябри соли 2019 дар шањри  Душанбе  доир  гардид, низ  ишора карда  шуд.

Хоинони миллат, аз ҷумла наҳзатиҳо бояд  фаромўш  накунанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил имрӯз тамоми қудратро барои истодагарӣ дар муқобили душманон ва маҳв сохтани онҳо дорад. Мисоли равшан, амалиёти махсуси рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ аст, ки зимни он сохторҳои қудратии кишвар дар муддати кутоҳ тавонистанд як гурӯҳи калони террористии ДИИШ-ро безарар намоянд. Яъне ҳар гуна душманеро, ки нисбат ба Тоҷикистон нияти бад дорад ва амали душманонае анҷом доданӣ мешавад,  чунин подоши амал интизор аст.

М. Кабириву тарафдоронаш хурсанд  буданду љор  мезаданд,  ки  бо  паноњанда шуданашон  гуё Аврупо  пурра  тарафдори онњо  шудаасту   ба  рӯи Тоҷикистон дарвозањои  худро  мебандад. Вале,  ин  дафъа  низ  тирашон  хато  хўрд ва ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Президенти  кишвар  аз ҷониби давлатҳои муҳимтарини аврупоӣ барои анҷом додани сафар даъват гардиданд ва дар сатҳи олӣ истиқбол гифта шуданд. Сарусадоњои  наҳзатию бистучориҳо дигар њамааш  бефоида  аст. Дигар роњпаймої  мекунед  ё  намекунед, дасту по мезанед, фарќ  надорад. Аз тарафи дигар ин гуна амалҳо  барои  Аврупо  як кори муќаррарї  асту кассе эътибор ҳам намедиҳад. Раҳбарияти давлатҳои Аврупо бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд ва ин тарзи амалро барои худ манфиатнок меҳисобанд, ки албатта дуруст аст.

Ёдовар  бояд  шуд, ки Иттињоди  Аврупо  ахиран  нисбати минтаќаи Осиёи Марказї аз љумла Љумњурии Тољикистон, стратегияи нави  сармоягузорињои  худро  ба  кишварњои  минтаќа  ќабул  кардааст. Аз  ин  лињоз, барои пиёда  кардани он танњо  бо  њукумати расмї  робитаи  корї  доранд,  на  бо  ҷинояткорони фирорї.

Бо  итминон  метавон  гуфт,  ки сафари  Пешвои миллат дар  Аврупо муваффақона идома дорад ва анҷоми он бобарор  хоњад  буд. Натиҷаи мулоқотҳо дар сатҳи олӣ ва созишномаҳои ба имзо расида албатта ба манфиати мардумони ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои аврупоӣ мебошад.

 

Ёралии Набӣ

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh