Арзиши консерва чаро гарон шуд?

Амнияти озуқавории аҳолии кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри расидан ба он тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад. Ин аст, ки дар шаҳру навоҳии вилоят танҳо дар 10 соли охир даҳ корхонаи нави консервбарорӣ бо таҷҳизоти замонавии ҷавобгӯ ба талаботи давру замон сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҳамзамон, дар вилоят 8 корхонаи калони консервбарорӣ (дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Б.Ғафуров, Ашт ва Панҷакент) фаъолият дошта, дар якҷоягӣ бо 18 корхонаи хурду миёнаи коркарди меваю сабзавот иқтидори истеҳсоли 246 миллион қуттии шартии консерв-ро доранд. Ба таври дигар гӯем, дар коргоҳҳои вилоят имконияти коркарди 60 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар як сол мавҷуд аст.

Аксарияти корхонаҳои коркард ҳанӯз солҳои 30-40-уми қарни ХХ сохта шудаанд ва бешак, азнавсозии онҳо, аниқтараш ворид намудани таҷҳизоти муосир зарур аст. Вале, барои расидан ба ин мақсад маблағи зиёд лозим аст. Бино ба андешаи мутахассисон, дар сурати наандешидани чораҳои саривақтӣ хатари аз байн рафтани баъзе коргоҳҳо таҳдид мекунад.

Ҷамъияти саҳҳомии "Комбинати консервбарории Хуҷанд"-и маркази вилоят аз қабили чунин коргоҳҳост.

Вале, бо вуҷуди ин, дар давоми 11 моҳи соли равон комбинат тавонист ба миқдори 2 миллиону 932 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот барорад. Минҷумла, коргоҳ 121 ҳазор қуттии шартӣ хамираи помидор, 180 ҳазор қуттии шартӣ афшураи помидор, 693 ҳазор қуттии шартӣ хамираи зардолу, 338 ҳазор қуттии шартӣ хамираи себ, 1 миллиону 552 ҳазор қуттии шартӣ консентрати ангур ва 39 ҳазор қуттии шартӣ мураббо (повидло) истеҳсол кард.

- Нахуст, дар оғози сол, - зикр намуд директори генералии коргоҳ Абдурабӣ Сангинов, - бо хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Б.Ғафуров, Исфара, Ашт, Спитамен ва Панҷакент шартномаҳои тарафайн ба имзо расонида, ба қабул ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ замина гузошта будем. Дар ин давра (мавсими имсола) аз хоҷагиҳои номбурда ҳамагӣ 1150 тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои коркард ва истеҳсоли консервҳо қабул карда шуд.

Аз сехҳои 1, 2 ва 7-уми комбинат танҳо сехи 2-юм фаъолият карда, бо истифода аз сӯзишвории алтернативӣ, ангишт маҳсулот баровард. Барои ин корхона наздик 4 ҳазор тонна ангишт харида шуд.

Маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳ аз ҷиҳати сифат дар рақобат бо маҳсулоти бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат тобовар мебошад. Давоми 11 моҳи соли равон корхона асосан ба давлати Қазоқистон 125 тонна консентрати ангур ва 360 ҳазор қуттии шартӣ шарбати мевагӣ содир намуд, ки то андозае дар масъалаи пардохти хароҷот (нерӯи барқ, андоз, маоши кормандон) мусоидат кард.

Феълан дар анбори комбинат ба маблағи 1 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёр мавҷуд буда, бино бар суст будани бозори фурӯш ва қиммат будани арзиши аслӣ, он сари вақт харидор намеёбад.

Барои арзон кардани арзиши аслии маҳсулоти консерв бошад, арзиши баланди нерӯи барқ, ангишт имконият намедиҳад. Масалан, солҳои қаблӣ як килограмм ангишт бо нархи 24 дирам харида мешуд. Имсол бошад, онро 66 дирамӣ хариданд, ки хоҳ-нохоҳ ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад.

Ҳамчунин, баъзе аз хоҷагиҳои кишоварзӣ меваю сабзавотро бо нархи гарон пешниҳод намуданд, ки дар сурати харидан ва коркарди он арзиши маҳсулоти тайёр боз ҳам гаронтар мешавад. Барои ҳамин ҳам, ба ростӣ, аз харидани чунин меваю сабзавоти гароннарх худдорӣ намудем. Яъне, базаи маводи хом нокифоя мебошад, - гуфт дар фарҷоми сӯҳбат Абдурабӣ Сангинов.

Воқеан, ин ҳама боис гардиданд, ки нисбат ба иқтидори мавҷудаи комбинат имсол консерв кам истеҳсол шавад.

Исломҷон БОБОЕВ

Add comment


Security code
Refresh