Корхонаи забҳи чорво зарур

Дар шумораи №67, аз санаи 2.06.2012-уми рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд" дар ҳаммуаллифии сардори Раёсати назорати давлатии байтории вилояти Суғд Насимxон Камолов ва сардори Раёсати давлатии байтории шаҳри Хуҷанд Мухтор Каримов мақолаи "Забҳи чорво, он бояд дар корхонаҳо коркард шавад"-ро хондам. Дар ҳақиқат, масъалае, ки онҳо бардоштаанд, хеле ба маврид мебошад. Ва хостам, доир ба масъалаи мазкур фикру андешаҳоямро иброз намоям.

Имрӯз дар маҳаллае зиндагӣ дорам, ки дар гирду атрофамон зиёда аз 25 нафар қассоб иқомат доранд ва онҳо дар манзили худашон ба забҳи чорвои калону хурд машғуланд, ки ягон ҳолати санитариву гигиенӣ риоя намешавад. Дар фаслҳои сол, ба хусус тобистони гарм сокинони маҳалро магасҳо, бӯи бади поруи чорво, ба кӯча партофтани боқимондаҳои чорво хеле азият медиҳанд. Инчунин, назди ҳавлиям ба партовгоҳ мубаддал шудааст, ки шахсони номаълум шабонгаҳ партови чорвои забҳшударо, аз қабили каллаву поча мепартоянд. Ман борҳо ба хонаи онҳо рафта, фаҳмонидам, то ки дигар ба ин ҷо напартоянд, ки он оқибати хуб надорад, лекин афсӯс…

Сокинони маҳалла кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки гузарамон, маҳалли зистамон ҳамеша тозаву обод бошад. Инчунин, кӯчаҳоро бо қувваи аҳолӣ мумфарш карда истодаем. Аммо ин ҳама кӯшишу заҳмати сокинонро як зумра ашхос нодида гирифта, беэҳтиромӣ мекунанд. Онҳо бо ин гуна рафторашон, бешарму ҳаё боқимондаи чорвои забҳшударо ба кӯча мепартоянд, ба ғайр аз ҳусни кӯчаро коҳонидан шабҳо сагҳои дайду он ҷо ҷамъ шуда, ба хурду калони маҳалла ҳамла мекунанд. Барои нест кардани ин сагони дайду ягон идора ё шахси масъул чора намеандешанд. Инчунин, маҳаллаамон дар атрофи варзишгоҳи марказии шаҳр қарор дорад. Имрӯзҳо, ки кор дар он ҷо бо маром рафта истодаасту роҳбарон ва меҳмонон аз вилоят хоҳ-нохоҳ аз ин макон мегузаранд, аммо партовгоҳи чорвои забҳшуда ба ҷои кам шудан афзуда истодааст. Боз қассобон ба мошинҳои ростомада, ифлосу чиркин ва аробачаҳои порукашон бурдани гӯшти чорворо ба дӯкони гӯштфурӯшӣ, ки ин амал ба ягон ҳолати санитарӣ ҷавобгӯ нест, иҷро мекунанд. Ин аҳвол пеш аз ҳама пирону калонсолони маҳалларо сахт ба ташвиш гузоштааст.

Бинобар ин таклиф мекардам, ки ин фикри маро аҳли маҳалла дастгирӣ мекунанд, забҳи чорво дар ҷойҳои махсус иҷро карда шавад. Назорати байторӣ аз рӯи Қонуни ҶТ дар бораи ин соҳа таъсис дода шавад. Чунин салоҳхонаи намунавӣ дар шаҳр таъсис дода шавад, зеро ноҳияи Истаравшан яке аз навоҳии калонтарини чорводор дар вилоят мебошад. Ҳамчунин, дар назди бозори чорво ва бозори хӯрока утоқҳои таҳлилгоҳи стансияи эпидемиологии назорати тиббӣ ташкил карда шаванд. Пеш аз он ки гӯшти чорво ба фурӯш гузошта шавад, аввал хунашро аз таҳлил гузаронида, касал ё солим буданашро муайян карда, ба фурӯш иҷозат дода шавад.

Бисёр вақт мушоҳида кардам, ки назоратчиёни байторӣ дар дӯконҳои гӯшт ба маҳсулоташон мӯҳри худро гузошта, маблағе талаб мекунанд. Аммо таҳлили ташхиси чорво ва маҳсулоти он дида намешавад. Чунин ҳолат имрӯзҳо анқариб дар ҳамаи бозорҳо рух медиҳанд.

Дар миқёси шаҳри Истаравшан ва вилоят шӯъбаи корҳои дохила ҳар моҳ санади милтиқҳои шикорчиён ва худи онҳоро аз назар мегузаронад, ташкилоти назорати давлатии байтории ҳамаи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки шахсони ба қассобӣ машғулро аз рӯи анкетаи махсуси шахсӣ ба рӯихат гирифта, ҷои истиқомат ва забҳи чорвояшонро аз рӯи ҳуҷҷати тасдиқшуда назорат баранд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар ин масъала бояд ба давлатҳои Аврупо, Осиё такя кунем. Фаромӯш накунем, ки мо мусалмон ҳастем ва забҳи чорво аз рӯи шариати Ислом, иҷро карда шавад. Тибқи шариати Ислом чорвои беморро забҳ намудан раво нест. Ҳар қассоб бояд шаҳодатнома ва иҷозати савдо дошта бошад. Ҳангоми гузаронидани рейд аз тарафи масъулон дар бозорҳо он ҳуҷҷат пурсида шавад, то ки шахсони бемору тасодуфӣ ба кор даст назананд. Инчунин ҳангоми тафтиш аз онҳо ҷойи забҳи чорво ва суроғаи партовгоҳи боқимондаашон пурсида шавад, то ки боиси паҳн гаштани бемориҳо нашавад. Албатта, шахсоне, ки аз қайди назорати давлатии байторӣ гузаштаанд, ба қонунвайрокунӣ роҳ намедиҳанд.

Барои пешгирии ин қонунвайронкуниҳо хуб мебуд, дар ҳар се моҳ як маротиба бо иштироки қассобон, духтурони байторӣ, зоотехникҳо, индиксиолистҳо, кормандони пости карантинии чорво, гумрук ва нозирони минтақавӣ вохӯрӣ доир намуда, масъалаҳои ҷойдоштаро муҳокима мекарданд. Бовар дорам, агар ташхиси ҳатмии хуни чорвои забҳшуда гузаронида шавад, дуздидани мол аз хонаҳои шахсӣ низ кам мегардад. Ҳамчунин, агар дар шаҳри Истаравшан ҳам корхонаи махсуси забҳи чорво бо тамоми шароити ба талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ таъсис дода шавад, аввалин шуда қассобони гузари худро ба он аъзо мекунем.

Бозор АЗИМОВ,
собиқадор аз деҳаи Наймони
Ҷамоати деҳоти "Ленинобод"-и
шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh