ҲАСАНОВ МУҲАММАДҶОН

Cоли 1896 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Иштирокчии мубориза баҳри барқароркунии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон. Аъзои ҲКИШ аз соли 1919.

Институти Комму-нистии журналистикаро соли 1931 хатм кардааст. Нозири мактабҳо, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд (1919-23). Дар солҳои ҷанги гражданӣ дар маҳвкунии дастаҳои босмачиён дар уезди Хуҷанд, ӯротеппа, Конибодом, Исфара иштирок кардааст. Соли 1921 командири отряди савора буд ва дар маҳвкунии босмачигарӣ дар бекигарии Мастчоҳ то соли 1923 иштирок кардааст. Котиби масъули комитети районии ПК (б) ӯротеппагии Туркистон (1923). Мудири шӯъбаи ташкилии Комитети ҲК (б) уезди Хуҷандии Туркистон, ҷонишини комиссари халқии маорифи Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-26), муҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик», «Қизил Тожикистон» ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Барои нақлиёти саноатӣ» (1926-27), муҳаррири масъули рӯзномаи «Қизил Тожикистон» ва маҷаллаи «Раҳбари дониш» (1933-34), минбаъд дар вазифаҳои ҳизбӣ ва советӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳртуз, Душанбе (1935-57). Аз соли 1957 ба нафақа баромадааст. Бо ордени Байрақи Сурх, медалҳо, Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва РСС ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Ҳасанов Муҳаммадҷон ташкилкунанда ва нахустин муҳаррири рӯзномаи «Роҳи колхозчӣ» (алъон “Ҳақиқати Суғд”) буд.

Дар шаҳри Хуҷанд моҳи майи 1984 вафот кардааст.