ПАҲЛАВОНЗОДА АБДУҲАМИД

Cоли 1905 дар деҳаи Қистакӯз таваллуд ёфтааст. Дастпарвари курсҳои муаллим-тайёркунии Самарқанд ва Тоҷикинпрос (Тошканд) аз овони донишҷӯӣ бо нашрияҳо ҳамкорӣ дошт.

Яке аз аввалин сармуҳарри-рони «Роҳи колхозчӣ». Сипас ба соҳаи маориф ба кор гузашта дар шаҳрҳои Сталинободу Тошканд кор кард. Завҷаи якумаш Нисохон Абдураҳмонова- аввалин хуҷандизани ҳуқуқшинос (сонитар узви Суди Олии СССР) буд.

Паҳлавонзода соли 1943 аз оилааш ҷудо шуда ба ӯзбекистон ба кор меравад. Дар онҷо ба сифати адвокат, рӯзноманигор ва корманди масъули комиҷроия дар шаҳрҳои Ҷиззах, Тирмиз ва Шӯрчӣ (вилояти Сурхондарё) фаъолият бурд. Соли 1974 дар Шӯрчӣ вафот кард, қабраш дар ҳамон ҷост.

Ҳоло писаронаш Набиҷон Ҳамидов- доктори илми тиб, узви вобастаи АУ Тоҷикистон (аз никоҳи якум), Абдуҷаббор-полковники милиса, собиқ муовини Вазири корҳои дохилии ӯзбекистон, Абдуқаҳҳор- коркуни хоҷагӣ ва Абдусамад Паҳлавонзодаҳо-собиқ Вазири адлияи ӯзбекистон дар қайди ҳаётанд.

503 Service Unavailable

Service Unavailable

The server is temporarily unable to service your request due to maintenance downtime or capacity problems. Please try again later.

Additionally, a 503 Service Unavailable error was encountered while trying to use an ErrorDocument to handle the request.