"Mан бо меҳмонон банд…"

Бозор ҷоест, ки мардумро ҳамарӯза ба сӯи худ мекашад. Яке аз паи дарёфти ризқу рӯзӣ, дигаре барои харидани молу ашёи зарурии рӯзгор ва ё фурӯши маҳсули меҳнаташ сӯи бозор мешитобад. Шароити кунунӣ водор месозад, ки аксарияти мардум беҳбуди зиндагиро дар бозор бинанд.

Дар машварати назди Раиси вилоят, ки ба наздикӣ бо иштироки муовинони раиси вилоят, роҳбарони мақомоти қудратӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, сарварони бозорҳои вилоят баргузор гардид, масъалаҳои гуногун оид ба вазъи кунунии бозор мавриди баррасӣ қарор ёфта, камбудиву норасоии зиёд ошкор ва роҳи ҳалли онҳо нишон дода шуд.

Ошкор гардидани як қатор нуқсонҳо дар бозорҳои вилоят Раиси вилоят Қоҳир Расулзодаро водор сохт, ки ба назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузорад.

Бо мақсади шинос шудан аз ҳолату шароити бозорнишинон ҷониби ноҳияи Ҷаббор Расулов роҳ паймудем.

Баробари аз мошини мусофиркаш фуруд омадан анбӯҳи мардум моро ба даромадгоҳи бозор овард. Бинои маъмурияти бозор, ки масъулин муваққатан он ҷо ҷой гирифтаанд, дар ҳуҷраи хурде қарор дошта, бо ҷонишини раиси Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷаббор Расулов Роҳат Болтаева вохӯрдем.

Бозори марказии ноҳия соли 1957 сохта шуда, он замон аҳолӣ начандон зиёд ва талабот низ кам буд. Аз ин лиҳоз, бозор ҳафтае ду маротиба амал мекард. Алҳол сокинони ноҳия афзудаанду талабот низ бештар шудааст. Масоҳати бозор 0,89 га буда, 221 ҷойи нишаст дорад. Бояд қайд намуд, ки аз ин фақат 172 ҷойи нишаст шароити нисбатан хуб дошта, 49 -тои он ба талаботи бозор ҷавобгӯ нест. Ба гуфти Роҳат Болтаева, ҳар фурӯшанда барои 1 метри мураббаъ масоҳат бояд новобаста аз намуди маҳсулоташ аз 1 то 2 сомонӣ "чекпулӣ" пардохт намояд. Бозор ҳар рӯз фаъолият дошта, аз соати 5-и саҳар то 19 дарҳои он барои мизоҷон бозанд. Нуқтаҳои қабул ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ярмаркаи доимоамал, гӯшаи деҳқонбозор дар хизмати ҳамешагии мардум ҳастанд ва асосан бо фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, маҳсулоти қаннодӣ сару кор доранд.

Фурӯшандаҳои маҳсулоти қаннодӣ саргарми савдо буданд. Касе парвои онро надошт, ки болои маҳсулоти фурӯхташаванда магасу занбӯрҳо "лона" мондаанду бо гарди хеш дили харидоронро барои харидан "гарм мекарданд". Илова бар ин қуттиву халтаҳои пури маҳсулот то андозае берун аз ҷойи муқарраршуда гузошта шудаанд, ки гумон мекунед, харидор маҷбур болои онҳо пой гузорад. Танҳо баъди оне, ки намояндаи раёсати бозор бо овози баланд таҳдид кард, фурӯшандаҳо маҳсулоташонро аз байни роҳ гирифта ба сӯе гузоштанд. Ҳангоми бозорро давр задан диққати моро он чиз ба худ ҷалб намуд, ки бозор тартибу низоми муайян надорад. Зеро дар як раста ҳам маҳсулоти қаннодӣ ҳасту ҳам гӯштӣ ва ҳам сару либосу дигар лавозимоти майда-чуйда.

Соҳибкор Рустамҷон Маҳмудовро, ки бо хариду фурӯши маҳсулоти гӯштӣ машғул аст, дар назди аробаи пури халтаҳои ҳасиб (колбаса) андармони борфарорӣ дидем. Бастаи ҳасиб-ҳо аз болои ароба ба замин афтоду бо мақсади ёрӣ онро аз замин бардоштем. Баробари аз хоку лой тоза кардан ба чашми сар дидем, ки ҳасибҳо бе тамға, яъне маҳсулоти кадом коргоҳ буданаш ноаён буд. Чун аз Рустамҷон сабаб пурсидем, посух дод, ки аз сабаби саросемагӣ барои насби тамға вақт наёфтааст ва аз ҷайб тамғаҳои коргоҳи хусусии Додобоев бо ном "Суғдӣ"-ро бароварда нишон дод ва ба ширеш кардан сар кард.

Дӯкони маҳсулоти ширӣ аз саҳари солеҳон серодам буда, мизоҷон низ ин намуди маҳсулотро барвақт мехаранд. Дар дӯкон танҳо ду-се нафар занонро дидан мумкин буд, ки дар тан хилъати сафед доштанду дар даст дастпӯшак. Дӯкон тозаву озода буда, рӯи ҷурғоту шир ва равғани маскаву чакка бо матоҳои нафис пӯшонда шудаанд. Ин манзара дар дӯкони гӯштфурӯшӣ, ки Юлдошбой Эргашев таи 22 сол бо ин касб машғул аст, низ ба назар расид.

Фурӯшандазане, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, иброз дошт, ки даҳ сол интараф дар бозори марказӣ бо фурӯши чакана-тармева машғул аст. Сатилу қуттиҳои паси ҳам чидашудаи ангуру себ, анору нок шаҳодатгари он буданд, ки ҷойи ҷудошуда барои фурӯшанда танг аст, вале ӯ ҳар рӯз ба маблағи панҷ сомонӣ "чек" мегирад. Соҳиби сабзавоти қаламфури булғорӣ ва боимҷон диққати мардумро бо таъриф кардани маҳсулоташ ба худ мекашид. Наздаш таваққуф намуда, аз нархи маҳсулоташ пурсон шудем ва барои озмоиш чанд миқдор харид кардем. Тааҷҷубамон зиёд гашт, зеро фурӯшанда, ки худро деҳқон муаррифӣ мекард, ду-се халта қаламфури булғориро рӯи замин рехта буду парвои онро надошт, ки харидор аз дидани маҳсулоти паҳну парешон ва олуда ба хоку чанг нороҳат мегардад. Бар замми ин ӯ "дастам тарозу шудааст" гӯён аз истифодаи тарозу худдорӣ кард ва ё надошт, бароямон маълум нест.

Соҳибкор Бароат Шодиева зиёда аз понздаҳ сол аст, ки дар бозори марказӣ бо тиҷорат машғул мебошад. Барои мизоҷон аз Бишкеку Душанбе сарулибоси мардонаю занона оварда эҳтиёҷоти харидоронро таъмин менамояд.

-Сохта шудани бозори нав дар ҳудуди 9 гектар дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Гулхонаро шунида тасмим гирифтам, ки барои тиҷорат аз он мавзеъ низ ҷой гирам. Барои ин ба маблағи 8 ҳазор доллари ИМА пешпардохт намудаам. То ба даст овардани ҷойи нишасти ҳозираам ман мушкилиҳои зиёде кашида, дӯкони таъмирталабро ба 82 ҳазор сомонӣ харида будам. Аз он ҳарос дорам, ки "аз ин мондаву аз он ҷо ронда" нашавам. Аммо ба фикри банда, сохтани бозори нав чандон зарурат надорад, чунки мардум ба ин мавзеъ одат кардаанд. Танҳо тартиботи дохилиро ҷорӣ намоянд, барои фурӯшандаю харидор басанда аст. Ба ҷои бозори нав сохтан як бинои бисёрошёна бунёд карда, ба истифода диҳанд, беҳтар мешуд. Зеро аз нарасидани манзили зист аксари мардум азият мекашанду оилаҳои зиёде аз ҳам ҷудо,- мегӯяд номбурда.

Навиштаҷоти болоии даромадгоҳи дигари бозор дарак медод, ки ин мавзеъ ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Ботирбек" тааллуқ дорад. Аз "роҳрав" гузашта, дохили бозор шудем. "Роҳрав"-и бараш чор-панҷ метраи назди даромадгоҳро чунон аз ду ҷониб танг кардаанд, ки қадам задан амри маҳол аст. Дар ин "роҳрав" фурӯшандаҳои сабзавоту мева, ҷӯробу донаи офтобпараст, маҳсулоти саноатӣ, бухориву карнай ва оҳаку масолеҳи бинокориро дида ҳайратамон афзуд. Аз фурӯшандаи матоъҳо пурсон гаштем, ки оё барои тиҷораташ аз растаи матоъҳо ҷой надоданд. Гуфт, ки пардохти он макон хеле гарон асту дӯкони алоҳидаро бояд харидорӣ намояд. Дар ин ҷо ӯ танҳо ба даҳ сомонӣ "чек" мегирад. Зани тахминан 55-60 солаи ҷуробфурӯш иброз дошт, ки ин ҷо барояш хеле қулай асту харидорон аз "таможня"-и онҳо мегузаранд. Савдои эшон нисбат ба савдои дохили бозор тез аст.

Маркази савдои "Алибек-ота" дуошёна буда, сарвариашро Ардашер Ҷӯрабоев ба ӯҳда дорад. Марказ соли дуввум аст, ки фаъолият дошта, фурӯшандаҳо бинобар хусусӣ будани он аз шароитҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ доштанд.

Бо раиси бозори "Ботирбек" Бектемир Ҷӯрабоев сӯҳбати телефонӣ доштем. Бино ба гуфти ӯ, ҳудуди бозор 0,21 гектар буда, 5-6 мағоза, 4-5 дӯкони гӯштфурӯшӣ дар ихтиёри он-ҳост. Чун аз мушоҳидаҳоямон ҳарф задем, онро инкор намуда, посухамон дод, ки барои ҳамагон ҷойи нишаст кифоя асту шароити хуби корӣ доранд. Дуруст аст, ки барои болопӯш намудани баъзе нуқтаҳои бозор маъмурият тадбирҳо меандешад. Аммо мисолҳои равшани дар боло овардашуда мақоли "ранг бину ҳол пурс"-ро ба хотир меоварад, ки боиси таассуф аст.

Намояндаи идораи байтории бозор ҳам аз гуфтани ному насаб худдорӣ карду ҳам имкони гуфтугӯро бо баҳонаи "ман бо меҳмонон, намояндагони СЭС машғулам", худро канор гирифт. Нисбати ин масъала масъулин чӣ мегуфта бошанд?

Шоира КАРИМЗОДА,
Маъмурахон САМАДОВА,
мухбирони махсуси "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh