Бўй кун аввал гиребони худат!

ё Номаи кушод ба муаллифи мақолаи ошўбангези "Роҳбарони хуҷандӣ аз оши наҳор дер намемонанд" ("Тоҷикистон", №40, 4.10.2012)
Сухан дониста гў, то дўстро душман нагардонӣ,
Зи ҳарфи бетааммул ошно бегона мегардад.

Абдуллоҷони Абдулло!
Мо, ки Шуморо солиёни зиёд аз наздик мешиносем, дар сирататон ду хислати ба ҳам зидро кайҳо инҷониб хуб эҳсос кардаем: а) ба ном рўшодгўӣ, яъне боҷасорат сухан гуфтан ё навиштан; б) бе андеша ва бе мулоҳиза, надониставу насанҷида ҳарф задан ё маводе иншо кардан.

 

Ҷои таъкид аст, ки оқибати ҳар ду навъи рафтори Шумо ғамангез аст ва,воқеан, то кунун бар саратон ҳар чӣ рӯзҳои бад омада бошанд (ақаллан ба ёд оваред, ки мӯятон сафед шуда бошад ҳам, дар ягон ҷомеаи меҳнатӣ мақому эҳтиромро соҳиб нашудаед; гӯё барабас зистаед, ҳайф!), самараи ҳамин хислатҳоятон будааст.

Шумо ошкоргӯии беғаразонаро аз бӯҳтон ва таҳқири беадабона фарқ карда наметавонед, беҳтараш, Худованд Шуморо аз чунин фазилати волои инсонӣ насибадор нагардонидааст. Бинобар ин вақте даҳон кушоданӣ мешавед, ҳатман чашмони сару дилатонро мепӯшед, ки аслан Худованд чунин хулқро на ба инсон,балки офаридаҳои дараҷаи пасттари Худ муносиб дидааст…

Бузургон фармудаанд: "аввал андеша, баъд гуфтор", вале шиори Шумо дар зиндагӣ гўё акси ин аст: "аввал гуфтор, баъд андеша". Дар таҷрибаи нависандагӣ ё қаламфарсоии Шумо чунин ҳолат на як бору ду бор рух додааст. Инро нафақат мо, балки бисёриҳо медонанд, вале то ба ҳол тан-ҳо ба хотири он ки ба қавли Хоҷа Ҳофиз:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳарчӣ кард, он ошно кард!
нагўед, тааммул мекардем. Зеро Шумо, ки чанд сол боз сокини Хуҷандшаҳри бостонӣ буда, аз рафтору гуфтор, гирумон ва хислату одоби бошандаҳои он хуб баҳрабардорӣ кардаед, дар ҳамин шаҳр қаламфарсоиро омўхтаеду либоси низомӣ ба бар намуда, бо ҳар кӣ аз баҳс ҳам дида, бештар моҷароро меписандидагӣ шудаед, дар ҳамин ҷо бо тавсияи ҳамин хуҷандиёни "зантарс" (ин вожа ба ҷои таъбири "давраи модаршоҳӣ" иқтибоси оддиест аз як мақолаи замоне зери ниқоб иншокардаи Шумо бо унвони "Бародари зантарс" дар ҳаққи бародари ҳамхуни худатон!) ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (на, чӣ тарзе ки навиштаед, узви конфедератсияи созмони байналмилалии журналистон, зеро на ин ё он шахси инфиродӣ, балки симои ҳуқуқӣ, яъне маҳз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон узви конфедератсияи номбурда аст!) пазируфта шудед.

Ва ҳамин хуҷандиёни ба истилоҳи навоваронаатон дорои "вазифаҳои меросӣ" ва "содиқ ба оши наҳор" давоми солҳои тӯлонӣ Шуморо дўсти худ пиндошта, ба оши наҳорашон хабар мекарданд. Ҳоло, ки тариқи бӯҳтони гӯшношунид симои аслии манфури хештанро ошкор сохта, ба намакдони мардуми Хуҷанд туф кардаед, минбаъд Шуморо оши наҳор як тараф истад, гумон аст, ҳатто, ба оши худоӣ хабар мекарда бошанд. Ва, бешак, дуруст ҳам мекунанд. Зеро пас аз макрӯҳ сохтани дастархони падарӣ (ҳолдонҳо дар Ашт мегӯянд, ки замоне аз болои қиблагоҳии худ низ аризаи шикоятӣ навишта будаед, ё наузанбиллоҳ!) ин карат рафтори дар ҳаққи ҳамшаҳриёни ҳозира раводидаатонро ба ҳурмати ҳаққи нону намак сангдилтарин одам ҳам нахоҳад кард! Биноан, ҳайфи номи одамӣ, ки олуда намудед!

Абдуллоҷони Абдулло, Шумо дар баҳсангезӣ устухон надоред. Масалан, дар ҳамин навиштаи як андоза хому хаталаатон ба ҳар ҳол се масъала бардошта шудааст: а) зуҳуроти хешу таборчигӣ (на таборбозӣ!); б) меросӣ гардонидани вазифа; в) гўё ба маишат дода шудан. Вале ҳусни баёнатон чунон беодобонаву дағал ва аз чаҳорчўбаи одамият берун аст, ки баъди хондани он кас зери ғарази бад чизи некеро дидан ҳам намехоҳад.

Агар Шумо андаке боандеша ҳарф заданро ёд мегирифтед, масъалаеро, ки гўё мавриди баҳс қарор доданӣ хостаед, ин қадар бо эҳсосоти беҷо ва бо ҷумлаҳои подарҳаво баён намекардед. Қариб дар ҳар ҷумлаи ин асари "безаволатон" хатову ғалатҳои чи мантиқӣ ва чи имловӣ ҷой доранд. Мисол мегирем, як ҷумлаи аввали боби "Садоқат ба оши наҳор"-ро: "Одати "хуби" шаҳриҳо на танҳо дурўғ гуфтан, балки ба оши наҳор дер накардан аст". Ана, мантиқу мана, мантиқ! Пас, одати "хуби" қишлоқиҳо танҳо дурӯғ гуфтан ва ба оши наҳор дер кардан аст магар?! Пеш аз он ки чунин суханони таҳқиромезу беадабона нависед, ба қавле, аввал як гиребони худро бӯй кунед. Итминон дорем, ки аз ғайб ҳамоно мақоли "Айбро кӣ кунад, маъюб" ба гӯшатон мерасад.

Воқеан, эҷодкори солимфикр, ба шарте ки тамизи воло дошта бошад, асло шаҳриву деҳотиро аз ҷиҳати ҷуғрофияи зодгоҳаш аз ҳам фарқ намекунонад. Зеро маҳз бо меҳрубониҳои абармардони шаҳрӣ, ки хоҳу нохоҳ тамаддунофаранд, дар Хуҷанд (ҳамчунин дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ ва шаҳрҳои дигари кишварамон!) даҳҳо ва садҳо зодагони деҳот аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ умр ба сар мебаранд ва дар вазифаҳои роҳбарӣ ҳам кор мекунанд, ки касе онҳоро ба монанди Шумо "сойкелдӣ" нагуфтааст. Пас, таълимоте, ки бо чунин хомнавиштаҳо ба насли наврас тадрис карданӣ шудаед, ҳамагӣ алоигӯӣ аст.

Ин ҳаргиз мавқеъ ва баҳои инсони ҳақгў ва бофарҳанг нест. Агар Шумо, Абдуллоҷони Абдулло, сазовори ҳолати рӯҳиятон дар муассисаи махсуси тиббӣ (муқаррар медонед, ки дар Хуҷанд онро оддиякак "ҷ...хона" мегӯянд!) қарор медоштед, ба беҳудагӯии бефаросатонаи Шумо тибқи ҳикмати "Саг аккос мезанаду корвон даргузар шудан мегирад" муносибат мекардему зарурат ба ҷавобнависӣ набуд.

Вале чун аз минбари нашрияи бонуфузи ҷумҳурӣ (ин гуна маводи дасисаангезро дидаву дониста чоп кардани "Тоҷикистон" мавзӯи алоҳида хоҳад буд) омӯзгори факултаи 4-уми Академияи ВКД буданатонро ҷор задаед, ба таври расмӣ ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурӣ муроҷиат менамоем, ки ба қонунвайронкунии дағалонаи афсари соҳибрутбаи милитсия баҳои сазовор диҳад. Шахси дорои чунин мафкураи заҳролуд ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ба фарзандони мардуми мо, алалхусус, дар ҷодаи тарбияти кормандони милиса ҳодию раҳнамо бошад. Умедвор ҳастем, ки роҳбарияти факултаи 4-уми Академияи ВКД пас аз мутолиаи мақолаи дасисаангези Абдуллоҷони Абдулло тибқи ҳикмати "Аз бало ҳазар" амал намуда, ҳамоно аз хизмати хирсонааш даст мекашанд.

Дар фарҷом ба муаллифи беандеша хотиррасон менамоем: оё Шумо медонед, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба хидмати хуҷандиён ва роҳбароне, ки аз байни онҳо сабзида расидаанд, бо чӣ гуна масъулият ва муҳаббат сухан кардаанд? Он кас мардумони Хуҷандро инсонҳои дорои маданияти баланд номида, барои дигарон намуна нишон додаанд. Шумо бошед, ғарқаи мафкураи хоми маҳалгароӣ гардида, бо ким-чӣ гуна алами ба худ хос суханоне ба забон овардаед, ки ба қавле рўи бел гузорӣ, намеистанд. Бале, сад дарсад ҳақ аст шоири покизаниҳоди мастчоҳӣ Олимхон

Исматӣ, ки фармуда:
Аз маҳалбозии мо иллат ба миллат мерасад,
Миллати моро аз ин иллат нигаҳ дорад Худо!

Сайидамини ҶИЛО,
Абдулмаҷиди БОБОҶОНИЁН,
Мақсудҷон ИНЪОМОВ,
Солеҳи ЗАРИФЗОД,
Карим ШАРИФ,
Тавҳида ҶЎРАЕВА,
Исломҷон БОБОЕВ,
аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh