«Аввал замин диҳед, пас аз хизмат пурсед»

Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода моҳҳои октябр ва ноябри соли равон маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гузаронда мешавад.

Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар кулли шаҳру навоҳии вилоят хуб оғоз ва то ба имрӯз садҳо нафар ҷавонон барои хидмат ба Артиши миллӣ сафарбар шуданд.

Бо ҳадафи омӯзиш ва таҳлили ҷараёни маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар Исфара ба шаҳри Исфара омадем.

Нахуст ба Комиссариати ҳарбии шаҳр даромада, хостем бо вазъи воқеии рафти даъват дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ошно шавем. Вале навбатдори комиссариат гуфт, ки бо мақсади вохӯрӣ бо мардум комиссари ҳарбӣ, полковник Зиннатшо Шарифов ҳамроҳи муовини комиссари ҳарбии вилоят, полковник Шарифҷон Азизов ба Ҷамоати деҳоти Ворух (дуртарин ҷамоати шаҳр) рафтаанд.

Пас аз чанд муддат комиссари ҳарбии шаҳр аз сафари корӣ баргашт ва моро муяссар шуд, ки дар ин мавзӯъ ҳамсӯҳбат гардем. Нахуст полковник З. Шарифов баён кард, ки дар ҳақиқат бо сабабҳои маълум маъракаҳои даъвати баҳорона ва тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ то андозае бо душворӣ мегузаранд. Зеро баъд аз гирифтани даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ҷавонони синни даъватӣ сари вақт ҳозир намешаванд ё худ аз хизмат саркашӣ мекунанд. Аз чӣ бошад, ки ҳатто, худи падару модари даъватшавандаҳо ба ин амали нохуб сабаб мешаванд.

-- Баробари таъин шуданам ба вазифаи комиссари ҳарбии шаҳри Исфара (моҳи июли соли 2012) бовар кунед, фаъолиятро аз омӯзишу таҳлили сабабҳои саркашии ҷавонон аз хизмат шурӯъ намудам,- афзуд полковник З. Шарифов. Дар ҳамаи 12 ҷамоати шаҳраку деҳоти Исфара шуда, бо мардум мулоқоту вохӯрӣ гузарондем. Аён гашт, ки аз камбудиҳои ҷойдошта дар рафти даъвати баҳорона ва сари вақт иҷро накардани нақшаи даъвати баҳорона масъулину мутасаддиён хулосаи зарурӣ набаровардаанд. Дар назар дорам мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (ҷамоатҳо)-ро. Зеро пас аз вохӯрӣ бо мардум ба хулосае омадам, ки ҳатто, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ пеш набурдаанд. Аз даъват то даъват кореро ба анҷом нарасондаанд. Яъне, интизор шудаанд, ки кай даъвати навбатӣ оғоз мешаваду сипас корро ба қавле "ҷоннок" кунанд.

Ҳамин тавр, ҳоло низ дар баъзе аз ҷамоатҳо ба масоили ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пурра омӯхтану таҳлили шароиту вазъи зиндагии аҳолӣ, дар қайди ҳарбӣ истодани ҷавонони синни тодаъватӣ, суст ба роҳ монда шудани таълими фанни "Омодагии дифои ҳарбӣ" дар мактабҳои миёна, ба табобат фиристодани даъватшавандагони беморе, ки ҳангоми аз муоинаи тиббии комиссариати ҳарбӣ муваққатан ғайри қобил ҳисобида шуданд, бояду шояд эътибор намедиҳанд. Шояд мутасаддиёни ҷамоатҳо ҳоло низ дар андешаи он бошанд, ки ин ҳама вазифаи комиссариати ҳарбӣ маҳсуб мешавад. Ҳол он ки маъракаи даъват ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ танҳо вазифаи комиссариати ҳарбӣ набуда, балки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" (моддаи 3) ва фармони Сардори давлат тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дар ин кор муваззаф гардидаанд.

Фикр мекунам, пеш аз ҳама, фаъолони маҳаллаву ҷамоатҳо, вакилони мардумӣ, шахсони мансабдори корхона, ташкилоту муассисаҳо бояд масъулияти бештар дошта бошанд (дар қонун низ ин нукта дар алоҳидагӣ зикр шудааст). Зеро, мардум ба онҳо боварии комил дораду ҳар сухани эшонро қобили қабул меҳисобад. Вале, афсӯс, ки аксарияти онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ худро дар канор мегиранд.

Масалан, дар ҷамоатҳо ҳастанд оилаҳое, ки ду-се фарзанди худро ба хидмат фиристодаанду бархе аз оилаҳо ягон нафарро. Хоҳ-нохоҳ таъсири манфии чунин оилае, ки аз се-чор писар ягон нафарашро ба хидмат нафиристодааст (бо вуҷуди қобили хизмат будану ягон сабаби ба таъхир мондани хидматро надоранд) ба ҷомеаи солим мерасад. Зеро дар байни аҳолӣ нофаҳмиву норозигиҳо ба миён меоянд, ки дар ин ҳолат танҳо фаъолону вакилони мардумӣ метавонанд бо маслиҳати дурусту раҳнамоӣ ин қабил оилаҳоро ба дарки ҳамаҷонибаи қонунгузориҳо мусоидат намоянд. Яъне, корҳоро аз зинаҳои поёнӣ ба маънои томаш бояд ҷоннок намуд.

Ин гуфтаҳоро полковник Шарифҷон Азизов, ки аз рӯзҳои аввали даъват барои расонидани кӯмаки амалӣ дар рафти маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба шаҳри Исфара аз ҷониби Комиссариати ҳарбии вилоят сафарбар гардидааст, тасдиқ намуд. ӯ дар асоси омӯзишу таҳлилҳо дар 6 ҷамоат афзуд, ки шахсони масъули ҷамоатҳо вазифаҳои хизматии худро вобаста ба қонунҳои ҷорӣ оид ба гузарондани маъракаи даъват намедонанд ва то ба имрӯз ин масъулиятро эҳсос накардаанд.

Раисони ҷамоатҳо, сардорони мизи бақайдгирии ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ба он одат кардаанд, ки хабардиҳӣ, таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба комиссариати ҳарбӣ ва ташкили даъват бо воситаи намояндаи комиссариати ҳарбӣ дар ҳудуди ҷамоат ба амал оварда мешавад. Ҳол он ки талаботи қонун тамоман дигар аст.

Доир ба рафти маъракаи даъвати тирамоҳӣ комиссари ҳарбӣ зикр намуд, ки феълан аз 12 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара дар ҷамоатҳои деҳоти Нурафшон, Кӯлканд, Сурх, Лаккон, Чоркӯҳ ва Ворух ин маърака нисбат ба дигар ҷамоатҳо сусттар ҷараён дорад. Албатта, ҳастанд ҷамоатҳое, ки бо дарки ҳамаҷонибаи масъулият онро муташаккилона мегузаронанд ва ба инҳо дохил мешаванд маркази шаҳр (нақшаро 56 фоиз иҷро кардааст), Шӯроб (40 фоиз), Шаҳрак (33 фоиз) ва Хонобод (30 фоиз). Дар маҷмӯъ, то 12-уми октябри соли равон шаҳри Исфара нақшаи даъватро 23 фоиз иҷро кардааст.

Дар идомаи суханаш полковник З.Шарифов гуфт, ки то ба имрӯз дар асоси дархости хаттии комиссари ҳарбӣ 9 нафар ҷавононе, ки бо вуҷуди се маротиба гирифтани даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок ҳозир нашуданд, аз ҷониби кормандони Шӯъбаи кор-ҳои дохилии шаҳр боздошт шуда, пас аз гузаронидан аз муоинаи тиббӣ ба хидмат сафарбар гардиданд.

Бо ҳадафи шинос шудан аз рафти кори комиссияи даъватии шаҳр соате рафти аз муоинаи тиббӣ гузаронидани даъватшудагонро назорат бурда, ба хулосае омадам, ки воқеан, бо дарки масъулият Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар симои Раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амиров ба ин маъракаи сиёсӣ эътибори ҷиддӣ дода, тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст. Духтурони соҳибтаҷрибаи ихтисоси гуногуни тиббӣ, роҳбарони воҳиду сохторҳои давлатӣ ба ҳайати комиссияи босалоҳият (иборат аз 20 нафар) шомиланд ва онро муовини Раиси шаҳр Олияхон Fаниева сарварӣ менамояд.

Мушоҳида гардид, ки гуфтаҳои комиссари ҳарбӣ дар бобати дуруст эҳсос накардани масъулият аз ҷониби раисони ҷамоатҳо, сардорони мизи ҳарбӣ воқеан ҷон дорад. Зеро, дар пеши назарамон ҷавонеро аз Ҷамоати деҳоти Ворух, ки дар масофаи 50 километр дур аз Исфара ҷойгир аст, ҳамчун даъватшуда оварданд. Вале дидаву дониста, ки даъватшуда Малҳамбек Ҳусейнов, соли таваллудаш 1986 гирифтори бемориҳои ҷигар, забон ва бавосир (геморой) аст, худ қазоват намоед, ки то кадом андоза масъулину мутасаддиён нисбат ба маъракаи даъват ва гусели ҷавонон бепарвову беэътиборанд?!

Ҳамзамон, ҳастанд падару модароне, ки бо хоҳишу розигии худ фарзандашонро ба хидмати Ватан-Модар мефиристанд. Раиси комиссияи даъвати шаҳр Олияхон Fаниева гуфт, ки дирӯз модари яккаписар Машрафхон Ҷӯраева (писараш Илҳомҷон Иномзода - с.т. 1994) бо ариза муроҷиат кард, ки фарзандашро ба хидмат фиристанд, то қарзи муқаддаси шаҳрвандиашро иҷро намояд. Аҳсант мегӯем ба чунин модаре, ки бо вуҷуди як писар доштан, бо розигии худ ва фарзандаш бо дарку эҳсоси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ғурури миллӣ ҷигарбандашро ба хидмат фиристода, фотеҳаи нек дод.

Дар Ҷамоати деҳоти Лаккон, ки 25 километр дур аз маркази Исфара қарор дорад (дорои 7 ҳазору 150 нафар аҳолӣ, ки 80 фоизаш ӯзбекзабон мебошад), бо раиси он Матлуба Қурбонова вохӯрда, ҳадафи сафарамонро баён намудем. М.Қурбонова моро ба утоқи кориаш даъват намуда, ба саволҳоямон ҷавоб дод. Вале, ба ростӣ, аз ҷавобҳояш ким-чӣ хел нобоварӣ ва норозигиро эҳсос намудем. Ниҳоят ба қавле "тоқаташ тоқ шуд"-у сирри дилашро кушод.

-- Сабабҳои хеле суст ҷараён гирифтани маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ,- гуфт раиси ҷамоат М.Қурбонова, - пеш аз ҳама нобоварии мардум нисбат ба роҳбарони шаҳру ҷамоат мебошад. Зеро ҳанӯз соли 2006-ум собиқ раиси ҷамоат ваъда дода буд, ки ба оилаҳои ниёзманд ба масоҳати 5-6 -сотихӣ замини наздиҳавлигӣ медиҳанду бо ин тамоми мушкилоташонро ҳал мекунанд. Ҳатто, маҷлису вохӯриҳо гузаронида, қарор (протокол)-и комиссияи манзилии Ҷамоати деҳоти Лакконро оид ба оилаҳои эҳтиёҷманди деҳот барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз мавзеи "Ферма" ва "Хирман"-и деҳаи Лаккон, ки бо қарори Раиси шаҳр таҳти рақами 189 аз 12.05.2006 "Оид ба мансуб донистани замин-ҳои зери сохтмони хоҷагии деҳқонии Лаккон ба фонди участкаи наздиҳавлигии Ҷамоати деҳоти Лаккон" ба фонди замини наздиҳавлигӣ гузаронида шудааст, қабул ва бо мактуби алоҳида таҳти рақами 131 аз 14-уми сентябри соли 2010 ба собиқ Раиси шаҳри Исфара С. Ашӯров пешниҳод намуданд (ба мо ҳам Протоколи маҷлиси комиссияи манзилии Ҷамоати деҳоти Лаккон ва рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманди заминро пешниҳод кард, ки ҷамъ 82 нафар бо ному насаб ва суроғаашон зикр шудааст).

Вале, сад афсӯс, ки ин масъала то ба имрӯз ҳалли худро наёфтааст. Яъне, касе аз роҳбарият эътибор намедиҳад. Гузашта аз ин, дар давраи хариди саҳмияҳои НБО "Роғун" ҳам ваъда доданд, ҳар оилае, ки ба маблағи 5-6 ҳазор сомонӣ саҳмия мехарад, ба онҳо замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад. Мардум аз хурсандӣ то охирин захираи худ, ҳатто, моли калони шохдорашонро фурӯхта, саҳмия хариданд. Аммо боз ҳам чанд сол гузашту аз замин дараке нест.

-- Мардуми ҷамоат, - илова намуд М.Қурбонова, талаб дорад, ки аввал ваъдаҳои роҳбарон иҷро шаванд, сипас фарзандашонро ба хизмат мефиристанд.

Аз гуфтаҳои раиси Ҷамоати деҳоти Лаккон Матлуба Қурбонова ба ин хулоса омадан мумкин аст, ки мардум имрӯз ба суханони раис ва кормандони ҷамоат бовар надоранд.

Пас саволе ба миён меояд, оё роҳбаре, ки суханаш ба мардум намегузарад ё дар назди мардум эҳтиром надорад, метавонад мардумро сарварӣ ва ба пеш барад? Бо чанде аз истиқоматкунандагони ҷамоат ҳамсӯҳбат шудем.

Маъруф Комилов, собиқ муовини раиси хоҷагии ба номи Дадоҷон Султонов, сокини кӯчаи ба номи Рӯдакӣ, 35:

-- Шаш фарзанд дорам: 2 писар ва 4 духтар. Ҳоло дар нафақаи маъюбӣ мебошам. Писари калониам донишҷӯи донишгоҳ буда, писари хурдиам ҳоло чун муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия қарор дорад. Ҳамин ки аз Русия баргашт, насиб бошад, ба хизмат мефиристем. Зеро, ҳарбӣ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ аст. Вале, хуб мешуд, агар он ваъдаҳои додаашон иҷро мешуд (дар назар дорад ваъдаи тақсимоти заминро).

Одилҷон Сафаров, сокини деҳаи Даҳана, 49:

-- Дар деҳаи мо 400 нафар зиндагӣ мекунанд. 4 писар ва 1 духтар дорам, ки писарам Ҳасанҷон ду сол хизмат карда, соли 2011-ум бо сарбаландӣ баргашт ва боиси ифтихори мо шуд. Писари дигарам Ҳусейнҷон бошад, як сол мешавад, ки дар Русия аст. Сиҳату саломат баргардад, мо бо розигии худ ба хизмати Ватан сафарбар менамоем.

Фариза Тошбоева, бошандаи кӯчаи Ворух, 18:

-- Ду писар дорам, ки ҳардуяшон хизмати ҳарбиро бо сарбаландӣ ба ҷо овардаанд. Хизмат дар Артиши миллӣ қарзи ҳар шаҳрванди бо нангу номус аст. Агар фарзанд падару модарашро дӯст дораду эҳтиром намояд, бояд ба хизмати ҳарбӣ равад. Танҳо хоҳиши ман ҳамин аст, ки чун мо бо кишварҳои ӯзбекистону Қирғизистон ҳамсарҳад ҳастем ва дар ин ҷумҳуриҳо хизмати ҷавонон як сол мебошад, хуб мешуд, дар Тоҷикистон низ хизмати яксола ҷорӣ карда шавад. Бовар дорам, ки дар ин сурат хоҳишмандони ба хизмати ҳарбӣ рафтан ҳам зиёд мешаванд.

Ҳилола Баротова, сокини кӯчаи Навобод, 69:

-- Ду писар дорам, ки калониаш як сол мешавад дар Русия, дуюмаш ҳоло дар синфи 11-ум мехонад. Ман хоҳиш мекунам, ки мӯҳлати хизмат як сол шавад. Ҳамин ки писарам аз Русия баргашт, албатта, ба хизмат мефиристем.

Дар бобати захираи ҷавонони синни тодаъватӣ, бино ба гуфти раиси ҷамоат, 310 нафар аз ин гуна ҷавонон ҳастанд.

Пас, боз ҳам саволе ба миён меояд, ки оё аз 310 нафари захира наход иҷрои нақшаи даъват (дар даъвати тирамоҳӣ ба монанди даъвати пешина ҷамоат ҳамагӣ 10 нафарро бояд сафарбар намояд) ҳамин қадар душвор бошад?!

Шояд раиси ҷамоат баҳонае пеш орад, ки ҳамаи ҷавонон ба Русия рафтаанду дар дафтари қайд пас аз ҳамсӯҳбат шудан бо волидони онҳо сабт шудааст. Ҳол он ки бино ба мушоҳидаҳои шахсӣ дар рӯи мизи кории раис ягон дафтари қайди ҷавонони синни тодаъватӣ мавҷуд набуд. Танҳо ба қавле "нав аз хоб бедор шудагӣ" барин зери даст варақае дошт, ки дар он ному насаби шаш нафар даъватшавандагон ва дар Русия будани онҳо қайд шудаасту бас. Чаро раиси ҷамоат аз рӯзи тамомшавии даъвати баҳорона то ба имрӯз танҳо бо шаш нафар (аз 310 нафар) сӯҳбат кардаасту кор-ҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст?!

Инро магар масъулиятшиносии роҳбари мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (ҷамоат) номидан мумкин аст?! Пас чӣ гуна метавон бовар кард, ки дар байни аҳолӣ ҷиҳати сари вақт сафарбар кардани ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ хуб ба роҳ монда шудааст?!

Дар ҷамоат, ҳамчунин, овозае ҳам паҳн шуда, ки ҳоло дар қисмҳои ҳарбӣ барои хизмати сарбозон гӯё ягон шароит мавҷуд нест. Сарулибоси низомӣ намерасаду хӯроки кам медиҳанд. Вале ин ҳама дурӯғи маҳз асту бофтаҳои чанд нафар аз шахсони беинсофу беимон! Зеро ба таври мунтазам аз телевизиону радио мебинему мешунавем ва ҳатто барои хотирҷамъии падару модарон чанд маротиба сафари волидайн ба қисмҳои низомии ҷойи хизмати фарзандонашон ташкил карда шуд, ки бо як ҷаҳон таассуроти амиқ ва хушҳол баргаштанд. Оё ин ҳамаро раиси ҷамоат ва масъулони дигар намебинанду намешунаванд, ки ба мардум сари вақт фаҳмонанду шарҳ диҳанд?!

Бо вуҷуди ин, ҳисси кунҷковӣ моро ором нагузошту ба назди сарбозон, ки дар нуқта (пост)-и мушоҳидавии Лаккон, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мавҷуд аст, рафта бо чашми худ дидем ва зимни сӯҳбат бо хизматчиён низ аён гашт, ки ягон арзу шикоят ҷиҳати шароити хизмат, таъминот бо либосу хӯрок надоранд. Сарбозони қаторӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа Аҳмад Қурбонов, аз ноҳияи Данғара Ҳакимҷон Холмуродов, аз ноҳияи Шаҳристон Авазбек Ҳасанов ва дигарон хушнудона хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда истодаанд.

Пас аз куҷо ин хел овозаҳову каҷфаҳмиҳо дар Ҷамоати деҳоти Лаккон сар задааст?! Барои чӣ роҳбарони ҷамоат ва масъули мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сари вақт ба ин овозаҳои бардурӯғ нуқта намегузоранд?! Ва ё шояд худи онҳо тарафдори чунин ашхоси бедаҳону беимонанд?!

Ба ҳар ҳол сари ин масъала бояд ба таври ҷиддӣ андеша намуд.

Исломҷон БОБОЕВ, мухбири махсуси "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh