«Қарз не, нафақаамро диҳед!»

Мусаллам аст, ки дар доираи амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии ҳукумати ҷумҳурӣ сол ба сол пиронсолону нафақахўрон ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ғамхории бештар фаро гирифта мешаванд. Аммо то кунун дар бисёр самтҳо, аз ҷумла дастгирии иҷтимоии мардум, мушкилот ҷой дорад, ки бар асари бемасъулиятии шахсони муайян ба миён омадаанд.

Ин андеша замоне дар зеҳни мо ҷой гирифт, ки ба мушкили нафақагирон бевосита шоҳид шудем. Таҳқиқоти мо дар ин самт нишон дод, ки ин ҷо мушкилӣ ҳаст, ки ҳалли он заҳмати зиёдро талаб намекунад. Танҳо масъулонро зарур аст, ки дар атрофи ин муаммо биандешанду барои матраҳ намудани он аз чораҳои муассир кор гиранд.

Тафсилот чунин аст: - Дар маъракае менишастем ва дар ин ҷо шоҳиди сўҳбати як гурўҳ заноне шудем, ки дар бобати масоили гуногуни ҷамъиятӣ, аз ҷумла сари вақт нагирифтани маблағи нафақа ва камбудиҳо дар ин раванд ҳарф мезаданд. Яке аз занон, ки ба шарти ифшо нашудани номаш бо мо сўҳбат кард, изҳор дошт, ки зиёда аз 40 соли умрашро баҳри хизмат ба Ватан сарф намудаасту имрўз нафақахўр. Писараш низ бо сабаби маъюбӣ нафақагир аст. Аммо на ҳамеша нафақаи онҳо сари вақт дастрас мегардад…

Санаи 9-уми октябр зимни қабули шаҳрвандон, ки аз ҷониби Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар шаҳри Чкалов баргузор гардид, як гурӯҳ нафақахӯрон дар бобати ин масъала изҳори нигаронӣ намуда, кӯмак пурсиданд.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳраки Палоси шаҳри Чкалов рўзи пардохти нафақа мушаххас нест, яъне сокинони шаҳрак намедонанд, ки кай нафақаашонро мегиранд. Бино ба гуфти шоҳидон, кормандони бонк бе огоҳии пешакӣ ҳамагӣ як рўз маблағи нафақаи мардумро ба шаҳрак меовардаанду нафарони огоҳ мегиранд, маблағи бозмонда ба шаҳри Чкалов бармегардад. Масъулон дар моҳи дигар ин ҷурмро ба нафақагирон бор мекунанд, ки "барои чӣ дар вақташ нагирифтед, ҷарима мебандем" гўён бо нафақагирон дурушт муносибат мекунанд.

-Охир, мо дар вақташ ба Ватан хизмат кардаем, андоз супордаему бо боварии комил гуфта метавонем, ки нафақа ин маблағи худи мост, аммо онҳое, ки нафақаамонро тақсим мекунанд, чунон муносибат мекунанд, гӯё ба нафақахӯр на нафақапулӣ, балки қарз ё садақа медода бошад, - афзуд нафақагири дигар.

Мардум аз он нигарон аст, ки барои гирифтани нафақа ба монеаҳои сунъӣ дучор шудаанд ва то кунун касе аз масъулон сари ин муаммо андеша намекунад.

Як сокини Ҷамоати шаҳраки Палос А.Ш., ки 45 сол дар соҳаи маориф собиқаи корӣ дорад, шиква аз он дошт, ки моҳи гузашта аз додани нафақа бехабар монда, маҷбур шудааст, баъдан барои 140 сомонии нафақааш 6 сомон роҳкиро сарф карда, ба шаҳри Чкалов равад. Ў низ шикоят дошт, ки рўзу соати муайяни нафақагирӣ маълум нест ва пешниҳод намуд, ки барои беҳтар шудани вазъият намояндагони бонк ақаллан 2-3 рўз нафақаро пардохт кунанд ва пешакӣ мардумро огоҳ намоянд. Зеро, дар ҳудуди 5-6 соат ба ҳамаи нафақахўрон хизмат расонидан ғайриимкон аст. Ҳамчунин, нуқтаи назарашро собиқадори маориф оид ба кортҳои пластикӣ мусбат арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки дар сурати дар шаҳрак гузоштани банкомат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт байни ашхоси калонсол шояд вазъият беҳтар гардаду сарсонии нафақахўрон аз байн равад.

Дар ҳоле ки аксари нафақагирони шаҳрак ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд. Хосият Аҳмадова, сокини Палос аз фаъолияти кормандони масъули пардохти маблағи нафақа қаноатманд асту сари вақт нафақаашро мегирифтааст…

Бо мақсади мушаххас намудани ихтилофи назарҳо дар ин масъала мо ба идораи ҷамоат омадем. Азбаски он замон маҷлиси фаъолони шаҳрак бо сокинони ҷамоат ҷараён дошт, сӯҳбате бо сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Палос Адолат Гадоева анҷом додем. Номбурда иқрор кард, ки дарвоқеъ ин муаммо ҷой дорад, яъне намояндагони бонк танҳо як рўз, вале кадом сана маълум нест, ба ҷамоат меоянд.

Агар соати 9-и пагоҳӣ биёянд, соатҳои 14-15 ҳарчанд маблағ бошад ҳам, "дер шуд, аз шаҳри Чкалов рафта мегиред" гўён гашта мераванд. Аз ин лиҳоз, одамоне ҳастанд, ки бинобар бемор ё ягон маърака доштан 2-3 моҳ инҷониб нафақа нагирифтаанд. Ҳамчунин вай гуфт, ки моҳҳои аввали соли равон намояндагии шўъбаи «интиқоли маблағи» Амонатбонки шаҳри Чкалов дар ҷамоат ташкил гардида, корманди он баробари вазифаи асосӣ ҳамчунин давоми 3-4 рўз маблағи нафақагиронро пардохта, ҳатто ба хонаҳояшон дастрас мекунад. Аз ин иқдом мардум хушнуд гашта буданд. Вале бо сабабҳои номаълум корманд аз кор рафт, пардохти нафақа боз чун пешина муаммо боқӣ мемонад.

Бо мақсади он, ки омили асосии сари вақт нагирифтани нафақаро муайян намоем, ба раиси Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Чкалов Мухтор Бобоҷонов муроҷиат намудем:

- Дар маҷмўъ аҳолии шаҳрак 4 100 нафар буда, аз он 274 нафарашон нафақахўрон мебошанд. Ҳар моҳ як маротиба кормандони бонк маблағи нафақаро ба шаҳрак меоранд ва кормандони мо то ҳадди имкон мардумро огоҳ менамоянд. Баъзан бо сабабҳои объективӣ худи нафақагирон омада наметавонанд ва аз рўи системаи кори бонкӣ бояд соати 15:00 аллакай ҳисоботи маблағи пардохтшуда ба бонк пешниҳод гардад. Барои сарфаи вақту маблағи мардум мо дар шаҳрак филиали "Амонатбонк"-и шаҳри Чкаловро таъсис додем. Ҳамчунин, барои ба нафароне, ки танҳоянд ё пиронсоли барҷомонда як нафаре, ки худ нафақахўр аст, хоҳиши онҳоро ба назар гирифта, ба 84 нафар пирони барҷомонда ба хонаашон бурда мерасонад.

Зимни сўҳбат дар бобати ҷорӣ намудани кортҳои пластикӣ, ки то имрўз дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят ҷорӣ шудааст, аз Мухтор Бобоҷонов суол кардем, мавсуф изҳор дошт, ки айни ҳол аз ҷониби роҳбарияти бонки «Эсхата» насби банкомат дар шаҳрак пешниҳод шудааст, дар ин замина гуфтугӯ давом дорад ва бояд то охири моҳи равон ин масъала ҳалли худро пайдо кунад. Котиби ҷамоат Мастона Кенҷаева низ шарҳ дод, ки барои кортҳои пластикӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои нафақахўронро омода намуда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудаанд.

Тавре аз маълумоти мудири шўъбаи агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Чкалов Мазбут Дадокалонов аён гардид, дар шаҳр 2413 нафар нафақахўр зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла нафақагирон аз рӯи синнусолӣ 1247 нафар, аз ҷумла, мардҳо 380 нафар, аз рӯи маъюбӣ 727 нафар, нафақахӯрони иҷтимоӣ 36 нафар, маъюбӣ аз давраи кӯдакӣ 135 нафар, то синни 18-сола 84 нафар, маъюбони ҶБВ 83 нафар, иштирокчиёни ҶБВ 2 нафар мебошанд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 4,1 миллион сомонӣ маблағи нафақа (100 фоиз) пардохт шудааст. Маблағи якмоҳаи нафақаи сокинон дар маҷмӯъ 588,6 ҳазор сомонӣ буда, дар моҳи сентябр ин маблағ пурра пардохт шудааст. Маълум аст, ки сарчашмаи асосии пардохти нафақа ин буҷети давлатӣ мебошад ва вобаста ба иҷроиши буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад. Оид ба шикояти шаҳрвандон дар бобати ба таъхир мондани маблағи нафақа чунин гуфтаниам, пас аз пардохти андози 25-фоиза аз музди маоши коргарон дар корхонаҳо ба суратҳисоби агентӣ ворид шудан, маблағгузории андози иҷтимоӣ оғоз мешавад. Вазифаи мо маблағро дар вақташ тақсим кардан аст, дар бобати пардохт ва дастрас намудани нафақа бошад, филиали "Амонатбонк" дар шаҳри Чкалов бояд таъмин кунад.

Мавсуф дар бобати ба корти пластикӣ гузаронидани маблағи нафақа иброз дошт, ки аз тарафи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Чкалов тақрибан 95 фоизи ҳуҷҷатҳои зарурии шаҳрвандон омода шудааст. Барномаи компутериро, ки "Амонатбонк"-и ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, компутери коргоҳи мо қабул накарда истодааст. Корти пластикӣ ҳаматарафа қулай буда, пеш аз ҳама тараққиёти кишварро нишон медиҳад ва сабабҳои ба навбат истодану нофаҳмиҳои байни нафақагирон ва кормандони бонк аз байн меравад.

Дар шаҳр ду нуқтаи филиали "Амонатбонк" фаъолият дошта, ба нафақахўрон хизмат мерасонад..

-Эроди мардум дар бобати муайян набудани рӯзи нафақагирӣ дуруст аст. Баъзе нафақагирони шаҳр яккаву танҳо ва дар ҳақиқат мӯҳтоҷ ҳастанд. Бинобар ин мо аз мақомоти болоӣ хоҳиш менамоем, ки маблағи нафақаро сари вақт маблағгузорӣ намоянд. Ин муаммоҳои нафақахӯрон дирӯз, санаи 10 октябр дар маҷлиси шаҳрӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба миён гузошта шуд ва дар онҳо роҳбари Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят Абдушукур Бобоҷонов ба зимма гирифт, ки ҳар моҳ аз санаи 20-ум то 25-ум пурра маблағи нафақа дар шаҳри Чкалов пардохт карда мешавад. Аз ин пас ҳар моҳ мушахассан санаҳои 22 - 23-юм бошандагони шаҳр ва санаи 24-ум сокинони шаҳраки Палос нафақаашонро гирифта метавонанд.

Мо, кормандони бонк низ ҷонибдор ҳастем, ки он рӯз, ки маблағгузорӣ аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр шавад, худи ҳамон рӯз кӯшиш мекунем, ҳарчӣ зудтар ба нафақагирон маблағи нафақаашонро пардохт намоем, -мегӯяд сардори шӯъбаи "Амонатбонк" дар шаҳри Чкалов Бузургмеҳр Fайратов.

Сабаби асосии он арзу шикоятҳое, ки аз ҷониби нафақахӯрон меоянд вобаста ба маблағузории шўъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Чкалов мебошад. Дар бонк ҳамеша маблағи нақд мавҷуд аст, вале аз рӯи қонунгузорӣ мо онро ба пардохт намудани нафақа истифода бурдан ҳуқуқ надорем.

Чуноне ки маълум шуд, масъалаи мавриди назар танҳо ба масъулони сатҳи поёнӣ дахл дошта, андешидани чораҳои амалӣ ба ҳалли он мусоидат хоҳад кард. Пас, ба назари мо, эҳсоси масъулият аз сўи кормандони ниҳоде, ки зикраш кардем, метавонад ба осонӣ ин мушкилии сокинонро матраҳ намояд. Вале то куҷо ба ин мавзӯъ расидагии комил сурат мегирад, иродаи масъулон медонад. Ба ҳар ҳол, дар робита ба мавзӯи пешниҳодшуда идораи рўзнома вокуниши доираҳои дахлдорро интизор мешавад.

Маъмурахон САМАДОВА,
Мафтуна РАҲМАТОВА
,
мухбирони махсуси "Ҳақиқати Суғд"

 

Add comment


Security code
Refresh