Аз аввали сол ҳамагӣ 29 шумора

Оё он мувофиқи матлаб аст?

23 августи соли 2011 дар хоҷагии "Мирзоматов"-и Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода бо мардуми ноҳияи Ашт мулоқот ороста буд. Аз он дам зиёда аз як сол сипарӣ гардид. Бо мақсади он ки дар ин муддат талабу дархости мардум то чӣ андоза ҳал гардид, ба ноҳияи Ашт сафари корӣ доштем.

 

Ҳангоми варақгардон намудани парвандаҳо дар шӯъбаи назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия огоҳ шудем, ки дар ин мулоқот ба масъулин баҳри ислоҳ аз ҷониби Раиси вилоят Қоҳир Расулзода 32 дастуру супориш дода шуда, сокинони он маҳал бошанд, дар доираи 14 масъала кӯмак хоста буданд. Таъмиру тармими мактаб, муассисаҳои томактабӣ, хонаҳои саломатӣ, беҳдошти вазъи роҳу кӯпрукҳо, таъминот бо оби ошомиданӣ ва полезӣ аз масъалаҳое буданд, ки бештар сокинонро ба ташвиш андохтааст.

Яке аз дархости дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба масъулин пешниҳодшуда ташкили корхонаҳои хурд барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, андешидани чораҳо ҷиҳати барқароркунии корхонаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо буд.

Дар ахбороте, ки Раиси ноҳия Азимбой Азизов ба Раиси вилоят ирсол намудааст, гуфта шудааст : "…Бо вуҷуди андешидани чораву тадбирҳои зарурӣ, аз сабаби набудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ то ҳол дар ноҳия корхонаҳои хурд барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ташкил нашудааст. Ташкил намудани корхонаи хурд барои коркарди маҳсулоти кишварзӣ дар барномаи рушди ноҳия пешбинӣ шудааст ва барои амалӣ гардидани онҳо чораҳо андешида мешаванд. ҶС "Заводи консервбарории Ашт" аз сабаби суст гардидани талабот дар бозори дохила ва хориҷӣ фаъолият наменамояд. Маъмурияти корхона тасмим гирифтааст, ки дар солҳои 2012-2013 дар коргоҳ таҷҳизоти замонавӣ васл намуда, истеҳсоли маҳсулоти консервиро дар зарфҳои хурдҳаҷм (тетропакет) ба роҳ монад".

Бояд зикр намуд, ки барои коркарди пахта ва маҳсулоти он дар ноҳия ду корхонаи пахтатозакунӣ, се корхонаи равғанкашӣ ва коргоҳи истеҳсоли пахтаи хоҷагӣ фаъолият намуда истодаанд ва иқтидори истеҳсолии онҳо имконият медиҳад, ки пахтаи хоҷагиҳои ноҳия ба пуррагӣ коркард карда шаванд. Яке аз дастуре, ки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар рӯзи мулоқот ба дӯши масъулон вогузошта буд, андешидани тадбирҳо оид ба рушди соҳибкорӣ дар ноҳия аст.

Ба гуфти мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои ноҳия З. Эшматов солҳои охир бо дастгирии бевоситаи соҳибкорони ноҳия теъдоди зиёди иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис гардид. Дар иншоотҳои боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамзамон мавсуф изҳор намуд, ки соли 2012 дар ноҳия коргоҳи нави коркарди чӯбу тахта дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз, дар шакли моликият хусусӣ бо таъсиси 30 ҷойи корӣ, коргоҳи қаннодӣ дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати Ашт, коргоҳи равғанкашии ҶДММ "Рухшона"-и деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт, аз нав таҷҳизонидан барои истеҳсоли намаки "Экстра" дар ҶС "Кони намак" дар Ҷамоати деҳоти "Меҳробод" ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин чанд иншоотҳои дигар, аз қабили Маркази ҷавонон, Маркази саломатӣ ва мактаб сохта мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ҳамаи онҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

Васоити ахбор пулест байни ҳукумат ва мардум. Мардум метавонад навгониҳоеро, ки дар ҷомеа ба амал меоянд, тавассути ҳамин расонаҳо огоҳ гарданд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар рӯзи мулоқот бо мардуми ноҳияи Ашт роҷеъ ба кам будани теъдоди рӯзномаи ноҳиявии "Шӯҳрати Ашт" изҳори норозогӣ намуд. Баъди мулоқот дар ин ҷода қадаме ба пеш гузошта шуд. Агар соли 2011 рӯзнома бо теъдоди 1590 нусха рӯи чоп ояд, бинобар хуб ба роҳ мондани маъракаи обуна барои соли 2012 теъдоди он дар ин сол ба 2720 нусха расонида шуд, ки ин аз соли пештара 1130 нусха зиёд аст. Аҳли эҷоди рӯзнома кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки обуна барои соли 2013 аз имсола кам нашавад. Бино ба гуфти сармуҳаррири рӯзнома Юнусалӣ Сиддиқов, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ рӯзнома ҳамагӣ 29 шумора чоп шуд, ки ин мувофиқи матлаб нест. Барои ҳафтае як маротиба баровардани рӯзнома маблағ намерасад. Хуб мешуд, ки дар ҳалли ин масъала масъулин чорае андешанд.

Дар яке аз бандҳои пешниҳоди Раиси вилоят дар мулоқот бо сокинони ноҳия супориш шуда буд, ки ҳаммоми хусусигардонидашудаи деҳаи Понғоз ба кор дароварда шавад. Бояд зикр намуд, ки ҳаммоми мазкур соли 2006 дар музояда ба шаҳрванди ҳамин деҳа Шамсиддин Шарифов фурӯхта шудааст. Имрӯз аз тарафи соҳибмулк як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Бинои ҳаммом хеле кӯҳна ва фарсуда буда, барои таъмири он маблағи зиёд лозим аст. Ба ин нигоҳ накарда соҳибмулк қисми зиёди таъмири бинои мазкурро ба охир расонидааст. Аз сабаби кӯҳна ва дар нишебӣ ҷой гирифтани бинои ҳаммом дар он ҷое, ки бо ёрии ангишт оби гармро омода месохтанд, ҳамеша об чун кӯл вуҷуд дошт ва боиси боз ҳам футур рафтани бино мешуд. Барои садди роҳи намиро гирифтан соҳибмулк гирду атрофи ҳаммомро бетонкорӣ намуд. Ҳамчунин панҷараҳои паҳлӯи роҳ барқарор карда шуданд. Дарҳои ҳуҷраҳои дохили ҳаммом аз нав сохта, болопӯши он бо плитаҳои сементӣ пӯшонида шудааст. Айни ҳол дар ин иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ идома дорад. Соҳибмулк Шамсиддин Шарифов арз кард, ки кӯшиш менамояд, биноро то ҷашни Истиқлолияти миллии навбатӣ омода созад. Соҳибкор иброз дошт, ки ягона муаммое, ки пеши роҳи ӯро гирифтааст, ин набудани обпарто аст. Обпартои пештараи ҳаммомро, ки ду ҳавлӣ поёнтар ҷойгир шуда буд, ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ додаанд ва алҳол дар он минтақа мардум хона бунёд намудаанд. Шамсиддин Шарифов дар дохили ҳавлии ҳаммом обпартои дигар сохтааст. Аммо оё он хизмати обпарторо иҷро мекарда бошад?

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар шафати бинои ҳаммом соҳибмулк Шамсиддин Шарифов барои сокинони деҳоти Понғоз мактаби ронандагӣ кушод. Бино замонавӣ буда, ба тамоми талабот ҷавобгӯ аст. Бинои мазкур 7 январи соли 2012 мавриди истифода қарор гирифт. Алҳол 16 нафар бо ҷои корӣ таъмин гардида, дар ду баст зиёда аз 120 нафар бо омӯзиши нозукиҳои касби ронандагӣ машғуланд.

Сӯҳбати телефонии мо бо муаллимаи мактаби рақами 50-уми Ҷамоати деҳаи Бахмал Ҳафиза Эшматова хеле ҷолиб буд. Вақте аз ӯ пурсон шудем, ки аз иҷрои дархости худ дар рӯзи қабули шаҳрвандон, ки 23 августи соли 2011 ба Сарвари вилоят иброз дошта будед, қаноатманд ҳастед ё на? Мавсуф изҳор намуд, ки дар ҳақиқат ман аз Раиси вилоят хоҳиш намуда будам, ки ҷиҳати шиферпӯш намудани боми бинои мактаби №50 -и деҳаамон кӯмак расонад. Баъди муроҷиати банда ба мактаб барои харидани масолеҳи сохтмонӣ 24,800 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Мо ҳамроҳи падару модарон ба таври ҳашар нисфи биноро шиферпӯш намудем. Яъне 50 фоизи корҳо иҷро гардид. 12 синфхонаи боқимонда дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад.

Огоҳӣ ёфтам, ки санаи 20-уми сентябр қабули навбатии Раиси вилоят доир мегардад. Албатта, ба қабул омада, аввал барои кӯмаку дастгириашон миннатдории худро баён менамоям, баъдан илтимос мекунам, ки барои дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола азият накашидани хонандагон баҳри таъмири боқимондаи синфхонаҳо кӯмак намоянд.

Боиси шодмонист, ки ҳар сол қабули Раиси вилоят `ё мулоқот бо эшон ба диёрамон ободию саодатмандиро меорад. Чунки муаммое, ки солҳои сол мардум аз ҳалли он оҷиз буданд, дар ин рӯз, албатта, ҳалли худро меёбанд, ё ягон маслиҳати судманде мегиранд. Аз ин рӯ, бесаброна рӯзи қабулро мо, омӯзгорон, интизорӣ мекашем.

Дар ҳақиқат рӯзи қабули шаҳрвандон дар шаҳру навоҳии вилоят ба мардум имконият медиҳад, ки оид ба муаммои ҷойдоштаи зиндагии хеш ба Роҳбари вилоят арз намоянду аз паи иҷрои он бошанд. Имрӯз дар ноҳияи Ашт низ барои қабул омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Дар бобати қабули навбатии Раиси вилоят аксари аҳолии ноҳия тавассути варақаҳо ва радиои маҳаллӣ хабардор ҳастанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
Шоира САЛИМОВА,
мухбирони махсуси "Ҳақиқати Суғд"
Дар сурат: 1 лаҳзае аз мулоқоти соли 2011 2. Тарҳи бинои ҳаммоми деҳаи Понғоз баъд аз муроҷиат.

Add comment


Security code
Refresh