Ташаббус бисёр, аммо…

Назаре ба натоиҷи вохўрии порсолаи Раиси вилоят
Санаи 17-уми майи соли 2011-ум Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар боғи Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии "Саидқӯрғон"-и ноҳияи Спитамен бо сокинони ноҳия мулоқот доир кард. Раиси вилоят аз дастовардҳо, камбудиву норасоиҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сухан ронда, ҳамчунин баҳри беҳбуди фаъолият ба масъулини мақомоти маҳаллӣ ва мутасаддиёни ташкилоту корхонаҳо дастуру супоришҳо дод. Он рӯз чанд нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ ба Раиси вилоят муроҷиат карданд. Баҳри иҷрои масъалаҳои баррасишуда Раиси вилоят мутасаддиёнро вазифадор кард.

Инак, аз мулоқоти Раиси вилоят бо мардуми ноҳия як солу се моҳ сипарӣ шуд. Тӯли ин муддат дастуру супоришҳои роҳбарияти вилоят, муаммоҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ то кадом андоза ҳалли хешро ёфтанд. Бо мақсади шиносоӣ аз сатҳи иҷроиши онҳо хабарнигорони рӯзнома нахуст бо ҳуҷҷатҳо ошно гардида, ҳамчунин бо чанде аз сокинон мулоқот ороста, аз вазъи ҳалли муроҷиати шаҳрвандон дар ноҳияи Спитамен огоҳӣ ёфтанд.

ҲОЛАТИ РОҲ АҲМАДИ ПОРИНА

Худойқул Ҳазратқулов, вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии №11-уми ноҳия, раиси маҳаллаи Абӯрайҳон Берунии Ҷамоати шаҳраки Нов ба Раиси вилоят пешниҳод кард, ки барои 1,5 км роҳи дохилиноҳиявӣ, ки аҳволаш хеле хароб асту вақтҳои иду айём, ҳангоми бастани роҳи асосӣ он чун роҳи ёрирасон хизмат мекунад, битум ҷудо кунанд ва мардуми кӯча омодаанд, ки бо роҳи ҳашар кӯчаро обод намоянд. Мо ба Х.Ҳазратқулов суол кардем, ки натиҷаи дархосту пешниҳоди шумо чӣ шуд? Вай ба ҷои ҷавоб хомӯшона моро ба сӯи сабукрави худ бо маънои " шунидан кай бувад монанди дидан…" таклиф кард. Мошини "Жигули" моро бо роҳҳои пурчангу ғубор, пасту баланд, вайрона аз маҳаллаи Берунӣ то бозори марказӣ овард. Яъне, вазъият ҳамон буду ҳамон. Дар муддати бештар аз як сол дар роҳи ҳамагӣ якуним километр ҳеҷ кор анҷом дода нашудааст. Ҳарчанд аз ин вазъият раиси ноҳия ва ташкилотҳои марбутаи вилоятӣ огоҳанд. Дар беҳтаргардонии вазъи роҳ тавре Х. Ҳазратқулов арз дошт, ҳамагӣ 13 тонна битуми моеъ кофист. Танҳо дастгирӣ лозим асту халос, боқӣ аз ғайрату ҳиммати сокинон вобаста аст.

"ЯХ АЗ ҶОЯШ ҶУНБИД…"

Дар рӯзи мулоқоти Раиси вилоят Мамадҷон Абдуқаҳҳоров, сокини деҳаи Саидқӯрғон, Ҷамоати деҳоти Оқтеппа масъала ба миён гузошт, ки кӯдакистони дар ҳудуди ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии "Саидқӯрғон" воқеъ бударо фурӯхта, ба чойхона табдил додаанд. Имрӯз бошад, он ҷо ба майхона, ошхона мубаддал шудааст. Ҳол он ки талабот дар ҳудуди деҳа ба кӯдакистон калон аст. Раиси вилоят масъулон ва раиси АХД-ро вазифадор карда буд, ки масъаларо омӯхта, муассисаи томактабӣ ба ихтиёри мақомоти маҳаллӣ вогузошта шавад. Барои аз вазъи кор огоҳ шудан ба раиси АХД "Саидқӯрғон" Каримҷон Исмоилов муроҷиат кардем. Чунон ки мавсуф қайд кард, бинои кӯдакистон баъди дастуру супориши Раиси вилоят ба мувозинаи Ҷамоати Истиқлол (собиқ Оқтеппа) гузаронда шуд. Вай изҳор дошт, ки тайёр аст, ҳангоми оғоз кардани таъмиру тармими бино аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намояд.

Раиси Ҷамоат Мансур Турсунов иброз дошт, ки бинои кӯдакистон дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, баҳри таъмиру тармими он 100 ҳазор сомонӣ лозим аст. Ба кӯдакистон бошад, талабот хеле калон,-зикр кард вай. - Ба идораи молия смета тартиб дода, пешниҳод кардем, вале ба мо гуфтанд, ки чунин хароҷот дар нақшаи ноҳия нест. Мумкин дар оянда маблағ дарёфт гардад. Алҳол бошад, аз ҷониби сокинон ва волидони бачагон маблағ ҷамъ шуда истодааст. Ҳарчанд беш аз даҳ ҳазор сомонӣ ғун шудааст, аммо он кофӣ нест, ки маҳсулот харидорӣ намоем. Мо ба ҷалб намудани соҳибкорон кӯшиш карда истодаем, -гуфт М. Турсунов.

Ба ҳар ҳол, тибқи дастури Раиси вилоят ба мувозинаи Ҷамоат гузаронда шудани муассисаи томактабӣ худ комёбист, яъне ях об шуда ба ҳаракат даромадааст ва акнун дастгирии молиявии саховатмандон лозим аст, ки таъмири боғчае, ки кӯдакони бисёре интизори кушода шудани дарҳои он мебошанд, ҷараён гирад.

БА 18 МУҲАССИЛ-1 КОМПУТЕР

Қабл аз мулоқот бо сокинон Раиси вилоят бо вазъи соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ошно гардида, эрод гирифта буд, ки ҷараёни компутеркунонии мактабҳо мувофиқи матлаб нест. Тибқи дастури Президенти кишвар компутеркунонии мактабҳо бояд соли 2011-ум ба итмом расад. Вале ин кор дар ноҳия суст ҷараён дорад, -эрод гирифта буд Раиси вилоят.

Мо дар бобати вазъи компутеркунонӣ дар мактабҳо ба нозири шӯъбаи маорифи ноҳия Одилҷон Эрматов муроҷиат кардем:--Баъди дастуру супориши Раиси вилоят то имрӯз ба миқдори 83 адад компутер ва 13 адад принтер дастрас карда шуд. Акнун макотиби ноҳия ҳамагӣ бо 550 компутер ва 93 принтер таъминанд, ки ин ба 18 нафар хонанда як адад рост меояд.

БОЗОР НАМУНАВӢ ШУД

"Ҳарчанд нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори марказии ноҳия нисбат ба дигар манотиқи вилоят арзонтар аст, тартибу низоми бозор нигаронкунанда буда, маҳсулоти саноатӣ дар омехтагӣ бо озуқаворӣ фурӯхта мешавад", -эрод гирифта буд Раиси вилоят баъди огоҳ шудан аз фаъолияти бозори марказӣ. Мо ба раиси бозори марказии ноҳия Амиршо Мирзоев муроҷиат намудем, ки то кадом андоза вазъ ба тартиб оварда шуд. -Баъди мулоқоти Раиси вилоят бо сокинон ва эродҳои он кас даромадгоҳи бозор, роҳҳои даруни бозор бо маблағи 30 ҳазор сомонӣ таъмир ва дарвозаи бозор иваз карда шуд. Фурӯши маҳсулот ба ифоқа оварда шуд. Ҳатто бозор дар озмуни вилоятӣ ширкат карда, лойиқи ҷойи сеюм гардид. -Имрӯз дар мувофиқа бо роҳбарияти ноҳия ва идораи маорифи ноҳия дар ҳудуди бозор ярмаркаи мактабӣ ташкил кардем, ки барои волидон хеле хубу қулай аст,--гуфт Амиршо Мирзоев.

БИНОИ… ГИРЁН

Замоне буд, ҳамагӣ бист - сӣ сол пештар. Толори азими ин бино, ки беш аз ҳаштсад нафарро ҷой мекунонад, пури одам, асосан ҷавонон. Онҳо вақти холии худро дар ин бино бо тадбиру чорабиниҳои дилангези фарҳангиву фароғатӣ пурмазмун мегузаронданд. Ва рӯзи дигар бо дилу рӯҳи болида гӯё аз нав ба зиндагӣ оғоз мекарданд. Ин замоне буд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо ва аҳли ҳунар муаррифгари санъати баланди тоҷик қарор дошт. Замоне буд, ки толори пур аз тамошобин зери қарсакзаниҳои пурмавҷ аҳли санъатро шодона пешвоз мегирифт. Мухлисон ҳар субҳу шом бо умеди тамошои барномаи нави консертӣ дар даромадгоҳи Хонаи фарҳанг дар навбат меистоданд. Ҳаводорони савту калом дар мактаби мусиқии ноҳия бо омӯзиши асбобҳои мусиқӣ машғул буданду хонандагони бешуморе аз китобҳои тозанашр, рӯзномаву маҷалла, нашрияҳои гуногуни соҳавии назди китобхонаи хонаи фарҳанг дониш меандӯхтанд. Назди даромадгоҳи Хонаи фарҳанги марказонидашудаи ноҳия таваққуф намуда, чанде ба намуди зоҳирии бино назар дӯхтем. Пойдевори мустаҳкаму устувораш аз он шаҳодат медиҳад, ки боз солҳои зиёде ба мардум хизмат хоҳад кард, агар…

Намуди имрӯзаи бино дар дили ҳар бинанда ҳисси тараҳҳумро бедор мекунад. Агар ҳаво гарм аст, бахайр, худо накарда, бориш ба амал ояд, боми утоқҳои мактаби мусиқӣ, китобхона шорида, ба қавле, ба ҳоли худ мегиряд. Ба ҷои тамошобинони дилашон пурҷӯшу хурӯш ва қарсаку ҳоюҳуйҳо алҳол дар толори барҳаво иҷоранишинон -- кабӯтарону паррандагонанду дар саҳнаи "хуштарҳу барҳаво"-и он нағмапардозӣ доранд. Сақфи бино батамом фурӯ рафта, аз курсиву ҷойи нишаст нишоне нест. Деворҳои аз таъсири зиёди барфу борон кафидаи филиали китобхонаи № 23-юм, ки дорои наздик 9 ҳазор китоб буда, сарвариашро Валентина Салахова ба ӯҳда дорад ва мактаби мусиқии № 2-юм, ки дорои 6 синфхона асту сарвариаш ба зиммаи Исломҷон Усмонов вогузор шудааст, ташвишовар мебошад. Бо фаро расидани фасли сармо ва айёми боронгарӣ кормандон ба таҳлука меафтанд. Мабодо худо нахоҳаду ҳангоми мутолиаи китоб ва навозиши асбоби мусиқӣ ИНСОНе зери фалокати ногувор монад. Роҳбари бадеии Хонаи фарҳанг Зафар Отаев, ки овони кӯдакиашро дар ин макон гузаронидаву ҳар пора хишту хоки онро азиз мешуморад, аз тақдири минбаъдаи бино дар ташвиш аст. Зеро маъмурияти бахши фарҳанг борҳо остонаи масъулонро "охурча" кардаанду натиҷае ба даст наовардаанд. Чанд бор ба Вазорати фарҳанг, идораи молия ва фарҳанги вилоят мактуб навиштаанду ваъдаҳо гирифтанд, аммо… Кормандони бахши фарҳанг умедворанд, ки боми даргоҳашон шиферпӯш мегардаду таъмири дигари биноро худи санъаткорон ба ӯҳда мегиранд.

Мактуби ба қарибӣ иншошудаи фарҳангиёнро айнан рӯйи коғаз меорем: "Ба раиси ноҳияи Спитамен мӯҳтарам Маҷидов М.Х. Маъмурияти бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ба маълумоти Шумо мерасонад, ки боми хонаи фарҳанги марказонидашудаи ноҳия воқеъ дар шаҳраки Сомониён дар ҳолати вазнин қарор дорад. Дар мавсими тирамоҳ сабабгори гузаштани борон ба дохили бино мегардад. Аз ин лиҳоз, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои пӯшонидани як қисми боми хонаи фарҳанги марказонидашуда (ҳуҷраи кории клубҳои системаи марказонидашуда ва мактаби мусиқии бачагонаи № 2) аз ҳисоби иморати кӯҳнаи шӯъбаи маориф ба миқдори 14 (чордаҳ) метри мукааб тахта мусоидат намоед. Ба қадри имкон то мавсими боронгарӣ барои дастрас намудани 520 (панҷсаду бист) адад шифер кӯмаки амалии Шуморо мепурсем. Бо эҳтиром: Мудири бахши фарҳанг: Т. Тоҷибоев".

Аз навишта шудани мактуб зиёда аз як моҳ гузашта бошад ҳам, аз масъулин садое нест. Ва воқеан, ин мактуб баъди он навишта шудааст, ки соле пеш, дар рӯзи мулоқоти Раиси вилоят бо сокинони ноҳия дар ин бобат ба Сарвари вилоят арз карда буданд ва Раиси вилоят баҳри тармими боми бинои Маркази ҷавонон ба ҷудо кардани 150 ҳазор сомонӣ супориш дода буданд… Вале, ягон навигарӣ нашуд. Наход тақдири фарҳангиёни ноҳия касеро ба ташвиш наоварад? Наход масъулин нахоҳанд, ки аз ноҳия санъаткорону ҳунармандони варзидае ба камол расанд?

Чунин Қасри мӯҳташаму босалобати фарҳанг дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 3 адад аст. Чаро Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен наметавонад ҳампояи Қасри Ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ гардаду толорашро кафкӯбиҳои бешумори мухлисону тамошобинон гул кунонад? Бинои гирёну нолони Хонаи фарҳанги ноҳия хостори дастгирии масъулин буду ҳамчунин мемонад.

ҲУҶҶАТҲО ЁФТ ШУДАНД

Сафи нафароне, ки дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри ҳифзи Ватан ҷон нисор кардаанд, кам нестанд. Ва давлату ҳукумат ҳамеша онҳоро қадрдонӣ кардаанд. Нафароне буданд, ки бо вуҷуди иҷрои қарзи инсонии худ бо сабабҳои гуногун аз назар дур мондаанд. Раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Абдуҷалил Абдувоҳидов аз номи нафақахӯрон ба Раиси вилоят сипос гуфта, дар мавриди хизматҳои шоистаи 17 нафар, ки дар ақибгоҳ хизмат кардаанду ҳуҷҷатҳои кофӣ надоранд, сухан карда, барои муқаррар намудани имтиёз ба онҳо кӯмак пурсид. Чун дар бойгонии ноҳия ҳуҷҷатҳои ин ашхосро пайдо накарданд, аз бойгониҳои гирду атрофи вилоят кӯмак хостанд. Аз гурӯҳи 17 нафара имрӯз Юлдош Расулов, Чиннӣ Юлдошева ва Аҳмадҷон Орифов бо дастрас кардани ҳуҷҷатҳои лозимиашон аз бойгониҳои шаҳру ноҳияҳои Истаравшану Шаҳристон бо нафақапулӣ, ки пештар 80 сомонӣ буду алҳол миқдори он ба 340 сомонӣ расидааст, таъминанд. Хурсандии нафақахӯрон ҳадду ҳудуд надошт. Аммо сад дареғ, ки нафарони дигар бар сабаби пиронсолӣ аз дунё реҳлат намудаанду ба хурсандии онон шодишарик нестанд.

Аз идора: Чуноне аз ошно гардидан бо ҳуҷҷатҳо ва гуфтугӯи бевосита аён гардид, умуман дар ноҳия рӯзи қабули шаҳрвандон ва мулоқот бо Сарвари вилоят дар ҳалли бисёр масоили ҳалталаб мадад расондааст ва ё барои дарёфти роҳи он таконе бахшидааст. Вале ҳолатҳое низ вомехӯранд, ки шаҳрвандон аз ҳалли масъалаи худ қаноатманд нестанд ва рӯзи мулоқоти навбатиро интизоранд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
Шоира САЛИМОВА,
мухбирони махсуси "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh