Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Ҳини дар паси мизи талабагӣ нишастан муаллим ин мисраъро хонда, шарҳ медоданд. Баъзан аз ҳаёт мисолҳо меоварданд, мо бошем бо дили маъсуми кӯдакона "наход ки" мегуфтему баъзе русдонҳоямон "не может быт" гӯён садо баланд мекарданд.

Вале воқеияти ҳаёт ва тазодҳои зиндагӣ нишон дод, бештар онҳое ба хатокорӣ роҳ медиҳанд, ки дар пайи ҷустуҷӯйи хатои дигаронанд. Онҳое ба панду андарз ва насиҳатгӯйиҳо устухон надоранд, ки худ ва ё наздиконашон аз кӯчаи одобу ахлоқ нагузаштаву оддитарин панду андарзро риоя намесозанд. Инчунин нисбат ба кирдори содиркардаи хеш бетарафанд ва боиси озори дигарон мешаванд. Ҳарчанд дар аҳодиси набавӣ ва оёти қудсӣ оид ба гиромидошти ҳамдигар ва дастгирии мӯҳтоҷону барҷомондагон дар радифи бадӣ накардан таъкидан суханҳо рафтааст. Аммо дар ҷомеаи мо афроде ёфт мешаванд, ки ин маъниро фаромӯш кардаанд ё ин маъниро танҳо барои дигарон мегӯянду бас. Ин ҳам дар он сурат аст, ки хуб медонанд, дар ин маънӣ пайғамбари гиром (с.а.в.) гуфтаанд: "Некӯтарин хислате, ки ба шарофати он одамон ба ҷаннат медароянд, ин худотарсӣ ва рафтори хуб аст" (ривояти Абуҳурайра ва Имом Тирмизӣ).

Чанде пеш дар деҳаи Чоркӯҳ ҳодисаи нохуше рӯй дод. Нафаре бо мошини сабукрави худ Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳоҷӣ Иброҳимбой Аловаддиновро зада, гузашта рафт. Ба қавле "аз ҷойи ҳодиса гурехт". И.Аловаддинов бошад, бо пойи шикаста дар беморхона бистарӣ шуд. Шояд бархе гӯянд, ки хайр, чӣ ин ҳодисаи иҷтимоӣ ва садамаи нохуш аст. Шояд, аммо гап дар сари он аст, ки нафари задаву аз ҷойи ҳодиса пинҳоншуда фарзанди яке аз "бузургон" - ҲНИТ, узви раёсати ин ҳизб дар Исфара Бобоҳидо Ҳайдаров аст. Онест, ки мехоҳад ба гӯши мардум сиёсати ҳизбиро бо истифода аз қувваи дини мубини ислом "об карда резад". Ба хотири пеш бурдани ҳадафҳои ҳизбии хеш аз ҳамаи он минбарҳое, ки имкони баромад кардан доранд, истифода мебарад.

Аммо ҳамин нафар фарзандеро тарбият намуда, ки ҳам гуноҳ содир мекунаду ҳам нисбат ба оқибати он беэътиноӣ зоҳир месозад. Фарзандеро, ки наметавонад оддитарин талаботи инсонгароиву ба қавли худи наҳзатиҳо "мардумсолорӣ"-ро риоя кунад. Мӯйсафедеро зада аз по афтонаду аз ҷойи ҳодиса фирор намояд. Шояд ягон омиле сабаб гашта, ки фарзанди "тарбияи хубдида" аз ҷойи ҳодиса ғайб занад. Шояд дар дохили мошин "меҳмони нозуке" буда, ки малоли хотири ӯ болотару қимматтар аз ҳаёти инсону осеб расонидан ба ҷону ҷисми ӯст. Шояд вазъияти ронандаву ҳамсафонаш иҷозати ошкор шудани ҳолаташонро намедод ва ё шояд оддиякак аъзои ҲНИТ чун дар дохили мошин буданд, нахостанд сӯҳбати "қаймоқин"-и худро ба хотири як нафар мӯйсафеде барҳам зананд ва боз шоядҳои дигар… Вале ҳамаи ин шоядҳо ва наҳзатгароиҳо арзише дар назди мӯйсафед ва умуман башарият надорад. Умуман ҳизбе, ки пайравонаш манофеи хешро аз хотирҷамъии дигарон боло мегузорад, ҳуқуқи аз инсонгароиву мардумсолорӣ ҳарф задан дорад? Албатта не!!!

Ҳамаи ин рафтор ва боло гузоштани хеш мисраъҳои машҳурро ба ёд меоранд: "Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд". Ҳарчанд ин мардуми "сарбаланд" аҳодиси набавиро ба мақсадҳои ғаразноки хеш борҳо истифода бурдаанду мебаранд, аммо ҳадиси зайлро нодида гирифтанашон нобахшиданист: "Мусулмон онест, ки аз дасту забони ӯ ба дигарон зараре намерасад…". Саволе кушодааст, ки оё худи Б.Ҳайдаров мехостанд, ки нафаре нисбаташон чунин беҳурматӣ кунад, ҳам зада афтонад ва ҳам аз ҷойи ҳодиса гурезад? Не, ҳарчанд маъние ҳаст, ки он чӣ барои худ намеписандӣ, барои дигарон низ написанд.

Пас оё ба ин гуна нафарон, ки ба мову шумо дарси имону ислом медиҳанду дар тарбияи фарзанди хеш саҳлангорӣ менамоянд, бовар кардан мумкин аст? Мумкин аст бовар кардан ба онҳое, ки аз дини поки мо ба хотири ғаразҳои сиёсии хеш истифода мебаранд ва боз худро "сӯфии соф" метарошанд?! Ба ин маънӣ мисол-ҳо зиёданд. Кас ҳайрон мешавад, чаро робитаи байни ҲНИТ ва олами ҷиноят ва беодобӣ хеле устувор аст? Агар устувор намебуд, магар хешовандони "раисон ва саркардагон"-и ҲНИТ дар Исфара ба ҷиноят даст мезаданду ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешуданд? Барои ноором кардани вазъияти ором кӯшиш менамуданд? Ё худ ба мисли қавми Лут ба ҳаромкардаҳои худованд фарзандони эшон даст мезаданд? (мурод алоқаи ҷинсии ҳамҷинсон).

Мисоли дигаре, ки ба қарибӣ рӯй дод, касро бори дигар ба андеша водор мекунад ва ҳамзамон дарси ибратест, ки ҷомеа аз "бузургон"-и ҲНИТ чизи хуберо омӯхта наметавонад, чун худи онҳо оилаашонро таълиму тарбияи хуб дода наметавонанд, пас аз рӯйи кадом мантиқ ба мо дарси одаму одамгарӣ ва исломро медиҳанд?

Чанде пеш дар маркази деҳаи Чоркӯҳ нафаре нафари дигарро дар ҳолати мастӣ (дар моҳи шарифи Рамазон!!!) бо табар зад. Ҳам табарзада ва ҳам захми табархӯрда аз хешону наздикони аъзои ҲНИТ мебошанд. Бо ибораи дигар, табарзада домоди яке аз занҳои фаъоли ҲНИТ, ки дар мақоми идоракунии он нақши муассир дораду худро отун ва донандаи шариати ислом мепиндорад, Рақибахони отун маҳсуб меёбад. Нафари захми табардида низ писари ҳамин биотун аст.

Худ қазоват кунед, вақте наҳзатиҳо оилаи худро идора карда наметавонанду фарзандони арзанда ба воя намерасонанд, магар онҳо барои ҷомеа кори дурусте ба сомон расонида метавонанд?

Ин саволи кушода аст ва посухи онро кайҳо рафтори хешу табор ва фарзандони наҳзатиҳо додааст. Ба хубӣ дидаем, роҳе, ки моро бурданианду нақшаҳои дарсардоштаашон ҳамон мисраи шоирро ба ёд меорад:

Ҳаргиз нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ,
Ин раҳ, ки ту меравӣ, ба Ҳиндустон аст.

Ҳақназари ТОЛИБ

Add comment


Security code
Refresh