Дар Рамазон нархҳо гарон

ё Чаро нархи маводи ниёзи аввал боз боло рафт?!

Рамазон - моҳи хайру эҳсон, файзу баракоти рӯзгорон ва дастгирии мӯҳтоҷон аст. З-ин сабаб, ҳар фарди худогоҳу дурандеш, меҳанпарасту савобҷӯй бар он мекӯшад, то дар ин моҳи файзбору шариф ба мардум саховатмандиву меҳрубонӣ намояд.

Вале… аз чӣ бошад, ки солҳои охир бо баробари вуруди моҳи муборак нархи маводи ниёзи аввал, аз қабили орду шакар, гӯшту равғани растанӣ ва биринҷ якбора боло меравад.

Бо ҳадафи имсол низ ба чунин мушкилот рӯбарӯ наомадани шаҳрвандон, дар арафаи моҳи Рамазон зимни ирсоли Паёми табрикии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид карданд: " Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ аз амалҳои бадтарине ҳисоб мешавад, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Дар ин маврид Пайғамбари ислом фармудаанд: "Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод"".

Гузашта аз ин, дар рӯзи дувуми моҳи Рамазон Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода бе огоҳии пешакӣ ба бозори калонтарини вилоят - "Панҷшанбе" омада, бо нархи навои маводи хӯрока шинос шуд, ба роҳбарияти бозор ва соҳибкорон супориш дод, то нархи маводи ниёзи аввалро ба эътидол оваранд. Зеро, дар моҳи шариф баланд кардани нарх нишони беимониву беинсофист. Хушбахтона, чанд рӯз нархҳо ба эътидол омаданд, вале аз чӣ бошад, пас аз гузашти муддате боз ҳам рӯ ба қиматӣ ниҳоданд.

Бо ҳадафи муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маводи хӯрока, бахусус орду ғалла ба масъулини мақомоту сохторҳои давлатии вилоят муроҷиат намудем: -Раҳмон Зоҳидов, мудири бахши маркетинги бозори истеъмолии Раёсати рушди минтақавии иқтисод ва савдои вилоят гуфт, ки аз даҳрӯзаи дуюми моҳи июл сар карда, болоравии нархи орд дар бозори истеъмолии вилоят ба мушоҳида расид. Сабаби асосии баландшавии нарх ин паҳни хабарҳои телевизионӣ аз ҷониби расонаҳои хабарии Федератсияи Русия ва Қазоқистон аст. Гуфта шуданд, ки аз ҳисоби гарм шудани ҳаво ва хушксолӣ дар қаламравии Федератсияи Русия, имсол тахминан 9 миллион тонна гандум кам истеҳсол шудааст. Ҳамчунин, ин ҳолат дар давлати Қазоқистон ба миён омад.

Аз ин лиҳоз, ба хабарҳои ВАО-и ин давлатҳо соҳибкорони маҳаллӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, нархи молу маҳсулоте, ки бо нархҳои пештара ворид карда буданд, боло бурданд. Агар дар маҷмӯъ оид ба нархи орд сухан ронем, нархи 1 килои он ба санаи имрӯза нисбат ба соли гузашта 10 дирам арзон буда, вале нисбат ба 1 моҳи гузашта 40-45 дирам баланд шудааст. Ҷоизи қайд аст, ки талаботи аҳолии вилоят ба орд дар 7 моҳ 168,8 ҳазор тонна мебошад. Назар ба маълумотҳо гандуме, ки дар қаламрави вилоят истеҳсол шудааст ҳамагӣ 43,4 ҳазор тонна буда, аз ҷумла 21,5 ҳазор тонна орд бароварда шудааст, ки ин танҳо аз ҳисоби гандуми маҳаллӣ мебошад. Fайр аз ин, аз ҷониби соҳибкорон 259,8 ҳазор тонна гандум ворид гардид. Агар аз ин миқдор гандум орд истеҳсол шавад, 276,3 ҳазор тонна мешавад. Бо боварӣ комил гуфта метавонем, ки бозори истеъмолии вилоят бо орд ва маҳсулоти ордӣ пурра таъмин ва нисбат ба талаботи аҳолии вилоят ду баробар маҳсулот ҳаст.

Аз ин лиҳоз, аҳолӣ набояд ба таҳлука афтад, ки бе орду нон мемонад. Воридоти гандум агар соли сипарӣ 113,8 ҳазор тонна бошад, имсол ба 259,8 ҳазор тонна баробар шуд, ки ин нисбат ба соли 2011-ум 150 ҳазор тонна зиёд мебошад. Танҳо аз ҳисоби он, ки давлатҳои ҳамсоя - истеҳсолкунандагони ин маҳсулот нархро боло бардоштанд, дар қаламрави ҷумҳурии мо низ афзуншавии арзиши орд ба мушоҳида расид. Чуноне қайд намудем, истеҳсолкунандаи орд асосан Федератсияи Русия ва давлати Қазоқистон мебошанд. Истеҳсоли гандуми худӣ бошад, ба аҳолӣ кифоягӣ намекунад.

То санаи 1-уми августи соли ҷорӣ миқдори орде, ки аз хориҷи кишвар ворид мешуд, нисбат ба соли гузашта, ба ҳар тонна 30 доллари ИМА ва ба ҳар тоннаи гандум 76 доллар арзон буд. Вале, назар ба маълумот баъди 1 август гандуму орде, ки бо нархҳои нав бо истеҳсолкунандагони ҷумҳуриҳои Қазоқистону Русия шартнома баста шудааст, ҳанӯз ба ҳудуди ҷумҳурии мо ворид нашудаанд. Соли гузашта низ давлати Русия тариқи расонаҳои хабариаш арз дошта буд, ки гандум кам истеҳсол шуду содироти онро манъ мекунад. Бо ин харидори худро аз даст дода, баръакс сабаби арзоншавии орд нисбат ба солҳои пешин гардид.

Дар маҷмӯъ бояд гуфт, ки он нархи маводи хӯрокае, ки мо ҳамарӯза назорат мебарем, ҳамчунин таҳти назорати шахсан Раиси вилоят Қоҳир Расулзода қарор дорад. Аз ҷумлаи 24 намуди хӯрока, дар 13-14 намуди он нарх нисбат ба соли пеш арзон шуда, 3 номгӯй дар як сатҳ қарор дорад ва 8 намуди хӯрока қимат шудааст, аз боис нархи ҳамаи маҳсулот гарон гуфтан ин иштибоҳи маҳз аст.

- Абдураҳмон Ҳусейнов, директори Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят дар бобати болоравии нархи маводи ниёзи аввал, аз ҷумла гандуму орд гуфт: Дар давлатҳои Қазоқистону Русия бинобар омадани хушксолӣ нархи гандум боло рафтааст. Агар соли 2011 дар ҳамин давра як тоннаи гандум 250 доллари ИМА бошад, алҳол он ба 350 доллар расид, ки нисбат ба соли гузашта 100 доллар қимат аст. Бино ба гуфти ӯ соҳибкороне, ки бо воридоти ин навъи маҳсулот машғуланд, сабаби асосиро дар ҳамин медонанд. Соли 2010 низ айнан чунин ҳодиса рух дод, яъне Федератсияи Русия содироти ғалладонагиҳоро аз ҳудуди давлати худ манъ кард, ки ин боиси баланд шудани нарх шуд. Худ қазоват кунед, соҳибкоре, ки бо нархи баланд маҳсулот ворид мекунад, кӯшиш мекунад, ки бо назардошти хароҷоти хеш нархгузорӣ намояд ва даромади муайян гирифта, ҳаҷми пешинаи онро ворид созад. Агар ҳаҷми воридоти маҳсулот кам гардад, эҳтимолияти баландравии нарх ҷой дорад, бинобар он соҳибкорон барои нигоҳ доштани ҳаҷм шояд қиматтар кунанд.

Бино ба маълумоти Раёсати гумруки вилоят дар шаш моҳи соли 2012 ба қаламрави вилоят ба маблағи 58,3 миллион доллари ИМА ғалла (52,4 фоиз зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта), ба маблағи 27,6 миллион доллар орд (17 фоиз зиёд), ба маблағи 17,2 миллион доллар шакар (47 фоиз зиёд), ба маблағи 11,4 миллион доллар равғани растанӣ (6,5 фоиз зиёд) ворид гардидаанд. Ин нишондиҳандаҳо шаҳодат медиҳанд, ки алҳол дар вилоят ба миқдори зарурӣ маводи хӯрока мавҷуд аст ва ҳеч ҷойи нигаронӣ нест.

Доир ба киштукор ва дарави ғалла дар вилоят дар соли 2012 сардори шӯъбаи иқтисод ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилоят Алишер Дадобоев чунин гуфт: -Имсол дар майдони 74 ҳазору 774 гектар ғалла кишт ва то ба имрӯз майдони 49 ҳазору 600 гектари он даравида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наз-дик 3 ҳазор гектар зиёд аст. Нақша 66,3 фоиз иҷро гардидааст, яъне ҳоло дар ғаллазори вилоят ҳосили даравнашуда зиёд аст.

То ба имрӯз 48 ҳазору 582 гектари он кӯфта шуда, 67 ҳазору 386 тонна ғалла истеҳсол шудааст (дурнамо бошад 119 ҳазору 908 тонна ғалла мебошад). Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 14 сентнериро ташкил намуд.

Директори Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Fайрат Азизов зимни мусоҳиба зикр намуд, ки то санаи 1 август рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар шаҳрҳои саноатии вилоят дар ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ як халтаи орди навъи 1-ум бо маблағи 90 сомонӣ, навъи дуюм 80 сомонӣ, шакар ва биринҷ барои ҳар як килограмм 5 сомонӣ ба фурӯш баровардем, ки то андозае ба пастшавии нархи маводи хӯрока мусоидат намуд. Дар арафаи иди Рамазон ва рӯзи Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақша-чорабинӣ боз ҳам бо нархи нисбатан арзон маводи ниёзи аввалро пешниҳоди харидорон мегардонем. Ҳафтаи гузашта ба миқдори зиёд гандум ворид гардида, дар анборҳо захира шуданд, ки ин имконият медиҳад минбаъд низ садди роҳи болоравии нарх гардад.

Тоҳир Fафуров, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисорӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар ин бора гуфт, ки вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти зиддиинҳисорӣ, ин пеш аз ҳама, муайян намудани субъект-ҳои хоҷагидоре мебошад, ки мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори молӣ пайдо кардаанд. Аз рӯи қонуну қоидаҳои зиддиинҳисорӣ агар субъекти хоҷагидор дар бозори мол, хизматрасонӣ ҳиссаи на кам аз 35 фоизро ишғол кунад, ба нархи фурӯш ё хизматрасонӣ таъсир расонида тавонаду мо онро исбот намоем, онро ҳамчун субъекти ҳукмфармо ба феҳрист дохил мекунем ва нархи фурӯшу хизматрасонии молашро дар мувофиқа бо мақомоти зиддиинҳисорӣ, яъне мақомоти ваколатдор ба роҳ мемонем. Таҳлилҳои дар самти воридоти гандуму орд дар қаламрави вилоят нишон доданд, ки 79 субъекти хоҷагидор бо воридоти гандум ва 61 субъекти хоҷагидор бо воридоти орд машғул аст.

Сабаби асосии баландшавии нарх дар кишварҳои истеҳсолкунанда мебошад ва онҳоро мо маҷбур кардан наметавонем. Аз як ҷониб нархи маҳсулот бошад, аз ҷониби дигар ин ҳаҷми воридот мебошад. Азбаски имсол дар воқеъ ҳаво гарм омад ва дар он кишварҳо хушксолӣ шуд ва доир ба ин масъала бояд дар байни соҳибкорон корҳои тарғиботию ташвиқотиро чунин ба роҳ монд, ки онҳо ин намуди маҳсулотро бештар ворид намоянд, ки он камёб нагардад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ нарх-ро бозор муайян мекунад, агар талабот нисбат ба пешниҳод зиёд шавад, нарх боло шуда, пешниҳод нисбат ба талабот зиёд гардад, нарх арзон мегардад. Баъзеҳо мепурсанд, ки чанд вақт пеш соҳибкор ҳамон маҳсулотро бо нархи арзонтар ворид карда буд ва чаро имрӯз вай маҳсулоташро бо нархи имрӯза қимат мефурӯшад? Ба ин бояд воқеъбинона нигарист, агар ҳамон соҳибкор бо нархе, ки давлати содиркунанда муайян намудааст ба инобат нагирифта, маҳсулотро бо нархи пештара ба фурӯш барорад, масалан 50 фоиз арзон кунад дар ин ҳол соҳибкор 50 фисад маҳсулот кам ворид мекунад, талаботи мардумро қонеъ карда наметавонад дар натиҷа нарх меафзояд ва камомад (дефитсит) ба миён хоҳад омад. Барои ҳамин таҳлилҳоро амиқ ба роҳ монда, бояд моҳияти масъаларо ба мардум дуруст фаҳмонем.

Хуб, агар орду ғалла, шакару равғани растанӣ (қисман) аз хориҷи кишвар ба мамлакати мо ворид мешуда бошанд, пас нархи сабзавоту меваҷот чаро боло рафтааст? Масалан, 1 кг сабзӣ 2-2,5 сомонӣ, картошка 2,5-3,5 сомонӣ, пиёз 1,5-2 сомонӣ, себ 2-4 сомонӣ, ангур 3-5 сомонӣ, шафтолу 6-8 сомонӣ арзиш доранд.

Охир сабзавоту меваҷот дар дохили кишвар истеҳсол гардида, ба фурӯш бароварда мешаванд. Шояд назорати сусти шахсони мутасаддӣ боиси болоравии нархи сабзавоту меваҷот гардида бошад.

Ба ҳар ҳол бо ҳадафи ба эътидол овардани нархи маводи ниёзи аввал, ҳамчунин сабзавоту меваҷот масъулини соҳаро зарур аст назоратро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда, ба деҳқонон (истеҳсолкунандагон) шароиту имконияти фурӯши маводу маҳсулотро фароҳам оваранд. Шояд ин тарзи муносибат ба пастшавии нарх оварда расонад.

Исломҷон БОБОЕВ,
Маъмурахон САМАДОВА,
мухбирони махсуси "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh