Ҳуҷҷатгузории муроҷиатҳо мувофиқи матлаб нест

Даҳуми июни соли 2011-ум Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ бо сокинон мулоқот ороста буд. Раиси вилоят аз дастовардҳо ва камбудиву норасоиҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ сухан ронда, ҳамчунин баҳри беҳбудии фаъолият ба масъулини мақомоти маҳаллӣ ва мутасаддиёни ташкилоту корхонаҳо дастуру супоришҳо дод.

 

Худи ҳамон рӯз чанд нафар аз сокинон бо масъалаҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ ба Раиси вилоят муроҷиат карданд. Баҳри иҷрои масъалаҳои баррасишуда Раиси вилоят мутасаддиёнро вазифадор карда буд.

Тӯли як соли сипарӣ дастуру супоришҳои роҳбарияти вилоят, муаммоҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ то кадом андоза ҳалли хешро ёфтанд. Бо мақсади шиносоӣ ва огоҳӣ ёфтан аз сатҳи иҷроиши онҳо хабарнигорони рӯзнома нахуст аз ҳуҷҷатҳо ошно гардида, сипас бо чанде аз намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сокинон мулоқот ороста, аз вазъи муроҷиати шаҳрвандон дар ноҳияи Мастчоҳ огоҳӣ ёфтанд. Инак, хулосаи эшон:

НИГОҲ АЗ ПАСИ ПАНҶА

Мутаассифона, ҳуҷҷатнигорӣ дар МИҲД дар бораи муроҷиати шаҳрвандон ва мулоқоти Раиси вилоят бо шаҳрвандон дар соли 2011 моро қаноатманд насохт. Зеро, муносибати мутасаддиёни мақомоти маҳаллӣ нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон" аз паси панҷа будааст. Ҳол он ки соли пешин ҳам ҳангоми санҷиши натиҷаҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят (дар соли 2010-ум) чунин нобасомониҳо нисбат ба ҳуҷҷатҳои қабули шаҳрвандон ба мушоҳида расида буд. Афсӯс, пас аз як сол дар масъалаи тартиби ҳуҷҷатнигорӣ дигаргуние надидем. Аз ҳолати ҳуҷҷатгузории аксар ноҳияҳо огаҳем, ки мутасаддии он аз ҳар парвандаи қабул ё мулоқоти шаҳрвандон ва ҳолати иҷроиши он воқиф аст ва метавонист дар ҳолати зарурӣ маълумоти кофӣ низ пешниҳод намояд.

Аммо шояд беэътиборӣ нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон бошад ё чизи дигар, мутасаддиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли баргузории қабул ва мулоқоти минбаъдаро балад набуд, ки ба мо ҳуҷҷатҳои соли 2010-умро пешниҳод намуд. Муроҷиати шаҳрванд ҳангоми баргузории рӯзи қабул дар маҳалҳо ва муроҷиати шаҳрванд дар рӯзҳои қабули Раиси вилоят дар утоқи кориашон омехта буданд. Вақте парвандаи назоратии иҷроиши мулоқоти соли гузаштаро варақгардон менамудем, онҳо бо дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси вилоят бо муроҷиати шаҳрвандон омехта буданд. Хайр, дар ин бобат дигар барнамегардем, зеро мо фикри хеш дар ин бобат бори дуюм гуфта истодаем (дафъаи аввал ҳангоми омӯхтани натоиҷи қабули Раиси вилоят дар соли 2010-ум ин камбудӣ аз ҷониби идораи рӯзнома таъкид гардида буд), балки шурӯъ мекунем аз натоиҷи мулоқоти порсола.

Сангин Алиназаров сокини Ҷамоати деҳоти Палдорак АХД "Дӯстӣ", кӯчаи Деҳқон-13 ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят дар соли 2010-ум ва соли гузашта низ бо муаммои об ба Раиси вилоят муроҷиат кард. Азбаски шаҳрванд соли дуюм боз пешниҳоди хешро иброз доштааст, аз мутасаддиёни мақомоти маҳаллӣ сабаб пурсидем. Онон арз доштанд, ки мо худ надидаем, балки ҳамагон арз медоранд, ки дар сари кӯчааш об ҷорист. Аз рӯи ибораи "шунидан кай бувад монанди дидан" ҳамроҳи раиси Ҷамоати деҳоти Палдорак Самеъ Азизов роҳ ҷониби суроғаи Сангин Алиназаров гирифтем. Аз рӯи маълумоти раиси Ҷамоати деҳот аён гашт, ки муаммои оби нӯшокӣ аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаасту алҳол чанд чоҳи амудӣ танҳо рӯзона (азбаски арзиши истифодаи қувваи барқ гаронӣ мекунад) ҷорист.

Соли гузашта бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоти Ҳилоли Аҳмари вилоят боз як нуқта дар кӯчаи Калинини АХД ба истифодаи умум дода шуда буд. Умуман, дар Ҷамоати деҳоти Палдорак 19039 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, гарчанде навъи об дурушт аст, аммо алҳол 12 чоҳи амудӣ ба мардум хизмат намояд ҳам, ба пуррагӣ ҳамаи маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Палдоракро фаро гирифта наметавонад.

Вақте ба Ҷамоати деҳоти Палдорак расидем, ҳамсафари мо маҳалли зисти Алиназаровро ишора кард ва боз чанд кӯчаву паскӯчаҳоро низ аз назар гузарондем, дар ҳар ду-се метр аз қубурҳо об ҷорӣ буданд. Раиси ҷамоати деҳот оби аз қубур ҷориро нишон дода, арз намуд, ки алҳол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳолати таъминот беҳтар аст. Ва баргаштем ба маҳалли зисти Алиназаров. Ӯ моро дар назди дарвозааш интизорӣ дошт. Пас аз салому алейк сӯи ҳавлиаш ишора кард:

-Ана бинед, ана ҳамон қадар об ҷорист. Охир, чунин нашудааст-дия... Об аз ҷумак, ба қавле, чак-чак меомад. Зери ҷумак сатилро гузошта буданд. Ба сӯҳбати мо сокини ҳамон деҳа Амирбек Ҳайдаров ҳамроҳ гардид:

-Соли гузашта бо ёрдами мақомоти вилоят ва ташкилоти Ҳилоли Аҳмари вилоят ба маҳаллаи ҳамсоя об омад. Агар ба мо ҳам дар масъалаи дастрасии қубурҳо кӯмак мекарданд, мо тариқи ҳашар боқимонда корҳоро анҷом медодем.

-Гарчанде сифати об ҷавобгӯи талабот нест, лекин хайр илоҷ чист, шукр мегуфтем, агар ҳаминашро ҳам дастрас менамуданд, нуран алонур мешуд, -гуфт Сангин Алиназаров

-Санаи 9-уми август қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят дар ноҳия баргузор хоҳад шуд. Иштирок мекунед? - пурсидем аз ҳамсӯҳбатамон.

-Бале, боз ҳамин масъаларо мебардорам. Боварии комил дорам, ки муаммо бартараф мегардад. Аз Раиси вилоят миннатдорем, ки ҳамроҳи халқ ҳастанд.

ТАҚСИМОТИ ЗАМИН - МУАММОИ РЎЗ

Тӯли ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ шумораи эҳтиёҷмандони замини наздиҳавлигӣ чунин зиёд набуданд. Ҳоло бо дастуру ҳидояти Президенти мамлакат аксар аҳолии ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои лалмӣ ва чарогоҳ соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуда истодаанд. Доир ба ин масъала низ аксари шаҳрвандон ба Раиси вилоят муроҷиат намуданд. Тавре муовини раиси ноҳия, раиси комиссия оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ Давлатхоҷа Норов маълумот дод, тибқи пешниҳодоти ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ 10178 ариза пешниҳод гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми майи соли 2010-ум таҳти рақами 292 дар навбати аввал 300 гектар замин ҷудо шуда, ба 2161 нафар тақсим шуд.

Дар навбати дуюм тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 287 аз таърихи 2.06.2011-ум 243 гектар замин ҷудо ва ба 1700 оила тақсим карда гардид. Алҳол 3860 оила соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардида, боз 6318 оилаи эҳтиёҷманд дар навбатанд. Тавре Д. Норов баррасӣ кард, ҳуҷҷатҳои 298 гектар қитъа барои замини наздиҳавлигӣ омода ва ба мақомоти дахлдор ирсол кардаанд, ки ба шарофати он боз 2000 оила соҳиби ҳавлӣ хоҳанд шуд.

БОЗОРҲО ОБОД МЕШАВАНД?

Раиси вилоят соли пешин ҳангоми мулоқот аз хусуси андешидани чораҳои қатъӣ барои бартараф кардани камбудиҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фурӯшандагон ва харидорон дар бозор, умуман ҳолати нигаҳдории бозор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва таъмини бинои бозори марказии ноҳия дастуру супориш дода буд. Дар ҳудуди ноҳия ҳафт адад бозорҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока, пӯшока ва бозори чорво фаъолият мебаранд. Пас аз масъалагузории Раиси вилоят дар мулоқоти порсола дарвозаи даромадгоҳи бозори шаҳраки Бӯстон пурра таъмир гардида, қисми охири он шағалпӯш карда шудааст. Тавре аз маълумот бармеояд, бозори "Ваҳдат"-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон низ обод гардида, пас аз ба итмом расидани хавозаи калони тобистона боз 24 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.

ВАТАНПАРВАРӢ ДАР НИҲОДИ ҶАВОНОН

Чандест тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, дар ниҳоди онон парваридани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар масъалаи рӯз аст. Мебоист чунин хислатҳоро дар доираи оила, аз остони мактаб ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби волидайн, омӯзгорон ва калонсолон тариқи тарғибу ташвиқ парвариш намуд, то ин ки оянда бунёдгарони ҷомеа дар замири хеш чунин хислатҳои накӯро парварда бошанд. Дар мулоқоти порсола Раиси вилоят аз боби андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати беҳтар намудани тарбияи ватанпарастӣ, бо ҷойи корӣ таъмин будани ҷавонон ба мутасаддиён дастуру супоришҳо дода буд. Тӯли як сол масъалаҳои мазкур оё дар ноҳия ҳал шуданд.

Тавре дар ин бобат Роҳбари дастгоҳи ноҳия Маъмур Назров маълумот дод, бо мақсади баланд бардоштани омодагии тодаъватӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, дар қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия мулоқоту вохӯриҳо ва сӯҳбатҳо баргузор шуда, ҳамчунин сарбозон бо намоиш додани маҳорат меҳанпарастии хешро собит сохтанд, аз ин рӯ, мардуми Мастчоҳ дар ин самт каме бошад ҳам, ба ҳамин матлаб мушарраф гардиданд.

Дар маъракаи даъвати баҳоронаи соли 2011 пас аз баргузории корҳои ташкилию фаҳмондадиҳӣ ва ба итмом расидани фаъолияти комиссияи даъватии тиббӣ нақшаи даъват 101 фоиз иҷро гардид, яъне ба ҷойи 140 нафар 142 нафар ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор гардиданд.

Солҳост, ки бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор шуда истодааст. Тавассути чунин чорабинӣ садҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардида, нафарони зиёд бо омӯзиши касбҳо машғул мегарданд. Зимни мулоқот дар ноҳия Раиси вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани ҷавононро аз вазифаҳои асосии мақомоти маҳаллӣ маънидод кард. Дар ин бобат чунин маълумот ба даст овардем: Дар ҳафт ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳашт ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор шуд ва дар он ҳафтоду ҳафт корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ҷойҳои холии кориро пешниҳод намуданд.

Дар чунин чорабиниҳо 483 нафар ҷавонон ширкат варзида, аз онҳо 156 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардида, ба 238 нафар мақоми бекорӣ дода, 43 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ, 174 нафар ба касбомӯзӣ фиристода шуда, нисбат ба 53 нафар кӯмакпулӣ муқаррар гардидааст. Пас аз супоришу дархости Раиси вилоят фабрикаи "20-солагии Истиқлолият" 135 нафар ҷавонписарону духтарони то синни 35 - соларо бо кор таъмин намуд.

ПАРДОХТИ ҚАРЗ ТАРИҚИ... НАХИ ПАХТА

Ҳангоми мулоқот бо шаҳрвандони ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилоят ба масъулони мақомоти маҳаллӣ таъкид намуд, ки дар масъалаи пардохти қарзе, ки идораи кишоварзӣ дар назди идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия дорад, чораву тадбир андешанд.

Маблағи қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар назди идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия дар рӯзҳои мулоқоти Раиси вилоят 15248518 сомонӣ буд. Аз шарҳи Раиси ноҳия Абдукарим Ҳикматов бармеояд, ки дар асоси шартномаи тарафайни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия қарзи мавҷуда марҳила ба марҳила пардохт шуда истодааст. "Айни ҳол идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия 50 тонна нахи пахта дорад, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷойи пули об додаанд. Ин миқдор нахи пахта дар асоси бовархати хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъ оварда, ҳангоми ба фурӯш баровардани нахи пахта ҳаққи идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия пардохт карда мешавад", - чунин хулоса кард Абдукарим Ҳикматов.

БА ҶОИ ХУЛОСА

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода зимни мулоқоти хеш дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба андешидани чораву тадбир баҳри амалӣ гардидани "Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ дар солҳои 2008-2010", иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ, бақияи қарзи андозҳо дар назди буҷети давлатӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, сари вақт ҷамъ овардани маблағи истифодаи қувваи барқ ва ғайраҳо масъалагузорӣ намуд. Ҳамчунин, дар рӯзи мулоқот беш аз 30 нафар пешниҳоду дархост карда, 29 нафар дар масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла обёрии қитъаи замини ёрирасон бо ибораи халқ замини президентӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ, сохтмони толори варзишӣ, тақсимоти ноадолатонаи замин, нарасидани китобҳои дарсиву дас-турҳои методӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайра арз карда буданд. Тавре аз ҳуҷҷатҳо бармеояд, баъзе аз он ҳалли худро ёфта бошад ҳам, аммо ҳангоми дар тамос шудан тавассути телефон баъзе аз муаллифони муроҷиат аз ҳалли масъалаи хеш қаноатманд набуданду, рӯзи қабули навбатиро бо Раиси вилоят интизоранд.

Вақте арзи сипоси аксари шаҳрвандонро варақгардон намудем, чунин дарёфтем, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва дигар масъулини идораву ташкилот ва муассисаҳои ноҳия нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон бетарафӣ зоҳир намуда, барои аз назорат соқит намудан аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хоҳиш намудаанд, ки ин ба назари мо дар ҳаво муаллақ мондани як миқдор муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Сабаби интизор будани сокинони ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилоятро дар ҳамин муаммо дарёфтем.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
мухбирони махсуси "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh