Автовокзал ба ҷояш "кўчид"

ё Чаро шаҳрдорон мусофирону ронандагонро сарсон мекунанд?

Рӯз аз рӯз ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тамоюли афзуншавӣ дорад. Албатта, аз ҷиҳати мусбат баҳо гузорем, ин хуб аст ва бешак, шаҳодат рӯ ба беҳбудӣ овардани шароити зисту зиндагии мардум мебошад. Ҷониби дигари муаммо ин аст, ки баъзе минтақаҳои шаҳр бо сабаби зиёд будани иштирокчиёни ҳаракати дар роҳ, алалхусус, воситаҳои нақлиёт пуршиддат гардида, ин ҳолат вақти тӯлонӣ ба равуо монеа эҷод менамояд.

 

Таи чанд сол аст, ки сокинони гирду атрофи минтақаи автовокзали шаҳри Хуҷанд аз бесарусомонии ҳаракати нақлиёт дар ин маҳал азият мекашанд. Эшон дар бобати ҳалли ин масъала, ба танзим даровардани ду тарафи кӯча паст намудани шиддатнокӣ ва ғуншавии воситаҳои нақлиёт (пробка), аз ҷумла таксиҳои сабукрав сари кӯчаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ба мақомоти гуногун борҳо муроҷиат кардаанд. Аввалҳои моҳи апрели соли равон овозае паҳн шуд, ки гӯё автовокзали кӯҳнаи Хуҷанд ба микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд кӯчонида мешавад.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъалаи доғи рӯз ва аз ҳақиқати ҳол воқиф гаштан аз мусофирон ва кормандону ронандагони Терминали мусофирбари шаҳри Хуҷанд пурсон шудем. Бино ба гуфти директори генералии ҶСК "Иттиҳодияи автовокзалҳо" Насимҷон Шарифов бо мақсади паст намудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи ба номи Камоли Хуҷандӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба ШКД-и маркази вилоят супориш додааст, ки истгоҳи таксиҳои сабукрави аз шаҳру ноҳияҳо воридшаванда ба микроноҳияи 3-юм - назди бозори "Суғдиён" кӯчонида шавад. Сардори ШКД Ш.Аҳмадов дар навбати худ ба МИҲД-и шаҳр пешниҳод кард, ки нуқтаи ҷойгиршавии таксиҳои сабукрави хатсайри шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент, ноҳияи Айниро низ ба маҳаллаи 3-юм кӯчонанд. Ҳол он ки нақлиётҳои номбурда дар ҳудуди терминал ҷойгир шудаанду ба шиддатнокии кӯча халал намерасонанд. Вайронкунии ҳолати исти мошин асосан аз ҷониби таксиҳои сабукрави самти Истаравшан, Ҷ.Расулов, Зафаробод ва Спитамен рух медиҳад. Дар ҳамин асос раиси шаҳр супориш дод, ки аз дохили терминал истгоҳи таксиҳои сабукрави самти Душанбе, Панҷакент, Айнӣ ва микроавтобусҳои хатсайрҳои рақамҳои 45, 50, 314 "Хуҷанд -Ҷ.Расулов", "Хуҷанд-Спитамен" ва "Хуҷанд -Истаравшан" бо чизӣ ба микроноҳияи 3-юм кӯчонида шавад.

-Санаи 6 апрели соли равон соати 15.00 чанд нафар кормандони БДА-и шаҳр, намояндаи бозори "Суғдиён", бе мактуб ва огоҳии пешакии роҳбарияти Терминали мусофиркаши шаҳр маҷлис доир намуда, ба ронандагон супориш доданд, ки аз рӯзи дигар, яъне 7 апрел ба микроноҳияи сеюм кӯчанд, - гуфт ҳангоми сӯҳбат Насимҷон Шарифов, - ин дар ҳоле, ки оид ба ин масъала аз МИҲД-и шаҳр танҳо баъди 4 рӯз мактуб гирифтем. Ҳамчунин мавсуф қайд намуд, ки масъулин нисбат ба нафароне, ки бо таксиҳои сабукрави хеш ғайриқонунӣ фаъолият бурда, ба фаъолияти мунтазами Терминал халал ворид месозанд, эътибор намедиҳанд.

Шарҳи сардори Терминал водор сохт, ки нуқтаи назари мусофирону ронандагонро низ бигирем, то ин ки хонандаи закӣ худ хулоса барорад. Андешаи чанд нафар ронандагон дар бораи кӯчонидани ист-гоҳи ҷойгиршавии таксиҳои сабукрав аз назди автовокзал:

-Дар бозори "Суғдиён"-и микроноҳияи 3-юм аввал ин, ки барои мусофирон ва ронандагон ягон шароити мусоид, аз ҷумлаи майдони гусели мусофирон нест. Умуман, он ба мисоли дашти холист,- гуфтанд ронандагони таксии сабукрави самти "Душанбе -Хуҷанд" Комилҷон Қаюмов ва Муллоусмон Ҷумъаев, - вале ба ин нигоҳ накарда, мо таи 15-20 рӯз дар он мавзеъ қарор доштем, ғайр аз сарсонӣ манфиате надидем. Аз кӯчонидани автовокзал пеши роҳи таксиҳои ғайриқонунӣ амалкунандаро гирифтан имконнопазир аст. Ронандагони микроавтобусҳои хатсайрҳои байнишаҳрии рақамҳои 45, 50, 314 Ҳалим Исобоев, Хӯҷамурод

Илмуродов, Назир Орифов, Шариф Сангинов ва дигарон низ бар он ақидаанд, ки аз кӯчонидани Терминал сокинони ноҳияҳои дигар, ки ба шаҳр меоянд, сарсон мешаванд. Зеро, яке ба дидорбинии хешовандону аёдати беморон, дигаре коргар ё донишҷӯсту сеюмӣ ба бозор омадааст. Аз автовокзали шаҳр то бозори "Суғдиён" қариб 10 км масофа буда, он барои мусофирон ноқулай аст.

Ҷаббор Ҳасанов, донишҷӯ, сокини шаҳри Панҷакент: - Ман дар яке аз мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунам ва бо тақозои замон ҳар моҳ тавассути автовокзали шаҳр барои дидорбинии хонаводаам ба зодгоҳам меравам. Моҳи май омада, гиребони ҳайрат газидам. Ягон таксии ба водии Зарафшон равонро дарнаёфтам. Маълумам гашт, ки саристгоҳи таксиҳои сабукравро ба маҳаллаи савуми шаҳр кӯчониданд. Шахсан барои банда то он ҷой рафтан ноқулай ва харҷи баризофа аст. Аз ин сабаб, моҳи гузашта ба зодгоҳ рафта натавонистам ва имрӯз, ки азми сафар дорам, дар фикри онам, ки ҳангоми баргаштан ронанда маро ба кадом манзил мефарорад.

Аҳрор Олимов -ронанда: -Солҳои тӯлонӣ ронандаи микроавтобуси хатсайри "Хуҷанд - Истаравшан" мебошам. Вақте мусофирон аз нақлиёти байниноҳиявӣ ба автовокзал меоянд, барои расидан ба самтҳои мухталифи шаҳр нақлиёт бисёр аст, яъне онҳо метавонанд, бемалол ба ҷойи дилхоҳашон раванд.

Сокини маҳаллаи Масҷиди Саври шаҳр Р. Неъматова: наберагонам дар мактаби "Паймони азизон" таҳсил мекунанд. Ҳамчунин дар ин минтақа боз чанд мактаб ва кӯдакистон амал мекунад. Аз нақлиёти бисёр волидон доимо дар хавотиранд, ки бачаҳо ба мактаб сиҳат раванду саломат баргарданд. Ман ҳанӯз моҳи декабри соли 2010 ҳангоми гуфтугӯи мустақим дар бобати ин муаммо ба Раиси вилоят муроҷиат карда будам. Сарвари вилоят барои ҳалли он масъулинро вазифадор карданд. Супориш шуд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин саристгоҳи нақлиёти байнишаҳрӣ ба дигар макон кӯчонда ва дар маҳалла тартибу низом ҷорӣ карда шавад.

Тахминан як моҳ вазъ беҳтар шуд. Баъди андаке боз "Аҳмади порина". Бояд гуфт, ки пас аз чанд вақт, ки аз ҳукумати шаҳр ба ман варақаеро имзо кунонданд, ки гӯё муроҷиатам ҳал шудааст. Аммо беҳбудӣ нест, ки нест. Сокинони маҳалла ҳамоно дар азобанд. Чӣ зарур мардумро фиреб додан? Хулоса, ки ҳолати гаштугузори сокинон дар гирду атрофи автовокзали шаҳр мураккаб боқӣ мемонад.

Ронандаи байнишаҳрии микроавтобуси хатсайри рақами 28 Бахтиёр гуфт, ки ҳар рӯз чанд маротиба аз назди автовокзали шаҳрӣ мегузарам. Саҳаргоҳон равуои мошинҳо андаке беҳ аст. Зеро, нозирони роҳ то соати муайян онро танзим менамоянд. Аммо нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ мошинҳо чунон бисёранд, ки барои аз як самт ба самти дигар ҳаракат кардан душворӣ мекашем. Аз масъулон хоҳиш дорем, ки барои ба тартиб даровардани ин минтақа ёрӣ расонанд.

-Байни мардум овозае, ҳаст, ки гӯё роҳбарияти шаҳр ва ашхоси масъул мақсад доранд, ки ҳамаи хатсайрҳои терминали Хуҷандро ба назди бозори "Суғдиён" кӯчонида, замини терминалро ба ягон соҳибкор диҳанд. Агар чунин шавад 32 нафар саҳҳомони автовокзал ва садҳо нафар ронандагон фаъолият бурда наметавонанд, аз ин ҳамчунин таксиҳои сабукраву автомошинҳои Дамас, ки фаъолияти ғайриқонунӣ доранд, манфиатдор мешаванд,- гуфт намояндаи терминали шаҳр, -бояд ёдовар шуд, ки терминали мазкур моликияти шахсии ҶСК "Иттиҳодияи автовокзалҳо" буда, соли 2004 пурра ғайридавлатӣ кунонида шудааст ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008-ум ҳамчун молу мулки иттиҳодияи номбурда расман ба қайд гирифта шудааст, - гуфт ӯ.

Дар бобати ба миён омадани ин қазия кормандону ронандагони автовокзал ба сохторҳои гуногуни дахлдор бо мактуби расмӣ муроҷиат карданд. Ҳамчунин, дар ҷавоби мактуби сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Ш.Назаров омадааст, ки "дар натиҷаи гузаронидани санҷиш муайян карда шуд, ки супоришҳои хаттии Раиси шаҳри Хуҷанд аз 2 апрели соли 2012, №1/14-664 ва №1\14-781 аз 10 апрели соли 2012 оид ба аз ҳудуди терминали мусофирбарии "Пахтакор"-и шаҳри Хуҷанд баровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва дар назди бозори "Суғдиён"-и маҳаллаи 3-юми шаҳр ташкил намудани терминал барои воситаҳои нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла таксӣ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба хатсайрҳои амалкунандаи байнишаҳрӣ бар хилофи талаботи Қонуни ҶТ "Дар бораи нақлиёт" аз 29 ноябри соли 2000, № 32 ва қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоч бо нақлиёти автомобилӣ дар ҶТ" аз 20 июли соли 2009, № 10 ва дигар санадҳо ва меъёрҳои амалкунанда ба тасвиб расидааст. Бинобар ин супоришҳои мазкури раиси шаҳр, ки ба мақомотҳои шаҳрӣ барои иҷро дода шудааст, беасос ҳисобида шуданд. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки ташкил намудани терминалҳои мусофирбарии байнишаҳрӣ, байниноҳиявӣ, даровардани тағйироту иловаҳо ба хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар, фаъолияти таксӣ бояд аз тарафи комиссияи босалоҳият аз ҳисоби МИҲД-и вилоят, мақомоти ваколатдори давлатӣ- Вазорати нақлиёти ҶТ, БДА, РКД, ҲДНТСН, иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахл-дори вилоятӣ таъсис дода шуда, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шавад".

Дар бобати ин масъала дар шумораи №21-уми ҳафтаномаи ҷумҳуриявии "Минбари халқ" таҳти унвони "Терминали Хуҷандро чаро кӯчониданд?" номаи бетаҳрир чоп шудааст. Дар ин мавод аризаи шикоятӣ аз номи 63 нафар кормандону ронандагони терминал сабт шуда, ҳамчунин дар саҳифа вокуниши МИҲД-и шаҳри Хуҷанд рӯи чоп омадааст, ки дар он гуфта мешавад "… раиси шаҳр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳокимияти маҳаллӣ" ҳуқуқ дорад аз рӯйи ваколати худ барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва фароҳам овардани шароити мусоид ба кору зиндагии аҳолӣ чораҷӯӣ кунад". Пеш аз омодаи чоп шудани мавод бори дигар аз муовини раиси шаҳр Дадоҷон Абдуллоев оид ба ин масъала пурсон шудем, ки чаро МИҲД мавқеи муайян надорад, яъне аввал кӯчонданд, дере нагузашта терминал боз ба ҷои аввала "кӯчид"?

-Дар воқеъ, моҳи апрели соли равон корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ронандагон оид ба зарурати кӯчонидани саристгоҳи таксиҳои сабукрави самти Душанбе, Панҷакент, Айнӣ ва баъзе микроавтобусҳои хатсайрҳои байниноҳиявӣ ҷаласа гузарониданд. Лекин МИҲД-и шаҳр барои кӯчондани онҳо супориш надодааст. Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки чанд сол қабл касе ин терминалро гӯё харидааст. Аммо ҳангоми он ҷо бо гурӯҳи корӣ ҳозир шудан, худи соҳибмулк маълум нашуд, яъне ҳолати "он ҷо шаҳри бедарвозаву бесоҳиб"-ро мемонад, -гуфт мавсуф, бояд қайд намуд, ки ин масъала ҳоло дар мадди назари МИҲД-и вилоят қарор дорад. Суоле ба миён меояд, ки оё шаҳрдорон ба тартиб даровардани маҳалро оғоз кардаанд ё ин фақат худнамоӣ ба истиқболи омад-омади меҳмонони олиқадр асту халос?

Хонандаи закӣ худ аз ин гуфтаҳои масъулин, ронандагону мусофирон ва мардуми оддӣ хулоса барораду ба фаъолияти мақомоти дахлдор баҳогузорӣ намояд. Чуноне ки маълум аст матбуот гӯшу чашми халқ ва пулест байни мақомоти давлатӣ ва халқ. Бинобар ин мақсади асосӣ аз ифшои ин матлаб, пеш аз ҳама, нуқтаи назари оммаро ба шаҳрдорон расонда, ҳалли боадолатонаи муаммои мубрамро ҳал кардан аст. Бинобар ин пешниҳод менамоем, ки мушкилоти сокинон боадолатонаву беғаразона ба сомон расонда шавад.

То кай ба ҳамаи корҳои ҷузъитарин дахолати роҳбарияти давлату Раиси вилоят ҳатмӣ асту пас аз вазифагузориву супоришоти онҳо роҳбарони мақомотҳо, масъулин ба масъала таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, охир дар назди Сардори давлат дигар масъалаҳои сиёсиву иқтисодии дохиливу байналмилалии зиёде меистанд. Агар не, пас чӣ зарурат дорад ин қадар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ки танзими мусофиркашонӣ бар ӯҳдаи онҳост?

Маъмурахон САМАДОВА

Add comment


Security code
Refresh