12 соати бебарқӣ

ё худ Чаро садама сари вақт бартараф карда нашуд?! Рӯзи ҷумъа, санаи 8-уми июни соли равон соати 21-15 дақиқа интиқоли нерӯи барқ барои сокинони маҳаллаи 33-юми шаҳри Хуҷанд якбора қатъ гардид. Сабаби онро аз қисми навбатдории Шабакаҳои барқи шаҳр (тахминан баъд аз 30 дақиқа ба рақами телефонии 6-42-17 занг зада шуд) дар вазидани шамоли сахт ва дар натиҷа канда шудани хатти баландшиддат маънидод карданд.

Шаб, ки торик буд, бошандагони биноҳои баландошёна бо умеди ақаллан пас аз 2-3 соат бартараф кардани садамаи барқӣ буданд. Вале, соатҳо мегузаштанду аз барқ дараке набуд. Чӣ хеле ки дар урфият мегӯянд "интизорӣ бадтар аз ҷонканист". Ҳамин тавр, шаби торик ҳам паси сар шуду субҳ фаро расид, аммо ҳамоно бе барқ.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки "Чаро барқчиёни таъмиргар сари вақт садамаро бартараф карда натавонистанд ва ё ба бемасъулиятӣ роҳ доданд?"

Агар дар ҳақиқат хатти баландшиддати барқ корношоям шуда бошад, пас чаро дар маҳаллаҳои ҳамсояи 31, 32 ва 34-ум барқ фурӯзон буд?

Бар замми ин дар нуқтаҳои дилхушӣ, қаҳвахонаву тарабхонаҳо (бахусус, ширкати "Яхмоси 33", маркази дилхушии "Шаҳраки сабз", нуқтаҳои мошиншӯӣ), ки дар ҳудуди маҳаллаи 33-юм мавҷуданд, пас аз 10 дақиқаи хомӯш шудани нерӯи барқ, боз аз нав барқ интиқол гардид. Пас аз куҷо ва чӣ тавр метавон бовар кард, ки хатти баландшиддат аз сабаби вазидани шамоли сахт канда шудааст. Ин ҳолат мақоли халқии "Як бому ду ҳаво"-ро ба хотир меоварад.

Охир дар сурати аз кор баромадани хатти баландшиддат на ин, ки як маҳалла, балки тамоми маҳаллаҳои гирду атроф, бахусус нуқтаҳои дилхушиву қаҳвахонаҳо ва нуқтаҳои мошиншӯӣ бе барқ мемонданд. Ва ё барои онҳо хатти алоҳидаи баландшиддат кашида шудааст?

Ин тарзи муносибат шояд аз он сабаб бошад, ки шаҳрвандон барои истифодаи нерӯи барқ ҳамагӣ 11 дирам мепардозанду чунин тарабхонаву ширкатҳои хусусӣ аз рӯи нархи тиҷоратӣ 3-4 маротиба зиёд!

Ҳамзамон, боварии кас намеояд, ки наход барои пайваст кардани хатти барқи кандашуда 12 соат вақт сарф шавад. Ба ҳар ҳол, зарари ба сокинони маҳалла расида ва поймол намудани ҳуқуқи истифодабарандагони нерӯи барқ шаҳрвандони оддиро кӣ ҷуброн мекарда бошад? Масъалаи дигаре, ки диққати масъулини соҳаро ба он ҷалб карданием, ин сифати хеле пасти корҳои таъмири барқчиён мебошад. Агар ҳамин тавр намебуд, пас чаро зуд-зуд ноқилу хатти барқи таъмиркардаи онҳо аз кор мебароянд? Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисоли дигар, рӯзи душанбе, санаи 4-уми июн, яъне оғози ҳамон ҳафта низ бар асари вазидани шамол хатти барқ канда шуда, боиси 2-3 соат бе барқ мондани сокинони маҳалла гардида буд (агар душвориҳои фасли зимистони гузаштаро ба хотир оварем, қариб ҳар рӯз чунин садамаҳо рух медоданд).

Таъмиргарони Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд он рӯз низ ба қавле "зуд аз паи таъминоти мардум бо барқ" шуданд. Вале, сифати таъмири дар нохунак хеле баланди барқчиён буд, ки пас аз ҳамагӣ чор рӯз хатти барқ ба камтар шамоле тоб наоварда, боз ҳам корношоям гардид. Сари ин масъала маъулини соҳа бояд ба таври ҷиддӣ андеша намоянд! Вагарна, минбаъд низ эҳтимоли сар задани чунин садамаҳо пеш меоянд! Ҳоло ки тобистон асту талаботи мардум ба нерӯи барқ камтар мебошад (нисбат ба зимистон), бояд чунин нуқтаҳои зуд-зуд корношоямшаванда пурра аз таъмир бароварда, ноқилу хатҳои интиқоли барқро мустаҳкам намуд, то ба шамолу гирдбоду боришоти сахт тобовар бошанд.

Исломҷон БОБОЕВ,
сокини маҳаллаи 33-юми шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh