Тобистон ҳам шуд, аммо…

Касе, ки аз кӯчаи ба номи яке аз фарзандони барӯманди халқи тоҷик Бахтиёр Ёқубов гузошташуда (собиқ кӯчаи Радищев) гузараш афтад, як бор ба чуқурӣ дарояду як бор ба баландӣ пешпо хӯрад, ҳайфаш меояд, ки ҳамин роҳи васею зебо афсӯс, ки хеле нообод, пурчангу ғубор, шебу фароз аст. Ва боз номи қаҳрамонро дорад…

Оҳ, ин ҳол агар рӯзона бошад, иқболи туст, ки роҳро дида, қадам мегузориву сиҳату саломат то ба манзил мерасӣ. Худо накарда, шабона, боз мавсими сармо, дар торикиву зулмот пеши поятро нодида, қадам монӣ, аҷоиб таассуроте вуҷудатро фаро мегирад. Гӯё нобино ҳастиву роҳ кадому ҷуй кадом, надида, қадам мегузорӣ…

Мумфаршгардонии кӯчаву роҳҳои ҳудуди шаҳр яке аз самтҳои асосии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд" ба шумор меравад. Дар нишастҳои матбуотии соли гузашта, ки тибқи Амри Президенти мамлакат доир карда мешавад, аз ҷониби рӯзноманигорон ба мутасаддиёни соҳа оид ба мӯҳлату вақти сангфаршкунии кӯчаи мазкур, ки дар ҳудуди маҳаллаи Пахтакори шаҳр воқеъ аст, суол шуда буд. Онҳо нахуст ваъда доданд, ки дар нимсолаи аввал ин кор ба нақша гирифта шудааст. Дар нишас-ти матбуотии нимсолаи дуввум доиргардида бошад, гуфтанд, ки то охири сол ин кӯча, албатта, обод хоҳад гардид. Яъне, маълум мегардад, ки ин кор дар нақша ҳаст. Мутасаддиёни соҳа, ҳатто огоҳанд, ки сокинон ба ғундошта додани маблағ низ розианд. Фақат роҳ ҳамвору сангфарш гардад, шуд. Нияташон ҳамин аст. Бояд гуфт, ки кӯчаи мазкур роҳи гузари сокинони чандин маҳаллаҳо, аз ҷумла Масҷиди Сурх, Сари Санг ва Раззоқ аст.

Аҷоибаш ҳамин, ки оғози соли равон ба ҷойҳои баландиву пастӣ, аниқтараш даромадгоҳи кӯча чанд мошин хоку регмайда оварда рехтанд. Як "хусусияти хос"-и даромадгоҳи ин кӯча он аст, ки ин ҷо истгоҳи нақлиёти байниноҳиявию байнишаҳрии роҳҳои самти Душанбе, Айнӣ, Панҷакент, Ҷаббор Расулову Спитамену Истаравшан аст ва сокинон ба ин қарибиҳо кӯчаашонро аз садҳо ин гуна нақлиёт холӣ надидаанд. Аммо, ин мавзӯи дигар аст. Ба сари мақсад меоем.Чуноне аз гуфти сокинон аён гашт, хоку регмайдаро бо он мақсад оварда рехтаанд, ки пастиву баландиҳои роҳро ҳамвортар мекунанду бо гарм шудани ҳаво, яъне бо баланд шудани ҳарорати ҳаво то 30 дараҷа мумфаршкуниро шурӯъ.

Баъди ин кор, яъне рехтани хоку регмайда, бо фаро расидани мавсими боришоти аввали баҳор он хокҳои рехта бо гардиши нақлиёти бешумор ба лойҳои дурушт мубаддал шуда, бо роҳгардии мардум, ба қавле, то ба ҳавлию ҳуҷраҳои биноҳои баландошёнаи кӯча рафта даромад…

Хулоса, мардуми пурсабру тоқати ин кӯча то ҳол бо умед рӯзҳои некро интизоранд. Мавсими тобистон ҳам фаро расид. Ҳарорати ҳаво 35-36 дараҷа гарм аст. Аммо ҳеҷ не, ки мошинҳои деринтизори мумфаршкунӣ ояду ба кор оғоз кунад. Шояд ин кор боз ақиб партофта шуда бошад?

Р. НЕЪМАТОВА,
кўчаи Бахтиёр Ёқубов, шаҳри Хуҳанд

Add comment


Security code
Refresh