Роҳ дар ҳоли табоҳ

Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои созандагиву ободонӣ бо суръат идома доранд. Сол аз сол диёри тоҷикону тоҷикистониён зебо гардида, ба худ ҳусни тозаро мегирад, ки воқеан бунёдкору ташаббускор будани миллати тоҷикро бозгӯ аст.

Вале, ҳангоми аз хиёбону кӯчаҳои маркази вилоят гузаштан, ҳоли табоҳи баъзеи онҳо риққатовар буда, хоҳ-нохоҳ касро ба андеша водор менамояд, ки наход барои ақаллан таъмири ҷорӣ гузаронидан маблағ ёфт нашавад (ҳол он, ки бино ба гуфти мутахассисон барои таъмири ҷории роҳҳо маблағи начандон зиёд зарур аст).

Пеши назар дорем роҳе, ки дар мобайни микроноҳияҳои азими шаҳри Хуҷанд 12-ум ва 13-ум воқест. Ба ростӣ вақте аз ин роҳ мегузаред, гумон мекунед, гӯё дар ягон кӯчаи деҳот ва ё макони нообод нақлиёт меронед. Зеро, дар ҳақиқат ҳангоми ҳаракат чангу ғубори кӯча баланд шуда, ҳавои тозаи нафаскаширо низ халалдор месозад, ки ба саломатии шаҳрвандон бе таъсир намемонад.

Воқеан, ҳар нафаре ин ҳолро бо чашми сар мебинад, ғарқи андеша мешавад, ки наход дар шаҳри Хуҷанд - маркази маъмурии вилояти Суғд, чунин хиёбону роҳҳо мавҷуд бошанд. Охир меҳмононе, ки ба вилоят меоянд, қабл аз ҳама аз маркази он гузашта, ба шаҳру навоҳии дигар мераванд ва ба ҳолати шаҳру шаҳрдорӣ баҳо медиҳанд.

Бар замми ин, бино ба маълумот дар маҳаллаҳои 12-ум ва 13-уми шаҳр ҳазор-ҳо нафар шаҳрвандон истиқомат менамоянду ҳар рӯз ин кӯчаи ҳоли табоҳдоштаро хоҳ бо мошин ва хоҳ пиёда убур мекунанд. Шояд эшон низ борҳо ба худ савол дода бошанд, ки магар ҳамин ҳам фар-ҳанги шаҳрдориву роҳдорӣ аст?

Ҳол он ки сари роҳи мазкур мактаби миёнаи калонтарини шаҳр (дабиристони рақами 19-ум) низ мавҷуд аст, ки садҳо нафар толибилмонро ба таҳсил фаро гирифтаву устодон барояшон маърифату фарҳанг меомӯзонанд. Пас, аз ин хонандагон, ки ҳар рӯз ин роҳи ҳоли табоҳдоштаро убур менамоянд ва аз чанги роҳ ба қавле "сер" мешаванд, дар оянда чӣ тавр метавон насли солиму соҳибфарҳангро интизор шуд?! Зеро, чӣ тавре дар урфият мегӯянд, инсонро пеш аз ҳама муҳити гирду атроф тарбият менамояд.

Ҳамзамон, сари роҳ масҷиди "Тақво" (маҳаллаи 13-ум) низ мавҷуд аст, ки ҳар рӯз барои адои намози панҷвақта ҳазорон нафар муслимин ҷамъ меоянд. Ҳатто, худи онҳо ба умеди идораву муассисаҳои дахлдори роҳу нақлиёт ва нигаҳдории роҳ нашуда, метавонанд иқдом гирифта, роҳи мазкурро, ки масофааш чандон дур ҳам нест, ақаллан аз таъмири ҷорӣ бароранд. Бо ин амали хайру савоб баҳри қабули ибодаташон боз ҳам мусоидат мекарданд ва Худованд аҷру мукофоташро насибашон мегардонд.

Ин қабил роҳҳои валангор, ҳамчунин дар кӯчаи байни маҳаллаҳои 8-ум ва 12-ум, ки дар ин маҳаллаҳо низ ҳазорон нафар шаҳрвандон зиндагӣ мекунанду ҳар рӯз аз он истифода мебаранд, кӯчаи мошингарди болои маҳаллаҳои 12, 13, 18, 19, поёни бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, болои маҳаллаҳои 20-ум, 32, 33-юм мавҷуданд, ки воқеан ҳусни шаҳрро хеле коста гардонида, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт монеаҳо эҷод менамоянд. Бар замми ин кӯчаҳои назди Беморхонаи клиникавии вилоятӣ (маҳаллаи 34-ум) то саристгоҳи "Шоҳроҳи Абрешим" чунин ҳол доранд, ки ҳатто, чанд маротиба ба садамаҳои нақлиётӣ сабаб шуданд. Бояд гуфт, ки кӯчаҳои зикршуда аз маркази шаҳр нисбатан дар каноранд ва кормандони идораи роҳсозии Хуҷандро хуб мешуд, боре аз онҳо гузаранду ба чуқуракҳо бархӯранд.

Ҳадаф аз ин гуфтаҳо танҳо баёни андешаву танқиди ашхоси мутасаддӣ набуда, балки ба эътидол овардани роҳу хиёбонҳои маркази вилоят аст. Зеро, тавре маънидод менамоянд, роҳ бозгӯи ҳусни шаҳру ободии диёр аст ва мебояд ҳамеша дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шавад. Дар сурати ҳоли нохуб доштани баъзе аз роҳҳо оё метавон гуфт, ки шаҳри Хуҷанд комилан ободу ҳусни дилангезу дилрабо дорад!

Боқӣ, қазовати масъала ва ҳарчӣ зудтар ҷустани роҳи ҳалли он аз идораву ашхоси дахлдор масъулияти баланд металабад.

Исломҷон БОБОЕВ
Дар суратҳо: қисме аз роҳи мошингарди байни маҳаллаҳои 12 ва 13-уми маркази вилоят
суратгир Иномҷони РАБИЗОД

Add comment


Security code
Refresh