«...Ҳар дам ғанимат аст» - гуфтаанд, аммо...

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон" 23-юми июни соли 2011 дар урдугоҳи беруназшаҳрии "Чашма"-и деҳаи Манғит (ҳоло деҳаи Зароб)-и Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Fончӣ Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сокинони ноҳия мулоқот ороста буд.

Дар он беш аз 4500 нафар иштирок карда, 32 нафар бо масъалаҳои ҷамъиятиву иҷтимоӣ муроҷиат намуданд. Давоми як соли сипарӣ муроҷиатҳои шаҳрвандон то кадом андоза ҳал шуданд? Бо мақсади рӯшанӣ андохтан мухбирони рӯзнома ба ноҳияи Fончӣ сафар карда, аз натиҷаи масъалаҳои баррасинамудаи шаҳр-вандон огоҳӣ ёфтанд.

ЗАМИН МУАММОИ РЎЗ АСТ

Масъалаи асосие, ки имрӯз кулли ҷомеаро ба ташвиш андохтааст, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани аҳолии эҳтиёҷманд мебошад. Азбаски дар охири солҳои даврони шӯравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тақсимоти замини наздиҳавлигӣ аз назарҳо дур монд, шумораи эҳтиёҷмандон дар ҳудуди ҷумҳурӣ хеле афзудааст. Талабгорон дар ноҳияи Fончӣ низ зиёданд ва аз бозе, ки қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи тақсими замини наздиҳавлигӣ ба имзо расид, аксари эҳтиёҷмандон бо навбат аз ҳисоби заминҳои лалмӣ ва чарогоҳ соҳиби замин шуда истодаанд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 291 аз 29 майи соли 2010-ум аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ва заминҳои фонди захиравии дар истифодаи мӯҳлатноки хоҷагиҳо қарордоштаи ноҳия дар масоҳати 1123,48 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Тавре сармеъмори ноҳия Валиҷон Набиев гуфт, аз 7277 аризаи сокинон, ки ба комиссияи ноҳиявӣ ворид шудааст, бо қарори раиси ноҳия 7062 нафар шаҳрвандон ба рӯйхати эҳтиёҷмандони қитъаи замини наздиҳавлигӣ ворид шудаанд. Дар асоси қуръапартоӣ дар ҳашт ҷамоати ноҳия ба 4160 нафар 397,64 гектар замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд. Бинобар дар селроҳа-мавзеи номувофиқ интихоб гардидани баъзе қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар деҳаҳои Росровут, Хишекат ва Даҳкат масъала аз нав баррасӣ хоҳад шуд. Дар деҳаҳои номбурда 148 нафар аз ҳисоби замини зиёдатии наздиҳавлигӣ бо қитъаи замин таъмин гардиданд. Барои таъмин намудани аҳолии деҳаҳои номбурда 263,41 гектар қитъаи замин интихоб гардида, ҳуҷҷатҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

ОБ - САРЧАШМАИ ҲАЁТ

Аҳолии ноҳия дар рӯзи вохӯрӣ, ҳамчунин бо масъалаҳои таъминот бо оби ошомиданӣ ва полезӣ, таъмири бинои муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, кӯпрукҳо, иваз намудани зеристгоҳҳои барқии баландшиддат, идомаи корҳои сохтмонӣ ва дигар муаммоҳо муроҷиат намуданд. Масъалаи асосие, ки на танҳо ноҳияи Fончӣ, балки дар баъзе ҷамоат ва шаҳракҳои дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташвишовар маҳсуб мешавад, таъминот бо оби нӯшокӣ ва полезӣ мебошад. Дар қатори чанд масъалаи ба миёнгузоштаи сокини шаҳраки Fончӣ Сироҷиддин Осимӣ беҳтар намудани вазъи таъминот бо оби полезӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ чораву тадбир андешида, минбаъд миқдори зарурии об дар обанбори Даҳанасой захира гардида, интиқоли оби полезӣ тибқи ҷадвали тасдиқшуда ба роҳ монда мешавад.

БО ДАРКИ ВАТАНДЎСТӢ

Воқеан, ҳисси ватандӯстӣ, раиятпарварӣ дар ниҳоди сокинони ноҳияи Fончӣ хеле баланд аст. Солҳост, ки бо тақозои вазифа сафари ноҳия мекунем ва ҳар бор бунёди иншооте ва ё коргоҳе, таъмири ин ё он сохтмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва ё тариқи ҳашар - дастаҷамъӣ сурат мегирад. Чунин иқдом чуноне Раиси вилоят борҳо таъкид намуданд, боиси таҳсин ва дастгирист. Пас аз вохӯрӣ бо Раиси вилоят ва муроҷиати чанд нафар аз сокинон аксар иншоот ва корҳои таъмиру тармим идома ёфтааст. Аз ҷумла, баҳри таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар деҳаи Демнора чоҳи амудӣ кофта мешавад, ки онро соҳибкор аз деҳаи Далён Аҳмад Шарифов бо дархости сокини Ҷамоати деҳоти Далёни Боло, деҳаи Демнора Раҳимбердӣ Норов ба зимма гирифтааст.

Дар қатори баррасии чанд масъала сокини шаҳраки Fончӣ Шариф Муллоев таъмири майдончаи варзишӣ ва сохтмони талори варзиширо дар МТУ рақами 1-ум талаб кард. Бунёди толори варзишӣ ба нақшаи мақомоти иҷроияи ҳомияти давлатии вилоят дохил карда шуда, майдончаи варзишӣ бошад, бо қувваи волидайну соҳибкорони маҳаллӣ бо маблағи 1200 сомонӣ таъмир гардид. Бо дастгирии шахсони саховатпеша ҳудуди ҳавлии беморхонаи рақами якуми деҳаи Калининобод чароғон карда, даромадгоҳи он бо маблағи 7000 сомонӣ аз нав бунёд шуда, барои таъмири шӯъбаи таваллуди бемористон 6000 сомонӣ маблағ масраф гардид. Дар ин бобат сокини Ҷамоати деҳоти Калининобод, деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ Субҳон Қозиев дархост намуда буд. Масъалаи сокини Ҷамоати деҳоти Росровут, деҳаи Хишекат Баҳрулло Ҷумъабоев дар бораи мувофиқи матлаб ҷорӣ нагардидани об буд. Хатти обгузари деҳа бо дастгирии хоҷагии деҳқонии "Хишекат" ва сокинон пурра аз таъмир баромад. Вале барои пурра ба мақсад расидан лӯлаҳои иншооти обтозакуниро нав кардан зарур.

Бо ташаббуси садорати хоҷагии деҳқонии ба Ҳ. Қурбонов, омӯзгорони МТУ рақами 47 ва дастгирии мардуми деҳаи Басманда сохтмони толори варзишӣ оғоз ёфт. Алҳол 70 фоизи корҳо ба анҷом расида, бо ин мақсад 130000 сомонӣ маблағ масраф шудааст. Масъалаи мазкурро сокини Ҷамоати деҳоти Овчии деҳаи Басманда Зоҳид Ёров ба миён гузошта буд. Албатта, мушкилоти ҷомеа тариқи ҳашар, дастгирии мардуми саховатпеша, аз ҷумлаи соҳибкорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кӯмаки бевоситаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалливу вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳалли худро хоҳад ёфт. Таъминоти оби нӯшокӣ ва полезии аҳолии деҳаи Шоҳон асосан аз обҳои ҷории Басмандсой сурат мегирифт.

Ба сабаби сол аз сол зиёд шудани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ танқисии оби полезӣ ба назар мерасад. Пешниҳоди сокини Ҷамоати деҳоти Калининобод, деҳаи Шоҳон Наимҷон Ҷӯраев ҳамин мавзӯъро фарогир буд. Дар ин бобат харҷнома ва нақшаи гузарондани хатти обгузар таҳия гардида, он ба ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар назар аст, ки он дар мӯҳлати кӯтоҳ ҳал шавад. Бо ҷонибдории Раиси ноҳия як адад таҷҳизоти чоҳкобӣ ба корҳои кофтуковӣ дар деҳаи номбурда машғул аст, мутаассифона, дар чуқурии то 140 метр замин кофта шуд, аммо мурод ҳосил нагардид. Алҳол дар ҳудуди замини хоҷагии деҳқонии ба номи Саъдулло-бобои деҳаи Янгиариқи Боло корҳои кофтукобӣ идома дорад. Ҳар ҳашар, ҳар масъалагузорӣ ва ҳалли саривақтии он аз ҷониби сокинони ноҳия мазмуни онро дорад, ки мардуми ба ору номус баҳри рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии маҳалли хеш камари ҳиммат бастаанд ва сарсабзии диёри хешро ҷонибдоранд.

ДЕР ОЯДУ ШЕР ОЯД…

Аз ҷониби аҳолӣ, ҳамчунин, дар бораи идомаи сохтмони биноҳои нотамом, бунёди иншоотҳои соҳоти маориф, тиб ва ғайраҳо масъала гузошта шуд, ки он тибқи лоиҳаи алоҳида ба нақшаи солҳои минбаъда ворид шудааст. Сокини шаҳраки Fончӣ Шариф Муллоев дар бобати сохтмони нотамоми таваллудхонаи маркази ноҳия ба Раиси вилоят андешаи хешро иброз дошта буд. Бинои нотамоми таваллудхона барои 100 кат пешбинӣ шуда, барои корҳои боқимонда 8 млн 909 ҳазор сомонӣ зарур аст. Он ба нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои солҳои 2013-1015 дохил шудааст.

Барои ҳалли муаммои сокини Ҷамоати деҳоти Далёни Боло, деҳаи Навобод Қурбонбой Аслонов дар бораи набудани оби полезӣ харҷнома ва нақшаи кашидани хатти об таҳия гардидааст. Дар сурати дарёфт намудани сармоягузор аз ҳисоби ташкилотҳои ҷамъиятӣ масъала ҳалли худро хоҳад ёфт. Айни ҳол он ба нақша-чорабинии мақомоти маҳаллӣ ворид шудааст. Нисбат ба муроҷиати сокини Ҷамоати деҳоти Муҷун, деҳаи Иторчӣ Абдусалом Мирумаров аз шабакаҳои барқи Истаравшан хабар додаанд, ки иваз кардани зеристгоҳи барқии иқтидораш Т-16,3 МВА Т-2-4 МВА Т-3-4 МВА то соли 2015 ба нақша гирифта шуд.

Мутаассифона, зиёд гардидани офатҳои табиӣ ба бисёр иншоотҳо, ба монанди кӯпруку роҳҳо, биноҳои истиқомативу ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расондааст. Дар ин бобат сокинон ба Раиси вилоят хабар расонданд. Аввали баҳори соли 2011-ум дар натиҷаи боришоти зиёд чор кӯпруки деҳаи Басманда ва роҳҳои мошингард вайрону корношоям гардиданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ роҳҳо ҳамвор карда, кӯпрукҳои дохилидеҳавӣ барқарор гардиданд. Дар деҳаи Овчӣ кӯпруки дохилидеҳавӣ, ки аз роҳи Мастчоҳи Кӯҳӣ убур мешавад, бо маблағи 30000 сомонӣ барқарор карда шуд.

Сокини деҳаи Далёни Болои Ҷамоати деҳоти Далёни Боло Ибодат Сайфуллоева дар рӯзи мулоқот аз Сарвари вилоят хоҳиш намуда буд, ки беморхонаи рақами 6-умро бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин намоянд. Пас аз муроҷиат ҳолати нақлиёти ёрии таъҷилии беморхона муоина гардида, барои таъмир 6000 сомонӣ маблағ муқаррар гардид. Аз ҷониби беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи ду ҳазор сомонӣ се адад чархи мошин ва як адад аккумулятор дастрас гардид. Барои идомаи таъмири нақлиёт боз чор ҳазор сомонӣ маблағ аз ҷониби ҷамоати деҳот дарёфт ва мебоист то санаи 9-уми майи соли равон он ба истифода дода мешуд. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан оид ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ оё мавриди истифода қарор гирифт ё не, бо менеҷери госпитали ноҳия Н. Маҳмадалиев телефонӣ дар тамос шудем. Мавсуф изҳор намуд, ки айни замон нақлиёт дар ҳолати омодабош қарор дорад. Аз сабаби он ки нақлиёт кӯҳна аст, дарёфти қисмҳои эҳтиётии он хеле мушкил гардид. Пас аз анҷоми таъмир кӯшиш мекунем ба тезӣ нақлиёти ёрии таъҷилиро мавриди истифодаи мардум қарор диҳем, -гуфт дар анҷом Н. Маҳмадалиев.

ВАҚТ ҒАНИМАТ АСТ

Мегӯянд ҳар соату ҳар дақиқаи инсон қимат аст ва онро набояд беҳуда масраф сохт. Ҳамчунин, қонуни номбурда дар бораи муроҷиати шаҳрвандон маънои онро надорад, ки назди Раиси вилоят бо нукта ва эродҳои нозарур муроҷиат намоянд. Мутаассифона, чунин ҳолат дар дигар шаҳру навоҳӣ низ ба мушоҳида мерасад, баъзе шаҳрвандон аз ҳар лаҳза ва дақиқаҳое, ки Раиси вилоят чун намояндаи Президенти кишвар мулоқот меорояд, самаранок истифода набурда, балки бо сухану вазъгӯиҳои беҳуда вақтро бесамар мегузаронанд.

Муроҷиати чанд нафар аз сокинони ноҳияро ҳангоми мулоқот бо Раиси вилоят метавон аз чунин тоифа донист. Масалан, (ин ҷо, албатта, ному насаби муроҷиаткардагонро ишора намекунем) Беморхонаи минтақавии рақами якуми деҳаи Калининобод бо хатти озоди барқ таъмин бошад ҳам, аммо нафаре боз ба ҳамин масъала рӯй овард. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, аз қонунҳои амалкунанда истифода бурда, баҳри ҳалли муаммоҳои ҷамъиятиву иҷтимоӣ бикӯшанд, вақти худ ва Раиси вилоятро беҳуда нагузаронанд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
мухбирони махсуси "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh