Во аҷабо!

Асри ХХI давраи равнақу ривоҷи технологияҳои навтарини ҳаёт, аммо дар шаҳри Турсунзода ба шахсе бовар мекунанд, ки аз мусулмонӣ ва ислом хабаре надорад, худро “Маҳдии охирзамон”, “авлиё” ва “шайх” меномад.

Аҷабо, ба мардуми ихлосманди мо. Агар гўед, ки ба ятиме, бечорае, маъюбе кўмак кунед, бо ҳазор баҳона саркашӣ мекунанд, аммо ба як бесаводу авомфиреб ва риёкор пулу моли дунё ва ҳатто духтаронашонро ҳадя мекунанд.

Аҷабо! Агар гўед, ки падару модари худро эҳтиром кунед, дасташонро бўсед, худро ба гўлӣ мезананд, аммо дасти як фиребгару қаллобро мебўсанд.
Ва дигар аҷабоҳои зиёд.

Қиссаи шайх Темурро аз телевизиони ҷумҳурӣ дида, боз як бори дигар ба хулоса омадам, ки шахсони худонотарс ба дину фарҳанги мо зарарҳои зиёд мерасонанд. Онҳо на аз шармандагӣ ва на аз азоби дўзах метарсанд. Ҳол он ки Худованди бузург барои уламо ва обидони риёкор сахттарин азобро омода кардааст. Ва низ ба онҳое, ки бо номи дин касби дунё, роҳати дунёро мекунанд, азоби сахттаринашро огоҳ кардааст.

Аз Абў Ҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:

- Дар охирзамон афроди маккор ва ҳилакоре пайдо мешаванд, ки ба баҳонаи дин дунёро шикор мекунанд. Онҳо бо нишон додани дарвешӣ ва мискинии худ ба мардум ва мутаассир кардани онҳо либоси пашмин мепўшанд. Забонҳои онҳо ширинтар аз шакар аст, вале дилҳои онон монанди дили гург хоҳад буд. Дар бораи онҳо фармони илоҳӣ аст, ки оё инҳо аз мўҳлат додани ман фиреб хўрдаанд ва ё аз ман тарсе надошта, ҷуръати мубориза бо ман кардаанд? Пас маро қасам ба зоти худам, ки ин маккоронро ба фитнае мубтало хоҳам кард, ки бузургон ва донишмандони онҳоро дар ҳайрат қарор хоҳад дод.

Аз ин ҳадиси муборак бармеояд, ки ин навъи хоси риёкорӣ, ки либосу сурати зоҳидонаро пеша мекунанд, мисли шайх Темур ба сар саллаи кабуду рўймол партофта, бандагони соддалавҳи Худоро бо ширинзабонӣ ба худ ҷалб карда, ба доми худ асир мегардонанд ва дунёро аз онҳо ба даст меоваранд ва ин бадтарин роҳи риёкорӣ аст, ки Худованди таъоло барои онҳо азоби сахт ва пеш аз маргашон ба сахттарин фитнаҳо мубтало мегардонад.

Дар ҳадиси дигар омадааст:
- Аз Абў Ҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: "Шумо аз Ҷуббулҳузн (чоҳи ғаму андўҳ) паноҳ талабед. Баъзе аз саҳобагони киром пурсиданд: - Ё расули Худо, Ҷуббулҳузн чист? Он ҳазрат фармуданд: - Хандақе ҳаст дар дўзах ва чунон ваҳшатнок, ки худи дўзах ҳар рўз чаҳорсад бор аз он ҷой рафт. Пайғамбар гуфтанд: - Он дастае аз ибодаткунандагони бузург ва ё қориҳое, ки риёкоранд. Пас огоҳ бошем, аз шахсоне, ки динро воситаи зиндагӣ, даромад ва авомфиребӣ мекунанд, бовар накунем, худро гунаҳкор насозем. Ба он чоҳи азоб шахсоне партофта мешаванд, ки зоҳиран худро диндори боломартаба, шайху авлиё мехонанд, худро олими Қуръон эълон мекунанд, вале дар ҳақиқат дар ботини худ ин корҳоро фақат барои касби ному дунёӣ ва риёкорӣ мекунанд.

И.Калонзода,
имом-хатиби Масҷиди ҷомеи "Нури ислом"-и шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh