«БАҲОР»: иншооти фарҳангӣ ё макони ҳузнангез?
- Details
- Published on Monday, 09 February 2015 10:16
Оё соли фарҳанг соли эҳёи кинои тоҷик хоҳад гашт?
Ҳукумати кишвар ба инкишофи бонизоми фарҳанг ва махсусан масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқӣ ва театр таваҷҷўҳи хос зоҳир менамояд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Тамошои филм дарси тарбия аст. Кино ба инсон ҳаётро меомўзад. Солҳои пеш маънии кино дар экрани калон дарси одаму одамигарӣ, дўстиву бародарӣ, талхиву ширинӣ ва фарқ байни неку бад буд.
Тоҷикфилм дар ҷаҳон бо филмҳои бузурги худ «Рустам ва Сўҳроб», «Дохунда», «Ман бо духтаре вохўрдам», «Марги суд-хўр», «Рўдакӣ» ва ғайраҳо шўҳратёр гашта буд.
Ҳанўз дар даврони шўравӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят кинотеатрҳои зимистонаву тобистона, аз ҷумла кинотеатрҳои «Октябр», «Пахтакор», «Ватан», «Баҳор», «Тоҷикистон», «Островский», «Хроника», «Восход», «Маяковский», «С.Айнӣ», «Мир», «Сулҳ», «Муборакқадам», «Комил Ёрматов», «Рўдакӣ», «Фирдавсӣ», «Лола», «Восток», «Айнӣ» ва ғайраҳо фаъолият доштанд. Баробари ин 100 кинотеатри тобистона дар хоҷагиҳои кишоварзӣ амал менамуданд. Аммо имрўз аз ин кинотеатрҳо нишонае намондааст. Куҷо шуд кинотеатр ва кинои тоҷик?
Соҳибмулки «Баҳор»:
-Адвокат ҷавоб медиҳад…
Дар соҳили рости руди Сайҳуни шаҳри Хуҷанд солиёни дароз кинотеатри писандидае бо номи «Баҳор» фаъолият дошт. Бинои боҳашаматро бинандагони зиёд дар ёд доранд. Зеро ба ин макон мардуми зиёд баҳри тамошои филмҳои гуногун меомаданд. Аммо имрўз аз он «Баҳор» як бинои вайрона мондаасту халос. Тақдири «Баҳор» чаро чунин шуд? Кӣ ин бинои боҳашаматро ба вазъи ҳузнангез расонид?
Барои пайдо сохтан ба суолҳои худ бо соҳибмулки кинотеатр ҳамсўҳбат гаштем. Аммо, ў «Ба ҳамаи суолҳоятон адвокат ҷавоб медиҳад»-гўён аз посух додан саркашӣ кард. Давоми як ҳафта интизор шудем, аммо аз «адвокат» ягон хату хабаре набуд. Дар бораи тақдири кинотеатр ва то ба чунин ҳоли табоҳ расидани он аҳли маҳалла огоҳ нес-танд, ҳар яке бо афсўс сар меҷунбонаду бас.
Андешаи мутахассис ва шаҳрванд
Доир ба фаъолияти собиқ кинотеатрҳои вилоят собиқ директори корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои вилоят Маҳмудҷон Аҳмадов, ки ҳоло дар нафақа аст, чунин гуфт:
-Кино санъати муҳими фарҳанг мебошад. Ман ҳоло ба хотир меорам, ки солҳои пеш дар шаҳри Хуҷанд 22 кинотеатри доимоамалкунанда мавҷуд буд. Ҳамаи онҳо дар як рўз аз 5 то 7 сеанс кино намоиш медоданд.
Мардум ҳамроҳи ёру дўс-тон, хешону пайвандон ва бо оилаашон барои тамошои кино меомаданд. Баъди пош хўрдани давлати абарқудрати шўравӣ ҳамаи риштаҳои кино канда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик ҳамкории зич дошт. Лентаҳои кино асосан аз давлатҳои Русияву Украина оварда мешуд. Пас аз канда шудани риштаҳо дар кишвари мо кино худ ба худ коҳиш ёфт. Бо гузашти вақт як қисми кинотеатрҳо аз фаъолият бозмонданд. Биноҳои кинотеатрҳо ба муассисаҳои мухталиф табдил ёфтанд. Ҳамин тариқ, кинотеатрҳо аз байн рафтанд.
Доир ба кинотеатри «Баҳор» ҳамин нуктаро зикр кардан бамаврид аст, ки фаъолияти он ҳанўз солҳои Иттиҳоди Шўравӣ оғоз гардида буд. Он солҳо филмҳои кассавӣ ба намоиш гузошта шуда, (Маҳмудҷон Аҳмадов он солҳо директори кинотеатри «Баҳор» буд) ва дар як рўз маблағи муайяне ҷамъ мешуд. Ҳеч чиз нафурўхтаву истеҳсол накарда, маблағи зиёд ба даст меомад. Мутаассифона, пас аз пош хўрдани давлати шўравӣ бинои кинотеатр хусусӣ гардид ва аз фаъолият тамоман бозмонд.
Ягона кинотеатри давлатӣ дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт вуҷуд дорад, ки он дар ҳолати азнавбарқарорсозист. Боиси таассуф аст, ки дар шаҳри Хуҷанд тамоми кинотеатрҳо фурўхта шуда, як қисмаш ба маркази ҷавонон, қисми дигараш ба театри наврасон ва сеюмӣ ба студияи телевизион дода шуд.
Дар «Тоҷикфилм» бештар киноҳо дар мавзўъҳои ҳаётӣ ба намоиш гузошта мешуданд. Тоҷикон таърихи бой дошта, филмҳои таърихӣ бештар ба маърази тамошобин пешкаш мешуд.
Ҷавонон имрўз аз тарбияи санъати кино маҳруманд. Пештар ҳамагон барои тамошои филмҳои ҳиндиву тоҷикӣ ба кинотеатрҳо мерафтанд. Барои мо кинотеатри «Баҳор» писанд буд, зеро ҳар бегоҳ филмҳои наву ҷолибро пешкаши тамошобин мекард. Имрўз ҷойи кинотеатрҳоро бозори диск гирифтааст. Мавзўи филмҳо аз фисқу фасод, зўроварӣ, одамкушӣ иборат буда, аз тамошои онҳо аксари мардум метарсанд. Чӣ қадар зўровариву бераҳмӣ! Насли навраси мо дар чунин руҳия ба воя расида истодааст. Чунин гумон меравад, ки аз чунин филмҳо насли ҷавон ибрат гирифта, даст ба ҷиноят мезананд. Хуб мешуд, ки воридоти ин гуна дискҳоро ба вилоят кам кунанд.
Таъсири кинои тоҷик ба ахлоқи ҷавонон
Имрўз одобу ахлоқ дар ҷомеа, бахусус дар байни ҷавонон костааст. Дар баробари ин ҷавонони раҳгумзада ва бекасбу кор ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мепайванданд.
Соли 2015-ро Соли оила эълон намудани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бесабаб нест. Зеро имрўз маҳз яке аз сабабҳои ҷудошавӣ, носозгорӣ дар оилаҳо ин одобу ахлоқ ва сатҳи пасти тарбия мебошад. Кинои баландмазмун дар худ хусусияти тарбиявӣ дорад. Дар он пастиву баландӣ, талхиву ширинии ҳаёт таҷассум меёбад, ки тамошобин метавонад, ба худ маънии баланд гирад.
Замоне кинотеатри «Баҳор» маркази фарҳангӣ буду дар он ҷо мардуми зиёде ҷамъ меомаданд. Қариб ҳар бегоҳ назди кинотеатр идгоҳро мемонд. Боиси таассуф аст, ки дар шаҳри Хуҷанд - маркази вилоят ягон кинотеатр амал намекунад.
Кинотеатри «Баҳор» солҳои 1996-1998 хусусӣ гардид. Ҳоло соҳибони кинотеатр «Баҳор»-ро ба мавзеи ҳузновар табдил додаанд. Ҳолати вайронаву садамавии он ҷойро дида, кас ангушти ҳайрат мегазад. Аз он «Баҳор»-е, ки ҳамагон медонистанд, файзе боқӣ намондааст. Саволе ба миён меояд, ки оё ин макони дўстдоштаи ҷавонон боз ҷойи фароғату фарҳанг мегардад? Масъулин чора меандешида бошанд? Вақт довар аст…
Шаҳбонуи СИДДИҚ