Дуздӣ кардан раво нест!
- Details
- Published on Thursday, 05 February 2015 11:13
Имрўзҳо дар саросари кишвар рўз ба рўз пешравиҳо дар тамоми соҳаҳо дида мешаванд. Алалхусус шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо ободониаш гулпўш намудани гулгаштҳо, хиёбонҳо ва дарахтони ҳамешасабз ҳусни гуворо меёбад. Бояд ба қадри ин неъматҳо ҳар як фарде, ки ифтихору ғурури миллӣ дорад, бирасад.
Имрўзҳо аҳолии маркази вилоят шоҳид ҳастанд, ки таъминоти оби нўшокӣ дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаҳои «Беҳтаргардонии вазъи таъминоти оби нўшокӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд» беҳтар мегардад. Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» дар ҳама биноҳои истиқоматии шаҳр қариб, ки тамоми қубурҳои обгузарҳо ба қубурҳои пластикии замонавӣ иваз кард, ки ба сатҳу сифати хуби хизматрасонии обрасонӣ мусоидат намуд.
Мутаассифона, бархе аз шаҳрвандон танҳо манфиати хешро гуфта, даст ба дуздӣ ва дигар амалҳои номатлуб, аз ҷумла ба пайвасти худсаронаи об, дуздидани сарпўшҳои чоҳҳои обгузар даст мезананд. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки ба зиммаи КВДК «Хуҷандобуканал» зиёда аз 129 км хатти ташноб (канализатсия) буда, онҳо бо пуррагӣ фаъолият бурда истоданд, ки тибқи талаботҳои стандартии меъморӣ дар ҳар 50 метр ё ба миқдори 2580 адад чоҳакҳо хизмат менамояд. Ҳар чоҳак вазифаи манбаъи хатти ҷудоӣ ё пайвастаи шоҳқубурро дорад.
Ба наздикӣ қариб 9 адад сарпўшро, ки дуздида буданд, бригадаи хадамоти умури диспетчерии КВДК «Хуҷандобуканал» дар шоҳроҳҳои маҳаллаи 28, 18, 13 ва ғайраҳо бо сарпўшҳо таъмин намуданд.
Мутасаддиёни корхона бо фаъолони кумитаи маҳаллаҳо дар ҷойҳо корбарӣ намуда, баҳри пешгирии дуздӣ ва дигар амалҳои зишти инсонӣ чораҳои саривақтӣ меандешанд.
Ҳоҷӣ Валӣ НАБИЗОД,
сардори хадамоти КВДК «Хуҷандобуканал»