Таъсиси маркази хизматрасонии техникӣ ё… ?!

 

 

 

Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи кунунии марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру навоҳии вилоят, аз шаҳри Конибодом дидан намудем. Бино ба гуфти сардори «Маркази хизматрасонии техникии шаҳри Конибодом» Валиҷон Азимов, моҳи сентябри соли 2009 дар асоси фармони КВД «Тоҷикагролизинг»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маркази номбурда таъсис ёфтааст.

Аз оғоз мақсади асосии марказ ин, пеш аз ҳама, босифату сари вақт хизматрасонии гуногун бо техникаҳои кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва осон намудани кори деҳқонон мебошад. Соли 2014-ум, тибқи қарори Раиси вилоят, таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм ба роҳ монда, дар ин раванд, ҳамчунин ба мо супориш шуд, ки дар ҳар мавзеъ, деҳаҳову ҷамоатҳо Марказҳои хизматрасонии техникӣ ташкил гардад.

-Маркази мо, чуноне ки қайд намудем, чанд сол қабл дар ҳайати КВД «Тоҷикагролизинг»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, аз коргоҳи мазкур ба Маркази хизматрасонии техникии шаҳри Конибодом 4 адад техникаи шудгоркунандаи коркарди байниқатории тамғаи «Тоҷирон», «ТТЗ» ҷудо шуда, ҳамзамон зиёда аз 15 намуди агрегату олоти кишоварзиро дорост. Ба ин техникаҳо механизаторонро тибқи шартнома ба кор қабул карда, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ низ дар асоси шартномаву нархномаи тасдиқшуда намудҳои гуногуни хизматрасонии техникаҳои кишоварзиро ба иҷро мерасонем,-иброз дошт сардори марказ В.Азимов,- баҳри пешравии кори деҳқонони хоҷагиҳо мо хизматрасонии худро нисбат ба марказҳои хусусӣ 15-20 фоиз арзон кардем.

Тибқи оиннома, ҳамаи маблағҳо ба тариқи додани расидҳо (квитансия) ба ҳисоб гирифта, тариқи бонк ба КВД «Тоҷикагролизинг»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, аз маблағи умумии ҷамъшудаи маркази хизматрасонӣ 15 фоиз ҷудо гардида, сипас аз рўи он маоши кормандон пардохт мегардад. Албатта, мо аз хоҷагиҳои мавҷудаи марказ истифода бурда, ба коргарон бо маҳсулоти рўзгор низ кўмак мекунем.

Инчунин, мутахассисони маркази мазкур дар заводҳои тракторбарории ҷумҳурӣ ва берун аз он рафта, сатҳи тахассуснокии хешро баланд бардошта, малакаи бештари корӣ пайдо намудаанд. Алҳол онҳо ҳамаи навъи техникаҳои кишоварзиро таъмиру тармим карда метавонанд.

Сардори марказ Валиҷон Азимов изҳор дошт, ки дар сурати пайдо шудани супориш аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ё умуман оид ба харидории ягон намуди техника пас аз ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ марказ бо лизинг, яъне овардани техника аз ҷумҳурӣ низ мусоидат мекунад. Масалан, ба онҳое, ки то имрўз ба марказ муроҷиат кардаанд, 15 адад трактори тамғаи «МТЗ» ва «Тоҷирон»-ро дастрас карда, оварда дода, таъминот бо қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири онҳоро ба зимма гирифтааст.

Ҳангоми азназаргузаронии дастгоҳҳои марказ аён буд, ки воқеан ҳамаи техникаҳои кишоварзӣ дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта, лавозимоту техникаҳои зарурӣ барои хизматрасонӣ омодаанд.

Сардори идораи кишоварзии ноҳияи Конибодом Холматҷон Раҳмонов низ саҳми хосаи масъулини Маркази техникии хизматрасонии мазкурро дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ, алалхусус таъмиру хизматрасонии техникаҳои марбути соҳа таъкид дошта, нисбат ба дигар марказҳои шаҳр беҳтар арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, аз Маркази хизматрасонии техникии Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳр дидан намудем. Ҳарчанд маркази номбурда дар масоҳати калон қарор дошт, ғайр аз чанд адад олотҳои кишоварзӣ, аз қабили тухмипошак, хаткашак ва трактори вайронхобида чизе ба назар нарасид. Сабаби ба чунин ҳолати ногувор омада расидани маркази замоне пуриқтидорро аз сардори он Баҳодур Абдусатторов пурсон шудем. Мавсуф изҳор дошт, ки алҳол ҳамаи техникаҳо ба иҷора дода шуда, айни замон танҳо бо таъмири техникаҳо сарукор доранду халос.

Дар паси қарору фармонҳои роҳбарон меҳнати азими маънавию ҷисмонии олимону масъулини соҳоти марбута меистад ва бояд, ки ҳар фарде, ки хизмат ба мардумро сармашқи фаъолияти хеш меҳисобад, содиқонаву бо масъулияти том баҳри беҳдошти сатҳи зиндагонии халқ саҳмгузор бошад.

Вазъият тақозо дорад, ки роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳа иҷрои ҳатмии қарорҳои роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилоятро, ки баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии деҳқонону мардуми кишвар нигаронида шудааст, аз мутасаддиёни ташкилоту идораҳо талаб намоянд.

Онахон ҲАЛИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh