ДАВЛАТ ҲОМИИ АСОСИИ ДИНУ ДИНДОРӢ
- Details
- Published on Thursday, 29 January 2015 15:47
«Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин заҳорати нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст, мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифи набояд кард Зарур аст, ки ба истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зист роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронааш дар назди қонун ҷавоб гӯяд», таъкид кардааст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ва дар ҳақиқат, дин аз рӯи моҳияташ ягон бадие надорад.. Он мактаби адабу ахлоқ аст. «Қуръон» худ маънои адабро дорад. Аз ин лиҳоз давлат ҳомии асосии дину диндорон аст. Исботи он моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар чунин гуфта шудааст:«Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат наҷод забон эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимои, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Дар моддаи 26 бошад навишта шудааст, ки «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин, мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайрави намояд ва ё пайрави накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.»
Дар тамоми шаҳру деҳот мавҷуд будани масҷидҳо, таъсиси Қонунии муассисаҳои таълимии динӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо худ нишони он аст, ки давлат ҳимоятгари асосии дину диндорон аст.
Як назар ба давраи то Истиқлолият андозем, мебинем, расму маросимҳои динӣ, пинҳонӣ, бо тарсу ҳарос мегузаштанд. Имрӯз ин хел нест. Гарчанде ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ эълон карда, бо Конститутсия онро ба ҳукми қонун даровардааст. Онро ҳеҷ, кас дигар карда наметавонад. Аммо чи хеле, ки дар моддаи 8 Конститутсия омадааст. «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияҳои динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонанд», ба ҳайси мафкураи давлати шавад. Ташкилотҳои дини аз давлат ҷудо буда ба корҳои давлати мудохила карда наметавонанд».
Дин бояд корҳои таълимию тарбиявиро тарғиб кунад.Ҳомиёни дин ҳуқуқ надоранд, ки динро ҳамчун аслиҳаи барои ба даст овардани мақсадҳои сиёси истифода баранд.
Халқи тоҷик он рафтору кирдори ходимони дине ки солҳои 90 асри гузашта содир карданду, қурбониҳои зиёд, зарарҳои иқтисодии бисёр оварданд фаромӯш накардаанд. Ҷонисор кардани зиёда аз 15000 одам, 8 млрд зарарӣ иқтисодиро набояд фаромӯш кард.
З- ин рӯ давлат дину диндоронро ҳимоя мекунад, аммо намегузарад, ки ашхосони алоҳида, онро ҳамчун аслиҳа барои амали мақсадҳои сиёсӣ истифода баранд. Айни ҳол 25 нафар Тоҷикон дар Сурия ба ҷиҳод рафтаанд ки моро бетараф мононда наметавонад.
Аз ин лиҳоз бояд ташвиқро дар байни ҷавонон , пурзӯр кард то ин ки онҳо фирефтаи гурӯҳҳои экстремистию, ифрогароӣ нашаванд. Онҳо бояд донанд, ки ватан доранд, модар доранд ва давлати биҳиштосо доранд.
Ҳотамов Ҳ. мушовири шуъбаи маорифи н.Ғончӣ