Чаро беш аз 8510 гектар замини обӣ дар вилоят бекор монд?!

Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат бо он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти кишвар маҳсуб ёфта, рушди он ба таҳким ва пешрафти соҳаҳои мухталиф мусоидат мекунад. Кишвари мо, ки 93 фоизаш кўҳсор буда, ҳамагӣ 7 фоизаш заминҳои ҳамвору киштшаванда аст, инро кишоварзон ва мардуми кишвар дарк намуда, бояд онро пурсамар истифода намоянд. Бо сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ барномаву қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд, то ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда шавад. Ҳамчунин Сардори давлат дар Паёми ҳарсолаи хеш, ҷаласаҳои ҳукуматӣ ва сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии кишвар бобати ин масъала сухан ронда, ба деҳқонону сокинон таъкид мекунанд, ки аз як замин ду-се ҳосил гирифта, ҳам рўзгорашонро ободу ҳам дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ҳиссаи хешро гузоранд.

Дар ин радиф аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ низ тадбирҳо андешида мешаванд. Қарори Раиси вилоят аз 9 декабри соли 2013, №287 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» исботи гуфтаҳои болоианд. Ин қарор аз ҷониби аксарияти сокинони вилоят, алалхусус, деҳқонону саҳмдорон хуш пазируфта шуда, беш аз 148 ҳазор саҳмдор соҳиби замин гашта, дар ин замина зиёда аз 36000 хоҷагии деҳқонии инфиродиву оилавӣ таъсис ёфт ва беш аз 28000 нафар бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гаштанд.

Бо вуҷуди чунин муваффақияту пешравиҳо дар соҳа соли 2014 аз бемасъулиятии баъзе роҳбарон, масъулини соҳа, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва саҳмдорон дар навоҳии вилоят заминҳои корами обӣ холиву аз кишт берун монд.

Бинобар гуфти муовини аввали раиси Кумитаи идораи замини вилоят Ҷамшед Умаров, соли 2014 дар натиҷаи гузарондани корҳои назоратӣ аз тарафи нозирони истифода ва ҳифзи замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар вилоят дар маҷмўъ 11762 гектар, аз ҷумла 8510,81 гектар замини обӣ, 2826 гектар заминҳои фонди захираи давлатӣ ва 230 гектар заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандӣ холимонда (аз кишт берунмонда) ба қайд гирифта шуд. Аз ин 8281 гектар бо сабаби нарасидани об ва 3481 гектар бинобар фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ аз кишт берун мондааст. Нисбат ба чунин қонуншиканиҳо ба маблағи 4 миллиону 108 ҳазору 643 сомонӣ зарари заминҳои корам ҳисоб карда шудааст.

- Масалан, дар Кооперативи истеҳсолии хоҷагии ҷамоавии «Иттифоқ» ба маблағи 394 ҳазору 495 сомонӣ ва Хоҷагии деҳқонии «Дўстӣ»-и ноҳияи Ашт ба маблағи 160 ҳазору 135 сомонӣ зарари заминҳои корам ҳисобӣ шудааст. Ҳол он ки ин заминҳо ҳосилхез ва пурмаҳсул буда, солҳои тўлонӣ зироатҳои кишоварзӣ кошта мешуданд. Аз тарафи ин хоҷагиҳо бе ягон сабаб ва бо рафтори хунукназаронаи роҳбарони онҳо заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Нисбати чунин қонуншиканиҳо аз тарафи Кумитаи идораи замини ноҳияи Ашт зарари заминҳои корам ҳисоб карда, ба истифо-дабарандагони он иддао ирсол шудааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи идораи замини вилоят, дар 12 шаҳру навоҳии вилоят ба чунин қонуншиканиҳо роҳ додаанд. Масалан, дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод- 3365 гектар, Мастчоҳ- 1860 гектар, Ашт- 957 гектар, Истаравшан-586 гектар, Бобоҷон Fафуров-448 гектар ва Панҷакент- 413 гектар заминҳои обӣ бо баҳонаи нарасидани обу фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидор аз кишт берун мондааст. Бисёрии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ин ноҳияҳо нарасидани обро баҳона мекунанд.

Барои рўшанӣ андохтан ба ин масъала мо ба сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Зариф Вализода муроҷиат кардем. Вай аз ҷумла гуфт, ки соли 2014 ба истифодабарандагони об 1658,2 млн. мукаабметр об дода шуд, ки 90,4 фисади нақшаро ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки дар оғози мавсим бинобар паст омадани ҳарорати ҳаво дар манбаъҳои худҷории Исфараю Оқсу ва Хоҷабоқирғон воридоти об нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 кам гардид. Ба ғайр аз ин бинобар паст фаромадани сатҳи оби дарёи Сир дар поёноби обанбори Қайроққум обгирӣ дар пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулову Спитамен ва Мастчоҳ мушкил гардид…

Дар ҳамин маврид бояд аз рўи инсоф гўем, ки роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбати пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии миробҳо ноинсофӣ ҳам мекунанд. Масалан, агар миробҳои вилоят соли 2014 ба маблағи 29 млн. сомонӣ хизмат расонида бошанд, пардохт аз ҷониби хоҷагиҳо 22,8 млн. сомониро (78,7%) ташкил медиҳад.

Барои муайян намудани маълумоти Кумитаи идораи замини вилоят мо аз масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят низ пурсон шудем. Масъулини соҳа ин ҳолатро чунин шарҳ доданд: «Соли 2014 бо сабабҳои объективию субъективӣ дар вилоят беш аз 6000 гектар заминҳои корами кишоварзӣ аз кишт берун мондааст. Аз он бинобар танқисии об 4000 гектар, бо сабаби аз байн рафтани шабакаҳои обёрӣ 970 гектар, фарсуда шудани пойгоҳҳои обкашӣ 760 гектар, бо камбудиҳои хоҷагидорӣ 362 гектар, шустани соҳилҳо 326 гектар ва зери сангпораҳо мондан 98 гектар замин холӣ мондааст».

Ҳамчунин онҳо гуфтанд, ки заминҳои хоҷагии ёрирасону шахсии шаҳрвандӣ ва фонди захиравии давлатӣ ба тавозунашон дохил намешаванд. Бинобар ин факту рақамҳои зикршуда бо маълумоти мо фарқ мекунад.

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ Нарзулло Боймирзоев маълумоти пешниҳодкардаи Кумитаи идораи замини вилоятро тасдиқ кард.

Аммо сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт Рафторҷон Муҳаммадиев бобати ин масъала гуфт, ки дар ҳақиқат 957 гектар замини холимонда дар ноҳия ба қайд гирифта шудааст, ки аз он бинобар танқисии об 740 гектар аз кишт берун мондааст. Аммо беш аз 150 гектар замини бекормонда ба Хоҷагии ёрирасони «Рахш»-и Раёсати агентии махсуси таъминоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тааллуқ дорад, ки он дар мувозинаи мо набуда,баҳри истифодаи босамари ин заминҳо бо онҳо корбарӣ карда истодаем. Бобати замини бекорхобидаи Кооперативи истеҳсолии хоҷагии ҷамоавии «Иттифоқ» аллакай чора андешида, насоси обкашии 200 литр дар як сония ба кор дароварда шуд. Дар натиҷа ба зиёда аз 10 гектар сабзавоти барвақтӣ кишт карда шуд. Инчунин бунёди боғу кишти зироатҳои полезӣ дар боқимонда заминҳо дар на-зар аст.

Ҳамчунин Ҷамшед Умаров дар идомаи суханаш иброз намуд, ки кормандони Кумитаи идораи замини шаҳру навоҳии вилоят баҳри ба истеҳсолоти кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда тариқи телевизиони вилояти Суғд, рўзномаи соҳавиву маҳаллии «Меҳри замин» ва маҳаллии «Зарбдор»-и ноҳияи Зафаробод, «Паёми Истаравшан», «Садои Конибодом» ва ғайра эълонҳо пахш ва дарҷ намуданд. Дар натиҷа аз ҳисоби заминҳои бекормонда 886,6 гектар замини корам ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, инчунин 212 гектар замини боир (партов), аз ҷумла дар ноҳияи Ашт 108 гектар ва шаҳри Панҷакент 104 гектар азхуд карда шуд.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои холимонда ва партов бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки имконияти азхуд кардану ба гардиши кишоварзӣ ворид кардан доранд, корҳо рафта истодааст,- гуфт Ҷамшед Умаров.

Ба ин нигоҳ накарда, ба андешаи мо, агар роҳбарони хоҷагӣ ва саҳмдорон дар ҳақиқат ба замин дилсўзона рафтору муносибат мекарданд, роҳҳои ҳалли мушкилӣ низ пайдо мешуд. Чӣ хеле ки мегўянд: «Ҳар кӣ дил кунад, гул кунад». Ҳангоми истифодаи босамару мақсадноки ин заминҳо чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсолу дар бозорҳо фаровонӣ ва ҳам рўзгору иқтисодиёташон обод мегардид.

Абдуғафур АМИНЗОДА
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh