Клубҳо вайрон, китобҳо парешон...
- Details
- Published on Tuesday, 13 January 2015 09:43
ё чаро марказҳои фарҳангу китобхонаҳои шаҳри Конибодом фаъолияти хуб надоранд?
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, чораву тадбирҳои зарурӣ меандешад. Албатта, ин амалҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии шаҳрвандон роҳандозӣ мешавад ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ҷиҳати рушди соҳаи фарҳанг, татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва дастгирии кормандони ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Ин аст, ки дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят дар баробари тамоми соҳот ба соҳаи фарҳанг ва татбиқи Барномаи давлатии рушди фарҳанг таваҷҷўҳ доранд.
Дар шаҳри Конибодом вазъи соҳаи фарҳанг дар кадом сатҳ аст? Мо ҷиҳати огоҳӣ ёфтан аз вазъи ин соҳа, ба вижа хонаҳои фарҳанг ва китобхонаҳои ноҳия ба шўъбаи фарҳанги шаҳр рафтем.
Дар шаҳри Конибодом калонтарин маркази фарҳангӣ ин Театри овозадори ба номи Тўҳфа Фозилова ва кинотеатри ба номи Комил Ёрматов мебошад, ки чанд даҳсолаҳо дар хидмати аҳолии ноҳия қарор доранд, аммо, мутаассифона, вақте аз бинои ин марказҳои фарҳангӣ, ки бояд чун симои маданиву фарҳангии шаҳр шинохта шаванд, дидан намудем, хеле рўҳафтода гардидем. Зеро ҳам бинои театр ва ҳам кинотеатри шаҳри Конибодом дар ҳолати ногувор қарор дошта, ба таъмири куллӣ ниёз доранд.
Ҳамзамон, то паҳлўи дарвозаи театр ва шўъбаи фарҳанг наздик омадани бозори шаҳр низ табъи моро хира гардонид. Марказҳои фарҳангӣ, бахусус, театр ҷои фароғату истироҳат аст, ки мардум ба хотири пайдо намудани оромиш ва баланд бардоштани маърифату маданияти хеш ҳозир мешаванд, аммо сару садо ва бесарусомониҳои бозор, ки то дамгаҳи театр наздик омадааст, хеле нигаронкунанда мебошад.
Масъулини шўъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, ки масъалаи вазъи бинои Театри ба номи Тўҳфа Фозилова ва кинотеатри ба номи Комил Ёрматов дар ҳоли баррасӣ буда, қарор аст, соли равон ин иншооти фарҳангӣ аз таъмири пурра бароварда шаванд. Аллакай аз идораи сохтмони асосии вилоят 900 ҳазор сомонӣ маблағ барои таъмири кинотеатри ба номи Комил Ёрматов ҷудо гардида, рўзҳои наздик корҳо оғоз мешавад ва масъалаи кўчонидани бинои театр дар ҳоли баррасӣ мебошад.
Маълум гардид, ки дар ноҳия 15 клуб мавҷуд аст. Имрўз дар тавозуни шўъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом се хонаи фарҳанг мавҷуд буда, аз инҳо хонаи фарҳанги №2 дар хидмати сокинон мебошад.
Ба тариқи ҳашар аз ҳисоби кормандон ва санъаткорони шаҳр соли гузашта шўъбаи рассомии мактаби санъати бачагонаи ба номи Д.Баҳромова таъмир гардида, дубора ба истифода дода шудааст. Филиали китобхонаи бачагонаи шўъбаи фарҳанг бо 10 ҳазор нусха китоб дарҳои худро ба хонандагон боз кардааст. Аммо мутаассифона, дигар хонаҳои фарҳанг ва филиалҳои китобхонаҳои шаҳр аслан фаъолият намебаранд ва дар ҳоли садамавӣ қарор доранд. Чунончӣ, хонаи фарҳанги №8-и маҳаллаи «Қўруғ»-и Ҷамоати деҳоти Пўлодон дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Аз он сабаб, ки бинои клуб қобили истифода нест, он ҷо фақат китобҳои филиали №14 китобхонаи марказӣ ҷой дода шудааст. Дар ин бино ҷамъ намудани одамон хатарнок аст, зеро хавфи фурў рафтани деворҳои бино мавҷуд мебошад.
Зимни ошноӣ бо ҳолати бинои Хонаи фарҳанги мазкур дар назди бино бо гурўҳи нафақахўрони маҳаллаи «Қўруғ»-и Ҷамоати деҳоти Пўлодон рў ба рў шудем, ки дар назди ҳавлии бино менишастанд. Чун огоҳ шуданд, ки мо аз рўзномаи вилоятӣ омадем, аз набудани чойхона низ шикоят карданд. Нафақахўр Икром Мамадов, ки 40 сол дар заводи пахтатозакунӣ кор кардааст, иброз дошт, ки чойхонаи маҳалла фурўхта шудааст ва соҳибмулк барои истифода аз чойхона маблағ мехоҳад.
-Ман 40-сол барои пешравии ҷамъият саҳм гузоштам, наход, имрўз дар айёми пирӣ ҳаққи фароғатро надошта бошам? Барои ҷои нишаст, барои истифода аз лавозимоти ин чойхона бояд пул супорид. Ман нафақахўрам, вақти холии зиёд дорам, мехоҳам бо ҳамсолони дигар нишаста сўҳбат кунам, гузаштаро ба хотир орам, аз оянда андеша кунам, ҳар рўз барои ҷои нишаст дар чойхона аз куҷо пул меёбам, - мегўяд ў.
Нозирҷон Орифов - ҷонишини мудири шўъбаи фарҳанги шаҳр низ бо тасдиқи ин нукта қайд кард, ки аз сабаби он ки соҳибмулк барои истифодаи ҷои нишасти чойхона маблағ мехоҳад, аз канори хонаи фарҳанг як ҳуҷра, ки пештар анборхона буд, барои нафақахўрон ҷудо шудааст. Нафақахўрон худашон кат сохта, аз ин ҳуҷра истифода мекунанд, аммо аз сабаби он ки бино дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, истифодаи ин ҳуҷра низ тавсия дода намешавад.
Аз филиали китобхонаи №5 Ҷамоати деҳоти «Fафурҷон Ортиқов» бошад, фақат бинои валангору аз истифода бозмонда мавҷуд буду халос. Китобхона тамоман фаъолият намебарад ва фонди он ба мактабҳо тақсим шудааст. Худи бино дар ҳолати садамавист.
Ҳолати Хонаи фарҳанги №4, ки соли 2010 аз тавозуни ҳоҷагии деҳқонии «Ирам» ба тавозуни шўъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом гузаронида шудааст, хеле нигаронкунанда буда, дар ҳолати ногувор қарор дорад. Бино ба иттилои ҷонишини мудири шўъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом Нозирҷон Орифов клуб аллакай замони ба тавозуни шўъба гузаштанаш дар чунин ҳолати ногувор қарор дошта, имрўз вазъи он бадтар гардидааст. Алҳол барои таъмиру дубора барқарор намудани ин бино маблағҳои зарурӣ мавҷуд нест.
Парадокси аҷибе, ки дар ин миёнаи хонаи валангори фарҳанг моро ба андеша водор кард, ягона лавҳаи фарсудае буд, ки дар пештоқи бино насб шудаву онҷо суханҳои Сарвари давлат навишта шуда буд: «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддаси ватандўстонаи мову шумост». Оре, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ва ба вижа масъулин аст, аммо чаро имрўз бо донистани ин ҳама вазифаҳои муқаддас чунин як биное, ки метавонист ҷои обод ва маркази тарғибу ташвиқи фарҳангу маданияти тоҷикона бошад, дар чунин ҳолати риққатовар аст. Чаро моликияте, ки ба мардум тааллуқ дорад, дучори чунин беэътиноӣ гардидааст?!...
Вазъи ин соҳа дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ки аз маркази вилоят ҳамагӣ 40-50 км дуртар ҷой гирифтааст, таассуфовару нигаронкунанда аст. Зеро дар ин ҷамоат ягон китобхона ва ё Хонаи фарҳанг мавҷуд нест. Бино ба иттилои раиси Ҷамоати мазкур Олимҷон Юлдошев ҷамоат солҳост, ки аз надоштани марказҳои фарҳангӣ азият мекашад, талошҳои барқарор кардани хонаи маданият ё китобхонаҳо бенатиҷа аст, зеро ҳар кадоми ин иншоот соҳибмулкони худро дорад.
- Вақте колхоз барҳам хўрду Ассотсиатсияи ҳоҷагии деҳқонӣ таъсис шуд, Ассотсиатсия ба 24 хоҷагии деҳқонии хурд тақсим шуд ва объектҳои мавҷуда, аз қабили ҳаммом, чойхона, китобхона ва хонаи фарҳанг ба тавозуни ин 24 хоҷагӣ тақсим шуд. Дар навбати худ то соли 2008 аз ҷониби ин хоҷагиҳо тамоми ин муассисаҳо бо сабабҳои гуногун фурўхта шудааст, - мегўяд Олимҷон Юлдошев.
Имрўз дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ки 20640 аҳолӣ дорад, ягон китобхона ва Хонаи фарҳанг фаъолият намебарад. Аҳли Ҷамоат маъракаҳои худро дар фасли баҳор дар кўча ва ё варзишгоҳҳои мактабҳо ва ба ҳангоми зимистон дар туйхонаҳо баргузор менамоянд.
Мувофиқи муқаррароти мавҷуда объектҳои ҷамъиятии фурўхта шуда, ҳатман бояд дар самти худ фаъолият барад ва аз ҷониби соҳибмулк фаъолияти онҳо набояд иваз шавад. Вале, мутаассифона, ин объектҳо дар баробари фурўхта шудан ё тамоман аз фаъолият боз мондааст, ё самти фаъолияти худро тағйир додааст.
Масалан, биное, ки замоне китобхонаи Ҷамоати Лоҳутӣ буд, имрўз бинои бонки «Имон» аст. Ҳарду Хонаи фарҳанги ҷамоат бошад, аз ҷониби хоҷагиҳо фурўхта шуда, яке аслан фаъолият намебарад, дигареро соҳибмулк бо мақсадҳои номаълум вайрон кардааст.Чунонки раиси Ҷамоати Лоҳутӣ Олим Юлдошев иброз медорад, то имрўз чанд маротиба ба соҳибмулкони Хонаи фарҳанг пешниҳод шудааст, ки иншоот дар самти фарҳанг мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад, лекин ҳанўз ҳам ин бино бекор истодааст ва ҷамоат ҳаққи истифодаи онро надорад.
Умед дорем, ки Раиси навтаъини ноҳия Ғайбулло Боиров ба умқи масъалаҳо ва мушкилоти мавҷудаи соҳаи фарҳанг ҷиддан таваҷҷўҳ намуда, баҳри ҳалли муаммоҳо чораву тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Имрўз дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ки 20640 аҳолӣ дорад, ягон китобхона ва Хонаи фарҳанг фаъолият намебарад. Аҳли Ҷамоат маъракаҳои худро дар фасли баҳор дар кўча ва ё варзишгоҳҳои мактабҳо ва ба ҳангоми зимистон дар туйхонаҳо баргузор менамоянд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҳақиқати Суғд”