Ҳолати техникии роҳҳо ба талабот ҷавобгў нест...

Амалишавии ин қарорҳо дар кадом сатҳ аст?
Дар мувозинаи Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд» 3439 км роҳ мавҷуд аст. Аз онҳо роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ 462,5 км, роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта 358,9 км ва роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ 2343,5 кмро ташкил медиҳад.

 Нақшаҳои тайёр намудани муассисаҳои зертобеъ оид ба тайёр намудани маводҳои зидди лағжиш, ангиштсанг, ҳезум ва сўзишвории дизелӣ дар ҳамаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас карда шуд. Ҳамчунин муассиса вазифадор шуда буд, ки сўзишвории дизелӣ ба миқдори 33 ҳазор литр ва маводи зидди лағжиш 6963 метри мукааб, ангиштсанг 53 тонна ва ҳезум 16,9 мм захира намояд.

Насим Бобоҷонов - сардори шўъбаи истеҳсоли техникӣ ва бехатарии Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилоят чунин гуфт: - Муассиса то ин дам 1276 мм маводи зидди лағжишро истифода бурд. Барои зимистонгузаронӣ дар 14 муассисаи зертобеъ ба маблағи зиёда аз 570 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шуданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи ғайринавбатие, ки моҳи декабр дар вазорат шуда гузашт, қарор қабул гардид, ки ба Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят иловатан 20 ҳазор литр сўзишворӣ ҷудо гардад, ки 12 ҳазор литрашро ба муассисаҳои зертобеъ тақсим кардем. Боқимондаашро барои моҳҳои январ - феврал истифода хоҳем бурд.

Ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва механизмҳои роҳдорӣ имрўз чи гунаанд?

-Барои иҷро намудани корҳои таъмиру нигоҳдории роҳ аз 273 адад техникаи роҳдорӣ ва нақлиёти автомобилии дар мувозинабуда 144 ададаш ба кор сафарбар шудааст.

Сабабҳои асосии дар ҳолати корношоямӣ қарор доштани воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои роҳдорӣ (129 адад) солҳои тўлонӣ истифода бурдани онҳо, нарасидани қисмҳои эҳтиётӣ, чархҳои резинӣ ва аккумуляторҳо мебошад. Барои таъмир намудани ин техникаҳо маблағҳои зиёд лозим аст, ки ҳоло МДНРА-ҳои шаҳру ноҳияҳо аз сабаби норасогии маблағ имконияти барқарор кардани онҳоро надоранд.

Инчунин, минбаъд барои аз эътибор соқит намудан техникаҳои фарсудашуда (14 адад) ҳуҷҷатҳо тартиб дода шуда, моҳи декабри соли 2013 ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, лекин то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Ҳуҷҷатҳои техникаҳои аз эътибор соқиткунии МДНРА-ҳои ноҳияи Мастчоҳ 3 адад, Зафаробод 3 адад, Ашт 8 адад мебошанд. Ин ҳуҷҷатҳо санаи 3 марти соли 2014 ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас кар-да шуда бошад ҳам, вале то имрўз баррасӣ нашудааст. Техникаи роҳдории солҳои охир гирифташуда (23 адад) боркунакҳои фронталӣ ва автогрейдерҳоро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки аксарияти он техникаҳое, ки имрўз дар мувозинаи муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилоят ҳаст, аз даврони шўравӣ ба мерос мондааст. Имрўз огоҳ ҳастем, ки дар баъзе мамлакатҳои дунё боришҳои зиёд барфу борон шуда истодааст, ки роҳҳоро бо техникаҳои замонавӣ тоза мекунанд. Агар ин гуна офатҳо дар давлати мо ба миён ояд, бо техникаҳои доштаамон мо чӣ кор мекарда бошем?...

Таъмин ва ташкили ҳаракат дар роҳҳо, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва ҳифз намудани амнияти шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар фаъолияти кори муассисаҳои роҳдории вилоят ба ҳисоб рафта, аз тарафи онҳо корҳои натиҷабахш ба анҷом расонида мешавад.

Бо зиёд шудани теъдоди воситаҳои нақлиёт шиддатнокии ҳаракат дар роҳҳо рў ба афзоиш ниҳода, шумораи садамаҳои нақлиётӣ зиёд мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки садаманокӣ дар қаламрави вилоят дар ин давра дар роҳҳои автомобилгард 81 садама ба қайд гирифта шуда, дар он 41 нафар ҳалок ва 75 нафар захмҳои ҷисмонӣ бардоштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 17 садама кам, шумораи ҳалокшудагон 15 нафар зиёд ва шумораи захмбардоштагон 42 нафар кам мебошад.

Барои шинос шудан бо вазъи имрўзаи фаъолият аз муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан кардем. Аз мушоҳидаҳо маълум гардид, ки имрўз маводҳои зидди лағжиш дар саҳни муассиса ҷойгир аст, ки баъди боридани барф ё борон намакҳо об мешавад. Ҳамчунин, техникаҳое, ки аз даврони шўравӣ мерос мондааст, дар саҳни муассиса буда, онҳо аз таъсири барфу борон, гармии фасли тобистон корношоям мешаванд. Оид ба ин масъала аз Фурқатҷон Солиев-сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пурсон шудем. Ў гуфт, ки дар мувозинаи идора 2 гектар замин буд, вале як қисми онро ба бозори «Сомон-Суғд» додаанд ва имрўз мо барои нигаҳдории маводҳои зидди лағжиш ва техникаҳо ҷой надорем. Аз ин сабаб, онҳо дар саҳни муассиса нигоҳ дошта мешаванд. Тибқи нақша, дар муассиса зиёда аз 500 мм маводи зидди лағжиш, 4 тонна ангишт, 6 мм ҳезум ва инчунин сўзишвории дизелӣ ба миқдори 3 ҳазор литр захира шудааст.

Бо вуҷуди чунин муаммоҳои ҷойдошта коргарони муассиса корҳои дар зиммаашон бударо иҷро карда истодаанд. Бояд гуфт, ки имрўз дар мувозинаи муассиса зиёда аз 20 адад воситаҳои нақлиёту механизмҳои роҳсозӣ вуҷуд дошта, аз инҳо 12 -тоаш коршоям буда, барои корҳои зимистонгузаронӣ сафарбар шудаанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh