Сифати ангишт паст!...

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси вилоят аз 23-юми майи соли 2014, «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2014, №967 вобаста ба масъалаи мазкур фармоиши Раёсати маорифи вилоят аз 30-юми майи соли 2014, «Оид ба омодагии муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» нақша-чорабиниҳо ба тасвиб расида, корҳои мушаххас амалӣ гардид.

 Аз ҷумла, дар ин раванд эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 ба 7846,8 тонна ангишт, 5395,5 метри кубӣ ҳезум муқаррар гардида, бояд то санаи 27 октябри 2014 дар муассисаҳои таълимии вилоят 8508,2 тонна ангишт харида шуда, 5592,3 метри кубӣ ҳезуми сахт захира карда мешуд. То ин давра дар Раёсати маорифи вилоят 5 маротиба ситод оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мунтазами муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 гузаронида шуда, мудирони шўъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки бо шўъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ҳамкориро пурзўр намоянд ва ба сифати ангишти воридшаванда аҳамияти ҷиддӣ дода, дар ҳолати ворид шудани ангишти пастсифат онро қабул накунанд.

Мутаассифона, агар то ин муддат шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Панҷакент захираи ангиштро аз рўи талабот зиёда аз нақша харида бошанд, ба шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод, Мастчоҳ ва Ашт бо сабабҳои мухталиф ангишт дер дастрас шудааст. Истифодабарандагони ангишти шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ ва Панҷакент шикоят аз он доранд, ки бо вуҷуди пурра таъмин будан бо ин намуди сўзишворӣ сифати он паст буда, қобили истифода нест. Муайян карда шудааст, ки барои як печи аловӣ 8 килограмм ангишт барои истифодаи якдафъаина кифоя буда, мактабҳо вобаста ба ҳаҷм ва шумораи синфхона ва утоқҳо онро мехаранд. Дар назар дошта шудааст, ки ин миқдор дар айёми сардии сахт то 12 килограмм расонда мешавад.

Ҷиҳати таассуфовар он аст, ки бархе аз мактабҳо аз ҳисоби нарасидани маблағи буҷетӣ баъд аз гузаронидани маҷлис дар ҳамон муассиса ва гирифтани розигии кумитаи волидайн сўзишвориро аз ҳисоби падару модарон харидаанд.

Бояд қайд кард, ки имсол муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят мустақилона бо корхонаҳои ангиштистеҳсолкунанда шартнома баста, оид ба харидани ангишти баландсифат тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Дар муассисаҳои таълимии вилоят ангишт асосан аз конҳои ангишти «Фон-Яғноб», «Шўроб», «Ғузн», «Шашқат», «Ғезан», ассотсиатсияи «Тоҷик Кедр», инчунин аз кони ангишти Сулукта (Қирғизистон) дастрас шудааст.

Ҳолатҳое, ки муассисаҳои таълимӣ тамоман печҳоро барои зимистонгузаронӣ омода накарда ва ё аз харидани ангишту ҳезум даст кашида бошанд, дида нашудааст. Ҷиҳати дигари масъала дар он аст, ки кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар давраи омодагӣ барои дар синфхонаҳо шинондани печҳои аловӣ иҷозат намедиҳанд. Аммо вақте ки фасли сармо наздик меояд, маъмурияти мактабҳо маҷбуранд, ки печҳои аловиро васл намоянд, то хонандагон аз хунукӣ азият накашанд. То ин муддат барои таъмини синфхонаҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо печҳои аловӣ ва барқӣ аз ҳисоби буҷети мактабҳо, сарпарастон, кумитаи волидон, саховатмандон ва ғайра корҳо ба анҷом расонда шудаанд. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии вилоят 4908 адад гармкунаки барқӣ ва 13716 адад печи аловӣ мавҷуданд.

Шумораи умумии буғхонаҳо 348 адад буда, аз онҳо 102 ададаш дар ҳолати корӣ ва 246 ададаш дар ҳолати ғайрикорӣ қарор доранд. Яке аз муаммоҳои асосии омодагии муассисаҳои таълимӣ барои зимистонгузаронӣ барқарор намудани дегхонаҳои аз фаъолият бозмонда ба ҳисоб меравад. Сарфи ангишт дар чунин дегхонаҳо аз ҳад зиёд буда, буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо низ барои барқарор кардани онҳо нокифоя аст.

Аз ин лиҳоз, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни вохўрӣ бо кормандони соҳаи маорифи вилоят 30-юми апрели соли равон ба масъулин супориш дод, ки шўъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо мақомотҳои маҳаллӣ, сарпарастону саховатмандон ва кумитаи волидон корбарӣ намуда, ҷиҳати ташкил намудани системаи ягонаи хурди гармидиҳӣ дар мактабҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

То ин давра якчанд муассисаҳои таълимии вилоят ба ин система пайваст карда шудаанд. Инчунин дар мактабҳои навсохт низ ин раванд ҷой дошта, дар лоиҳаи сохтмони онҳо васли системаи гармидиҳӣ низ дар назар дошта мешавад. Қайд бояд кард, ки дар мактаби №19-уми ноҳияи Айнӣ бо вуҷуди чунин системаро доро будан, аз истифодаи он бебаҳраанд, зеро таҷҳизоти васлшуда кор намекунад ва боиси нигаронии масъулин гардидааст. Бояд ҳарчи зудтар дар ин бобат чора дида шавад, то мактабиён фасли сарморо дар синфхонаҳои гарм гузаронанд.

Шишабандии тирезаҳо дар муассисаҳои таълимии вилоят 5508 метри мураббаъ иҷро гардида, селофанпўш низ шудааст. Аммо он ба талаботи хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷавобгў набуда, бояд дар ҳар синфхонае, ки печҳои аловӣ гузошта шудааст, даричаи тиреза (форточка) мавҷуд бошад.

Дар миқёси вилоят 465 муассисаи таълимӣ бо хати барқи озод пайваст буда, 583 генератори барқӣ бо истифода аз сўзишвории дизелӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят истифода бурда мешавад. Алҳол муассисаҳои соҳа 5948 литр сўзишвории дизелӣ захира кардаанд, ки 100 фоизи иҷроиши нақша аст.

Агар маъмурияти мактабҳои сўзишвории дизели харида синфхонаҳоро ба воситаи ин намуди сўзишворӣ гарм мекарда бошанд, пас хонандагони дабистонҳое, ки ангишти пастсифатро истифода мебаранд, зимистонро чӣ тавр паси сар хоҳанд кард? Лозим меояд, ки маъмурияти мактабҳо ҳангоми харидани ангишт ба ин ҷиҳати масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh