Муносибати дағалонаи директори мактаб…

Оё чунин рафтор ба сарвари боргоҳи маърифат мезебад?
Азбаски Ҷамоати шаҳраки Консой хеле хурд аст, дар он ягон хатсайри мусофирбари дохилӣ вуҷуд надорад, пиёда то мактаби таҳсилоти умумии рақами 2-юми шаҳрак расидем. Вақте вориди мактаб шудем, гумон кардем, ки танаффус аст.

Зеро дар баъзе синфхонаҳо дарс мерафту дар баъзеаш не. Аҷоиб он буд, ки синфҳои ибтидоӣ машғулият доштанду синфҳои болоӣ на. Пас ба хулоса омадем, ки танаффус барои синфҳои ибтидоӣ алоҳида асту барои синфҳои болоӣ низ. Дари утоқи кории сарвари мактаб баста буд. Шояд он ҳам аз ҳисоби танаффус бошад...

Дақиқае нагузашта ба назди мо ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Маҳмадназар Нозикшоев омад. Аз ў хостем, моро бо вазъи синфхонаҳо ошно созад, то бароямон раванди иҷроиши қарори Раиси вилоят оид ба зимистонгузаронӣ маълум гардад. Ҷонишини директор монеъ нашуда, ба мо ҳамаи синфхонаҳоро нишон дод. Дар ҳамин ҳол садои баланди зане ба гўш расид: -Шумоҳо кӣ ҳастед? Ба шумо кӣ иҷозати даромадан дод?! Канӣ, ин ҷо биёед!– гўён он зан дод зад.

Хуллас, фаҳмидем, ки он шахс директори мактаб Зулхумор Холиқова будааст. Пас аз ба утоқи кориаш даровардан аз пештара дида бо суханони дағал бо овози баланд бо мо сухан кард. Гўё дар наздаш хонандагони мактаб истода бошанду ягон гуноҳи азиме содир карда бошанд.

-Ба ман раиси ҷамоат супориш додааст, ки ягон рўзноманигорро ба дохили мактаб роҳ надиҳам ва бе иҷозати ў бо журналистон ҳамсўҳбат нашавам,-гуфт директори мактаб бо истеҳзо. Хостем, ўро ором карда, мақсади ба муассисаи таълимӣ омаданамонро фаҳмонем, аммо…

Сабаби то ин дараҷа вайрон будани ваҷоҳати сарвари мактабро фаҳмида намешуд. Ҳол он ки мақсади мо тамоман дигар буд. Агар муносибати сарвари мактаб чунин бошад, вой бар ҳоли тарбиятгирандагони ин муассиса. Ана, таълиму тарбия аз куҷо оғоз мешавад? Ҳарчанд мақсади сафарро фаҳмонданӣ шудем, лек он зан ба мо сухан намедод. Рафтору муносибаташ аз баъзе занҳои савдогари дар қадди кўча менишаста ягон фарқияте надошт.

Ҳарчанд масъалаи зимистонгузаронӣ дар сатҳи миёна қарор дошта бошад ҳам, рафтору кирдори директори мактаб аз одобу муносибати инсонӣ фарсахҳо дур буд. Директори муассисаи таълимӣ бо ин гуна муносибат на танҳо рафтори ношоиста нишон дод, балки муносибати ғайри қонунӣ ҳам зоҳир намуд. Зеро тибқи муқаррароти моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», ташкилотҳои давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба намояндагои воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро диҳанд.

Магар директори мактаб, нафаре, ки ба насли наврас таълиму тарбия медиҳад, чунин муомилаву кирдор карданаш ҷоиз аст? Бо тақозои рисолати касбии хеш мо дар аксари шаҳру навоҳии вилоят сафари корӣ доштем, боре нашуда буд, ки ягон раису муовинони мақомотҳои давлативу дигар сохторҳо бо чунин муносибати дурушт пешвоз гирифта, беасос суханҳои қабеҳ гуфта бошанд. Дар ин робита гумони ғолиб ин аст, ки агар ин мактаб саршор аз навоқису камбудӣ намебуд, шояд сарвараш чунин муносибати дағалонаро, ки барои як шахси зиёӣ комилан нанговар аст, раво намедид…

Оғози моҳи декабр ба вазифаи раиси шаҳри Қайроққум яке аз занони обрўманд, олимаву олиҳа Сатториён Матлубахони Амонзода таъин гардид. Боварии комил дорем, ки бо баробари боз ҳам пешрав гардидани соҳоти мухталифи шаҳр, инчунин маърифати муоширати баъзе ашхоси ин ҷамоатҳои фарсахҳо аз маркази шаҳр дур буда, бахусус роҳбарон баланд мегардаду  муносибат бо намояндагони ҳамаи ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла васоити ахбори омма беҳбудӣ меёбад.

М.Самадова,
Ш.Олимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh