Коркарду заҳролудкунии чигит кашол меёбад. Чаро?

Дар ҷаласаи оид ба натиҷаҳои соҳаи кишоварзӣ дар соли 2014, ки таҳти сарварии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор шуд, таъкид гардид, ки соли равон ҳаҷми умумии маҳсулот нисбат ба соли гузашта афзудааст. Дар аксари соҳаҳо дастовардҳо назаррас буда, аз ҷумла пахтакорони вилоят соли ҷорӣ беш аз 100000 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъ оварда, ба заводҳои коркард супурданд, ки ҳосилнокии пахта нисбат ба соли сипарӣ баланд аст.

 Алҳол вазифа он аст, ки ҳосили ҷамъовардашуда дар корхонаҳо коркард ва чигити тухмӣ тайёру заҳролудкунии он барои кишти соли 2015 ба роҳ монда шавад. Доир ин масъала дар ҷаласа низ сухан рафта, аз ҷониби Раиси вилоят ба масъулини соҳа бобати пурсамар фаъолият кардани корхонаҳо дастуру супориш дода шуд. Бобати вазъи имрўзаи фаъолияти корхонаҳои пахтаи вилоят ва омода кардани чигити тухмӣ, заҳролудкунӣ ва захираи он барои кишти соли 2015 сармутахассиси шўъбаи коркарди Сарраёсати кишоварзии вилоят Отабек Ҳоҷиев чунин гуфт:

- Бо мақсади сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳои пахтакори вилоят бо тухмиҳои баландсифат, навъҳои хуби ояндадор ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №413 аз 28 июли соли 2009, фармоиши сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят аз 21 ноябри соли 2014, №49 «Оид ба рафти коркарди пахтаи тухмӣ ва тайёр намудани чигити тухмӣ барои кишти ҳосили соли 2015 дар корхонаҳои пахтатозакунии вилоят» ба тасвиб расид. Дар асоси ин фармоиш оид ба нигоҳдорӣ, рафти коркарди пахтаи тухмӣ ва тайёр намудани чигити тухмӣ барои кишти соли оянда дар корхонаҳои пахтатозакунӣ аз ҳисоби мутахассисони Сарраёсати кишоварзии вилоят, бозрасии назорати давлатии тухмии вилоят, идораи муҳофизати растаниҳои вилоят комиссия таъсис дода шуд. Аъзоёни комиссия фаъолияти 16 заводи коркарди пахтаи шаҳру навоҳиро мавриди санҷиш қарор доданд.

Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки ҳамаи заводҳо омодаи кор ва захираи кофии пахта вуҷуд доранд. Вале бинобар ҷорӣ будани меъёри маҳдудият ва надодани қувваи барқ имконият надоранд, ба пуррагӣ фаъолият намуда, ашёи хомро сари вақт коркард намоянд. Ин ҳолат аз нимаи дуюми моҳи октябр то ин дам давом дорад. Бе огоҳии пешакӣ қатъ намудан ва аз нав додани қувваи барқ ва ҳамчунин паст будани шиддатнокии он боиси аз кор баромадан, яъне сўхтани муҳаррикҳои даврзананда (двигателҳо) гардида истодааст. Зикр кардан ҷоиз аст, ки хирмани пахтаҳо бо намнокии баланд захира шудааст, ҳавокашакҳо истифода бурда намешавад. Дар ин ҳолат қабати бунтҳои пахта гарм ва ранги нахаш зард шуда, чигити он пўсида ба кам гардидани равғаннокии он таъсир расонда,  боиси паст шудани сифати пахта мешавад. Ин, албатта, ба зарари хоҷагиҳои деҳқонӣ аст, зеро онҳо баҳри иҷрои нақша тамоми воситаву имконияташонро истифода бурдаанд.

Барои исботи гуфтаҳо дар мактуби сарвари кулли ҶДММ «Фаронак»-и ноҳияи Зафаробод А.Киром ба сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят чунин омадааст: «Коргоҳ аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Зафаробод ба миқдори 4150 тонна пахтаро тибқи шартнома барои коркард қабул кард. Айни ҳол завод зиёда аз 1500 тоннаашро коркард кард. Бинобар номунтазам таъмин будан бо барқ рафти коркарди пахта ба таъхир афтодааст. Инчунин аз танқисии барқ ашёи хоми пахта сифаташро гум намуда, талаф меёбад. Агар вазъият чунин идома ёбад, хатари талаф ёфтани садҳо тонна ашёи хоми пурқиммати хоҷагиҳо ба миён меояд. Коргоҳ низ дучори зарари калони иқтисодӣ гардида, дар назди сармоягузорон ўҳдадориҳои худро иҷро карда наметавонанд. Чунин ҳолат оянда ба кишти ин зироати стратегӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд».

Чунин ҳолат дар аксарияти заводҳо вуҷуд дорад. Аммо бояд зикр кард, ки коргоҳҳое низ ҳастанд, ки бо фаъолияти пурсамарашон тибқи шартнома пахтаро қабул ва онро сари вақт коркард кардаанд.

Масалан ҶДММ «Текс-Трейд» (собиқ Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова)-и шаҳри Конибодом дар мавсими имсола 4397 тонна пахтаро қабул ва коркард кардааст. Захираи пахтаи тухмӣ 697 тонна низ пурра коркард шудааст. Аз он захираи чигити тухмӣ 392 тонна буда, дар анбори корхона нигоҳ дошта мешавад. Ҳамчунин 86,8 тонна пахтаи тухмии истеҳсоли хориҷа захира шудааст, ки чигити тухмии навъҳои хориҷии «ДП-5111»-19 тонна, «СД-406»- 2,1 тонна, «Флора»-49,7 тонна ва навъи хитоии «Синюйтсза-39»-16 тонна мебошад.

Инчунин барои луч намудани чигит сехи лучкунӣ омодаи кор буда, коркарду захираи пахтаи тухмӣ ба талабот ҷавобгў мебошад.

Ҳамчунин ҶСП «Деҳқон»-и ноҳияи Спитамен соли равон 5820 тонна пахтаро қабул ва коркард кардааст. 606 тонна пахтаи тухмии захирагардида, пурра коркард шуда, аз он 340 тонна чигити тухмӣ истеҳсол намудааст.

Дар корхонаи мазкур ҳамчунин 238 тонна пахтаи тухмии навъи хориҷа пурра коркард шуда, аз он 131 тонна чигити тухмӣ дар завод нигоҳ дошта мешавад. Чигити тухмии захирашуда, ба талабот ҷавобгў аст.

Отабек Ҳоҷиев ҳамчунин иброз намуд, ки умуман то санаи 20 декабр дар заводҳои коркарди вилоят бо вазъи физикӣ 100186 тонна пахта қабул гардида, то кунун аз он беш аз 67000 тонна мавриди коркард қарор гирифт, ки аз он 23651 тонна нахи соф ё 35,3 фоиз буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 фоиз зиёд аст. Инчунин 38190 тонна чигит ё 57 фоиз истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 фоиз зиёд буда, 1402 тонна чигити тухмӣ захира шудааст.

Мебоист тибқи нақша коргоҳҳои пахтатозакунӣ аз моҳи ноябр то даҳаи аввали моҳи январи соли 2015-ум бояд 10500 тонна пахтаро барои тухмии ҳосили соли оянда коркард ва дар 11 сехи заҳролудкунӣ беш аз 5773 тонна чигитро заҳролуд намоянд. Ин шабу рўз заводҳо коркарди пахтаро ба итмом расонида, ба коркарди чигити тухмӣ ва заҳролудкунии он оғоз мекарданд. Аммо чӣ хеле ки гуфтем, бинобар маҳдудияти қувваи барқ имрўз онҳо наметавонанд бо иқтидори лозима фаъолият бурда, пахтаҳои захирашударо сари вақт коркард намоянд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон бо иқдому дастури Раиси вилоят ба вилоят беш аз 1000 тонна тухмии навъҳои хориҷаи баландсифат оварда, ба заминҳои хоҷагиҳо кошта, ҳосили дилхоҳ рўёнда шуд ва аз он 579 тонна чигити тухмӣ захира гардид.

Ҳамчунин Отабек Ҳоҷиев гуфт, ки имсол барои ворид кардани тухмии навъи хориҷа дар вилоят зарурат нест. Дар заводҳо захираи кофӣ вуҷуд дорад. Тибқи қоидаҳои агротехникӣ соли оянда мо метавонем бе истифодаи луч кардани чигит онро дар 5790 гектар ва ҳангоми луч намудан дар 23160 гектар кишти навъҳои хориҷаро гузаронем.

Имрўз барои корхонаҳои пахтатозакунӣ танҳо як муаммо вуҷуд дорад, ин набудани барқи доимӣ аст. Раиси вилоят масъулини соҳаи барқро вазифадор карданд, ки ҳар чӣ зудтар коргоҳҳои мазкурро бо барқи доимӣ таъмин кунанд, то коркарди пахта ва чигити тухмӣ ва ҳам заҳролудкунии он сари вақт ба итмом расад. Боварӣ дорам, ки масъулони соҳаи барқ ин дастури Раиси вилоятро ҳарчӣ тезтар амалӣ менамоянд ва корхонаҳо ба фаъолияти шабонарўзӣ оғоз намуда, пахтаро ба талаф шудан намегузоранд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh