Дорувории бесифат-хатар ба саломатӣ

Дар 10 моҳ 21170 кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии мўҳлати истифодабариаш гузашта, қалбакӣ ва бе сертификати мутобиқати сифат несту нобуд карда шуданд Солҳои охир шумораи дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурўшӣ дар шаҳру навоҳии вилоят бамаротиб афзоиш ёфтаанд.

 Коршиносон сабаби онро яке аз соҳоти сердаромад будани доруфурўшӣ медонанд ва шахсони касбу кори гуногун ҳар чӣ бештар ба ин намуди фаъолият рў меоранд. Бино ба иттилои сардори шўъбаи ташкили назорати гумрукии Раёсати гумрук дар вилоят Аюб Бобоев, давоми 10 моҳи соли 2014 ба вилоят 1 668 335 килограмм ба маблағи 4 120 900 доллари амрикоӣ доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 20 фисад зиёд аст. Оё ҳамаи доруҳое, ки ба вилоят ворид мешаванд, босифатанд? Нуқтаҳои доруфурўшии қаламрави вилоят то чӣ андоза бо доруҳои сифатнок ва ҷавобгўй ба талабот таъмин ҳастанд? Ба зиммаи Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Суғд назорати воридшавии маводҳои дорувории хушсифат, молҳои тиббӣ, маводҳои гигиению иловаҳои фаъоли биологӣ вогузор аст. Барои посух ёфтан ба суолҳои хеш мо ба Беҳрўзи Шайдулло - иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати вилоятии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ муроҷиат кардем.

Тавре зимни сўҳбат ба мо дар Раёсати вилоятӣ иброз доштанд, бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва назорати қатъии кормандони Раёсат ҳанўз ҳам ҳолатҳои ворид намудани дорувориҳои бесифат ба назар мерасанд. Дар 10 моҳи соли равон аз муассисаҳои фарматсевтии таҳти назорат қароргирифта 24 номгўй ба миқдори 82725 адад маводи дорувории ба таври қочоқ воридшуда, 327 номгўй ба миқдори 4703 адад маводҳои дорувории мўҳлати истифодабариашон гузашта ва 350 номгўй ба миқдори 54860 адад маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқати сифат ва ҳамчунин аз муассисаҳои табобатии профилактикӣ 147 номгўй ба миқдори 19601 адад маводҳои дорувории мўҳлати истифодабариашон гузашта ва 341 номгўй ба миқдори 4823 адад маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқати сифат дарёфт гардид.

Дар асоси камбудиҳои ошкоргардида нисбат ба 79 нафар мутасаддиён протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ба маблағи умумии 179600 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуда, ба фоидаи буҷети давлат ситонида шуданд.

Инчунин баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба 144 муассисаи фарматсевтӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят амрномаҳо ирсол гардида, ҷавоби онҳо сари вақт гирифта шуд.

Доир ба масоили таъминот бо кадрҳои соҳибтахассус Беҳрўз Шайдулло гуфт, ки тибқи қонун, ба фаъолияти фарматсевтӣ танҳо ашхосе, ки мутахассиси соҳаи фарматсевтӣ мебошанд, машғул шуда метавонанд.

-Солҳои пеш ҳолатҳои дар дорухонаҳо шахсони ғайриихтисос фаъолият дошта зиёд буданд. Бархе аз чунин ашхосе, ки ба доруфурўшӣ дар дорухонаҳо машғул ҳастанд, иддао доштанд, ки онҳо таҷрибаи кофии кор дар муассисаҳои тиббӣ доранд ва на камтар аз мутахассиси фарматсевт доруҳоро медонанду барои ҳамин ҳам бо доруфурўшӣ машғул мешаванд. Вале роҳбарияти хадамот чунин тарзи муносибат ба доруфурўширо нодуруст ва ғайриқонунӣ шумурда, изҳор доштанд, ки вазифаашон на танҳо фурўхтани дору аст, балки онҳо бояд аз хосият ва тарзи истифодаи дору огоҳӣ дошта бошанд. Бо мақсади дар ин ҷода мутахассисони соҳа фаъолият доштан як қатор чораҷўиҳо амалӣ гардид ва алҳол ҳамаи дорухонаву нуқтаҳои доруфурўшӣ пурра бо мутахассисон таъминанд, - қайд намуд номбурда.

Ба саволи дар давраи ҳисоботӣ чӣ миқдор доруҳо нобуд карда шуданд, ҳам-сўҳбати мо чунин изҳор дошт:

-Дар ҳайати комиссияи салоҳиятнок дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд бо тариқи сўзондан 1421 номгўй ба маблағи 889245 сомонӣ, (21170кг) маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии мўҳлати истифодабариаш гузашта, қалбакӣ ва бе сертификати мутобиқати сифат нобуд карда шуданд.

Агар нишондиҳандаҳои болоиро бо соли 2010-ум муқоиса кунем, маълум мегардад, ки кормандони Раёсати вилоятӣ муборизаро дар самти таъмин будани нуқтаҳои доруфурўшӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ ҳамасола пурзўр мекунанд. Далели ин гуфтаҳо нишондиҳандаҳои соли 2010-ум аст. Аниқтараш, дар ин сол 442 номгўй ба миқдори 57 ҳазору 232 адад (7164 кг) доруворӣ ба маб-лағи 322 ҳазору 605 сомонӣ мусодира ва дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд сўзонда шудааст.

Бино ба маълумотҳои расмӣ, аксари дорувориҳо ва таҷҳизоти тиббӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Дар қаламрави вилоят бошад, 5 муассисаи истеҳсоли соҳа амал мекунад, ки он ҳам спирт ва пахтаи тиббӣ истеҳсол мекунаду халос. Ин дар ҳолате, ки дар қаламрави вилоят 536 муассисаи фарматсевтӣ амал мекунад.

Дар ҳамин маврид бояд тазаккур дод, ки номгўи махсуси доруҳое ҳастанд, ки фурўши он иҷозатномаи махсусро талаб мекунад. Аниқтараш, дорувориҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки онҳо дар дорухонаҳои махсус фурўхта мешаванд.

Ба саволи «Шаҳрвандон чӣ тавр худро аз дорувориҳои бесифат эҳтиёт намоянд?», дар Раёсати вилоятӣ ба мо гуфтанд, ки «Харидорон дар ин самт ҳуқуқи худро бояд донанд ва аз он пурра истифода баранд. Дақиқтар карда гўем, бояд вақти харидани дору сертификати онро талаб кунанд. Доруфурўш вазифадор аст, ки сертификати мутобиқати сифати маҳсулоташро ба харидор пешниҳод намояд.

Аммо ба гуфти мутахассисини Хадамоти назорати фарматсевтӣ дар вилояти Суғд, қисми ками сокинон вақти харидани дору ба ин шартҳо риоя мекунанд ва баъди хариди доруи пастсифат ба ҷое арз мекунанд.

Мадина – мудири яке аз дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд бар он ақида аст, ки харидорон метавонанд, бо риояи чанд шарти оддӣ аз хариди доруҳои кўҳнаву пастсифат худро барканор доранд. Вай мегўяд, доруҳои қалбакиву пастсифат сертификати сифат надоранд. Бинобар ин як роҳи фиреб нахўрдан вақти хариди дору пурсидани сертификат аз фурўшанда аст.

Мусоҳибамон афзуд, ки дар баъзе маврид бо чашми оддӣ ҳам аз навиштаҷоти қуттии дору қалбакӣ будани онро пай бурдан мумкин аст. Ба гуфти вай, навиштаҷоти доруҳои сохта хатоҳои зиёди имлоӣ, ҳуруфи зиёду кам дорад. Инчунин, вай худдорӣ аз хариди дору аз доруфурўшони тасодуфии кўчаву бозорҳо, маслиҳат бо табибони муолиҷакунанда, дар ниҳояти кор – муроҷиат ба хадамоти ташхис барои муайян кардани сифати доруро роҳҳои эминдоранда аз хариди доруҳои пастсифат ва кўҳна медонад.

Вале сокини ноҳияи Бобоҷон Fафуров Умед Э. изҳор дошт, мардуми оддӣ имконияти зуд ташхис кардани дорувориро надоранд, чунки дар тамоми вилоят ягона хадамоти ташхиси дорувор фаъолият мекунад, ки он ҳам дар маркази вилоят ҷойгир аст. Мавсуф мегўяд, ки дар бобати ворид шудани доруҳои пастсифат ба қаламрави вилоят таъмини дорухонаҳо ва бемористонҳо бо доруҳои баландсифат бояд ки масъулини соҳа назоратро бештару хубтар намоянд.

Чаро дорувориҳо арзиши гарон доранд, сабаб дар чист, ки ҳангоме бо дорухати табиб ба дорухонаҳо ҳозир мешавӣ, нархҳо аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд? Оё нархи доруворӣ назорат бурда мешавад? Талабот ба сифати дору новобаста аз он ки дар куҷо истеҳсол мешавад, як хел аст. Аммо дар бисёр ҳолатҳо мебинем, ки як дору дар дорухонаҳо бо нархи хеле аз ҳам фарқкунанда ба фурўш гузошта шудааст. Барои рўшанӣ андохтан ба ин масъала бо чанде аз фурўшандагони дорухонаҳо ҳамсўҳбат шудем. Аксари онон изҳор доштанд, ки онҳо тамоми хароҷот, яъне пардохти андоз, боҷи гумрукӣ, сарфаи қувваи барқ, музди меҳнати коргаронашонро аз ҳамин ҳисоб мепўшонанд. Ва, албатта, барои рўйпўш кардани ҳамаи ин хароҷот доруро аз арзиши аслиаш хеле зиёд мефурўшанд.

-Чанде пеш барои харидории якчанд дору, ки духтури оилавиамон барои муолиҷаи бемории шамолхўрии кўдакам таъин карда буд, аз дорухонае пурсидам. Фурўшанда арзиши онро ҳисоб кард, азбаски маблағам камтар буд, хостам дигар дорухонаҳоро низ дидан кунам. Ба чанд дорухона даромада, ҳамон дорухатро ҳисоб кунондам, маълумам гашт, ки аксари дорухонаҳо арзиши гуногун дошта, куллан фарқ мекунанд, - гуфт сокини шаҳри Хуҷанд М.Ҳалимзода.

Дар раванди таҳқиқот инчунин ақидае низ иброз шуд, ки баъзе табибон ба беморону корафтодагон доруеро мефармоянду таъкид мекунанд, ки онро аз дорухонаҳо ва ширкатҳои махсус харидорӣ намоянд, гўё «истеҳсоли ин ё он кишвар буда, сифаташ хуб аст», ки ин дурўғи маҳз аст. Бояд донист, ки ин ҷо манфиати тиҷоратии ў меистаду халос. Яъне, онҳо бо ҳамон дорухона ё ширкати таъинкардаашон робитаи ба ҳамдигар ман-фиатовар доранд. Зеро таркиби дору, хоҳ истеҳсоли Ҳиндустон, хоҳ Русия бошад, як аст. Агар гап сари фарқияти нарх равад, ин вобаста аст аз харҷ дар истеҳсоли дору ва ё хароҷоти худи фурўшанда дар харидории он аст.

Алҳол дастрасӣ ба маводи доруворӣ, таъмини сифату бехатарии доруҳо, болоравии арзиши табобат ва ҳам ворид шудани доруҳои қалбакиву пастсифат аз масъалаҳои мубраму ташвишовар буда, масъулини соҳоти дахлдорро зарур аст, ки баҳри ҳифз ва нигаҳдории саломатии аҳолӣ, ки Сарвари давлат ва ҳам роҳбарияти вилоят низ ҳамеша дар баромадҳову вохўриҳояшон таъкид медоранд, дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбут ба соҳа барои пешгирии воридот ва муомилоти доруҳои қалбакӣ ва пастсифат чораҳои зарурӣ андешида, онро сари вақт амалӣ намоянд.

Табибони касбиву собиқадор бар он ақидаанд, ки роҳи авлотари ҳимояти бозору сокинон аз дорувории пастсифату қалбакӣ ба роҳ мондани истеҳсоли дору, ҳадди ақал, дорувору витаминҳои талаботашон тақрибан ҳаррўза дар дохили кишвар аст. Ба гуфти онҳо, Тоҷикистон барои ин шароити хубу созгор дорад. Табиати офтобии кишвар аз садҳо гиёҳҳои шифобахш бой аст, ки бархе аз онҳоро кишварҳои пешрафта харидорӣ ва дар дорусозӣ истифода мекунанд. Бовар дорем, ки дар ояндаи наздик чунин ҳам хоҳад шуд.

Маъмурахон САМАДОВА

Add comment


Security code
Refresh