Оё бунёди иншоот тибқи нақшаи асосии шаҳр аст?
- Details
- Published on Monday, 01 December 2014 11:05
Хуҷанд бо зебоӣ ва озодагии худ шаҳри хоса аст. Ин ҷо ҳамасола даҳҳо иншоотҳои хизматрасониву истиқоматии баландошёна қомат афрохта, ба зебогии шаҳр ҳусни бештар зам мекунанд. Имрўзҳо низ шаҳри Хуҷанд сохтмонгоҳи бузургеро мемонад, ки ҳадафи он бо бунёди биноҳои хуштарҳ тағйир додани симои шаҳр ва ҳарчӣ бештар ҷаззоб намудани он ҳам барои сокинони кишвар ва ҳам барои меҳмонони хориҷӣ аст.
Аммо, мутаассифона, баъзе аз чунин иншоотҳо дар мавзеъҳое сохта мешаванд, ки боиси норозигии сокинони маҳаллӣ мегардад.
Сохтмони бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 12 ба ин фикр мисол шуда метавонад, ки пудратчии асосии он ҶДММ «Сохтмончӣ» №1 буда, дар паҳлўи Мактаби варзишии бачагону наврасони №2-и шаҳри Хуҷанд бунёд мегардад. Роҳбарияти мактаб ва сокинони маҳалла аз он дар ташвишанд, ки истифодаи майдончаи тамринии мактаб барои ҳамлу нақли масолеҳи сохтмонӣ боиси валангор гардидани он гашта истодааст. Бар замми ин аз бемасъулиятӣ таҷҳизоти тамринии он фарсудаву аксари майдончаҳояш валангор гаштааст. Ниҳолҳову сабзазораш аз беобӣ моил ба хушкидан аст.
Ин манзараи нообод, албатта, касро ба риққат меорад. Аз майдончаҳои бозии теннис ва баскетбол тақрибан чизе боқӣ намондааст. Нақлиёти боркаш озодона дар ҳудуди варзишгоҳ ҳаракат мекунад.
Нозир-дастурдиҳандаи мактаби варзишии бачагону наврасон Собирҷон Ҳотамов мегўяд: - Пудратчиёни сохтмон барои кашонидани масолеҳи сохтмон бо во-ситаи ҳудуди мактаб иҷозат нагирифтаанд. Ба гуфти мавсуф, пудратчиёни сохтмон ба таъмири майдончаи варзишии мактаб ваъда додаанд. Вале аз ҳолати имрўза сокинони маҳалла изҳори ташвиш намуданд.
- Неъмат Оташ, сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд», ки сокини ин маҳалла аст, дар мавриди қазияи мазкур иброз дошт, ки бояд ба валангор гардидани майдончаҳои варзишӣ, ки аз рафтори ноодилонаи сохтмончиён аст, худи роҳбарони мактаб роҳ намедоданд. Натиҷаи хомўшии онҳо буд, ки сатҳи майдони футболбозӣ бо сабаби убури нақлиёт ноҳамвор ва корношоям шудааст. Ў ҳамчунин ба ёд меорад, ки дар гузаштаи начандон дур мактаби варзишии бачагону наврасон як гўшаи обод ва ҳамеша лабрез аз кўдакону наврасон буд. Дар он мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ аз рўи намудҳои баскетбол, волейбол, футболи наврасон, бадминтон ва тенниси рўи мизӣ баргузор мегардиданд.
Вобаста ба ин ҳолат мусоҳиби дигари мо - раиси бинои №16 Гулсара Fафурова гуфт, ки бо сабаби тамоман дастрас набудани роҳи нақлиётгузар сохтмончиён маҷбур ҳастанд, муваққатан аз ҳудуди мактаб ҳамчун воситаи транзитӣ истифода намоянд. Аз сабабе, ки дар назди биноҳои атроф кўдакони зиёд ба бозӣ, машғул ҳастанд, ронандагон бо кадом роҳ рафтанашонро намедонанд.
Аз рўи гуфтаҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси бинои истиқоматии №14 Нориниссо Раҳимова маълум гардид, ки роҳбарони сохтмон барои ҳалли баъзе аз мушкилиҳои сокинони бинои зикршуда ваъда додаанд.
Аммо муаммо он аст, ки баъди сохта шудани бино роҳи мошингард, замини назди ҳавлӣ ва ҷой барои истгоҳи мошинҳо намемонад. Суоли матраҳ он аст, ки магар бино аз ҳисоби ҳавливу тамрингоҳҳои мактаби варзишӣ сохта мешавад? Роҳбарияти мактаб ва сокинони маҳаллӣ ба ин савол посух дода натавонистанд. Масъулони шаҳр чӣ мегуфта бошанд?
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ