Ғунучини ҳосил мувофиқи матлаб нест…

Обу ҳавои мусоиди рўзҳои охир барои пахтакорони вилоят боз як марҳамати Худованд аст, то ки ҳосили бомашаққат рўёнидаашонро ғундоранд. Бинобар ин имрўзҳо роҳбарони шаҳру навоҳӣ, ҷамоату шаҳракҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва саҳмдоронро зарур аст, ҳарчӣ зудтар қувваи қобили меҳнатро ба саҳро ҷалб намуда, ҳосилро ҷамъоварӣ намоянд.

Имрўзҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ қувваи корӣ басанда буда, имконияти сафарбарии онҳо ба саҳро мавҷуд аст. Танҳо бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ бо ҳавасманд намудани онҳо метавон, ҳосилро аз талаф ёфтан эмин нигоҳ дошт.

Чӣ тавре ки аз Сарраёсати кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, то санаи 12 ноябр заркорони хоҷагиҳои вилоят ба хирмани Ватан наздик 95000 тонна пахта рехтанд, ки 82,20 фоизи нақшаи истеҳсолӣ мебошад. Рўзе дар миқёси вилоят наздик 22000 нафар саҳмдорону ёрдамчиён ба саҳро баромада, беш аз 500 тонна дурри гаронбаҳо чида истодаанд, ки ба ҳар чинакчӣ 27 килоӣ рост меояд.

Нишондиҳандаи беҳтаринро дар вилоят деҳқонони Мирзочўли тоҷик-ноҳияи Зафаробод соҳибанд. Бинобар маълумотҳо, имрўзҳо беш аз 4000 нафар дар пахтазор ба ғунучин машғул буда, ба ҳисоби миёна 33 килогӣ пахта чида истодаанд.

Заркорони ноҳия рўзе ба андозаи 0,70 фоиз ё 147 тонна, аз аввали мавсим 17532 тонна ашёи пурқимати саноатӣ ба заводҳои коркард супурдаанд, ки 82,23 фоизи дурнамо мебошад.

Пахтакорони Дилварзини тоҷик низ азм доранд, ҳосили фаровони рўёнидаашонро беталаф ғундошта, иҷрои нақшаро таъмин намоянд. Бо ин ният имрўзҳо беш аз 7000 саҳмдорону мардуми меҳнатқарини ноҳияи Мастчоҳ баҳри ғундоштани ҳосил дар саҳро заҳмат мекашанд. Бо ҷалби онҳо рўзе то 225 тонна ё 0,88 фоизи нақша, аз аввали мавсим 20735 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки 81,31 фоизи дурнамо аст. Ноҳияи Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакорӣ дар вилоят буда, тибқи нақша деҳқонон бояд 25000 тонна пахта ба хирмани Ватан супоранд.

Аз ин рў, хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ ва мардуми заҳматкаши ноҳияро зарур аст, ки он ташаббуси наҷиберо, ки пеш доштанду ҳама сарҷамъона, бо аҳли оила, хешу табор ва сокинони маҳалла ба саҳро барои ғундоштани ҳосил мебаромаданд, идома дода, баҳри беталаф ҷамъ овардани дастранҷашон ва иҷрои нақшаи ноҳияву вилоят саҳми худро гузоранд.

Бо вуҷуди дар ҷадвали мусобиқаи меҳнатӣ пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷои дуввум қарор доштан, рафти чиниши ҳосил ва сафарбарии қувваи корӣ ба саҳро мувофиқи талаб нест. Аз маълумоти фаврӣ маълум гардид, ки рўзе дар пахтазори ноҳия ҳамагӣ 1650 нафар ба чидани пахта машғул буда, ба ҳисоби миёна 22 килогӣ дурри гаронбаҳо меғундоранд. Ҳосили аз аввали мавсим ҷамъ овардаи заркорони ноҳия 10803 тонна буда, таъмини иҷрои нақша 84,40 фоиз мебошад.

Шояд бо сабаби татбиқ нашудани омилҳои ҳавасмандӣ дар ноҳияҳои Конибодому Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен суръати чиниши ҳосил суст аст. Масалан, дар ноҳияи Конибодом рўзе 1520 нафар 35 тонна пахта ҷамъ овардаанд, ки ба ҳар чинакчӣ 20-килогӣ рост меояд. Пахтаи то ин дам ғундоштаи заркорони ноҳия 11595 тонна ё 82,23 фоизи дурнамо аст.

Солҳои пеш диловарони азамати конибодомӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи пахтасупориро сарбаландона иҷро мекарданд. Таҷрибаи пешқадами онҳо боиси дастгирӣ буд.

Бояд кишоварзони ноҳия он шўҳрату дастовардҳои пешинаро барқарор намуда, баҳри ғунучини ҳосил тамоми тадбирҳоро андешанд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам ҷараёни ғунучини ҳосил мувофиқи матлаб нест. Ноҳия, ки дар вилоят ва ҳатто дар ҷумҳурӣ сернуфузтарин аз ҷиҳати аҳолӣ ба ҳисоб рафта, дорои қувваи қобили меҳнатӣ зиёд аст, аммо ҷалби ёрдамчиён ба сари вақт ғундоштани дастранҷи марди деҳқон ба таври зарурӣ таъмин нест.

Тибқи маълумоти фаврӣ, рўзе 2779 нафар дар саҳро ба кўмаки деҳқонон баромада, 57 тонна пахта чида истодаанд, ки ба ҳар чинакчӣ 22-килоӣ рост меояд. Ин нишондиҳандаи пасттарин байни ноҳияҳои вилоят мебошад. То ин дам деҳқонони ноҳия ба андозаи 73,49 фоизи нақша пахта ғундоштаанд, ки дар ҷадвали мусобиқаи меҳнатӣ дар ҷои охир қарор доранд. Бинобар ин роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияро зарур аст, ки аз обу ҳавои мусоид ва нерўи зиёди кории бозори меҳнати шаҳрҳои Қайроққуму Чкалов низ самаранок истифода баранд. Ҷараёни ғунучини ҳосил дар ноҳияи Спитамен ҳам ташвишовар буда, масъулини соҳа ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд ҳарчӣ зудтар тадбирҳои иловагӣ андешанд. Агар чунин муносибат давом кунад, ҳосили бо заҳмати зиёд рўёнидаашон зери барфу борон монданаш аз эҳтимол дур нест. Зеро обу ҳавои тирамоҳӣ ба ҳама маълум буда, ҳар лаҳза тағйир ёфтанаш мумкин аст.

Тибқи мушоҳидаҳо, дар пахтазори навоҳии вилоят ҳосили фаровон мавҷуд аст, ки дар мавсими имсола метавон хирмани беш аз 115 000 тоннагӣ орост. Имрўз вақти он фаро расидааст, ки бояд масъулини ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ барои ҷалби бештару беҳтари ҳашарчиён дар ҷамъоварии пахта боз ҳам шароитҳои хубро муҳайё кунанд, то ҳавасмандии онҳо зиёдтар гардида, ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намоянд. Ҳаминро низ бояд таъкид кард, ки имрўз аксарияти деҳқонону саҳмдорон худ хўҷаини комилҳукуқи замин гашта, хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ ташкил намудаанд. Бояд масъулиятро ҳис карда, ба қадри замину ҳосили рўёндаашон расанд. Зеро пахта дар ҷумҳурӣ ашёи стратегӣ ба ҳисоб рафта, он барои баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва некўаҳволии мардум манфиати зиёд дорад.

Бояд гуфт, ки алҳол дар вилоят танҳо пахтакорони ноҳияи Ашт нақшаи истеҳсоли пахтаро барзиёд 9689 тонна ё 105,32 фоиз иҷро кардаанд. Бо вуҷуди таъмини дурнамо рўзе беш аз 2000 нафар саҳмдорону ёрдамчиён ба саҳро баромада, ба андозаи 0,47 фоизи нақша ҳосил ғундошта истодаанд.

Абдуғафур АМИНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh