Сабр кунӣ, аз ғўра ҳалво мепазад

Ё таъмини иҷрои Барномаи компютеркунонӣ дар кадом сатҳ аст?
Аз оғози соли хониши нав зиёда аз як моҳ сипарӣ гардид. Омўзгорону толибилмон пас аз таътили тобистона бо қувваи тоза ба омўзиши фанҳои мухталиф оғоз бахшиданд. Дар машварати августии омўзгорони вилоят Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷабҳаҳои мухталифи соҳаи маорифро таҳлил намуда, бурду бохти соҳаро арзёбӣ кард.

 Дар машварат зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф пайвас-та мавриди ғамхории давлат ва ҳукумат қарор дошта, барои рушди соҳа корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Раиси вилоят дар бобати комёбиву пешравиҳои маорифчиён ҳарф зада, аз нарасидани кадрҳои омўзгорӣ, мувофиқи мақсад набудани нишондиҳандаҳои татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ, Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар масъалаҳои мубрам изҳори нигаронӣ карда буд.

Абдураҳмон Қодирӣ Раёсати маорифи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро водор кард, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо асбобҳои аёнӣ ва методӣ, ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон ва омўзгорони навовару эҷодкор чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин замина шурўъ аз соли 2003 дар мактабҳои вилоят раванди компютеркунонӣ ҷараён дошта, мутахассисони зиёд ба ин соҳа ҷалб карда мешаванд. Дар мусоҳибаи хабарнигори ҷамоатии рўзнома Абдусабури Абдуваҳҳоб бо сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Муҳаббат Маҷидзода таҳти унвони «Фардоро аз имрўз бояд сохт» («Ҳақиқати Суғд», № 105 аз 30-юми августи соли 2014) чунин омадааст: «…то кунун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 947 синфхонаи компютерӣ бо фарогирии 13411 адад компютер, 1870 адад принтер мавҷуд буда, аз онҳо 362–тоаш бо барқи доимӣ ва 516-тоаш бо генератори дизелӣ таъмин мебошад, ки 102 дарсади иҷроиши барномаро ташкил намуда, ба 14,6 нафар хонандагони синфҳои 7-11 як компютер рост меояд».

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» корҳо дар ин самт ҷараён дошта, дар арафаи анҷомёбист, вале самаранокии он ва бо муаллимони фаннӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ чандон мувофиқи мақсад нест. Ҳадаф аз амалигардонии ин барнома баланд бардоштани фарҳанги техникии хонандагон ва истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад.

Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки баъзе масъулони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ танҳо аз теъдоди компютерҳо дар мактабҳо гузориш додаанду ба масъалаи истифодаи мақсаднок ва самаранокии онҳо дар низоми таълим таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир наменамоянд.

Бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо вазъи таълиму тарбия ва иҷрои Барнома бо чанде аз мактабҳои шаҳру навоҳии наздик шиносо шудем.

Мактаби рақами 30-юми Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз муассисаҳои дурдасти ноҳия ба ҳисоб рафта, дар масофаи тақрибан 35 километр аз марказ ҷойгир аст. Муассиса дар як баст зиёда аз 750 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифта, ба онҳо 53 нафар омўзгорон дарси ватандўстиву хештаншиносӣ меомўзанд. Чун хостем, бо вазъи таълим дар дарси технологияи информатсионӣ огоҳ бошем, сарвари мактаб Юсуфҷон Файзиматов бо хурсандӣ иброз дошт, ки моҳи декабри соли 2013 бо дастгирии Барномаи тараққиёти Созмони Милали Муттаҳид мактабиён ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ барои истифодаи воситаҳои техникӣ таҷҳизот хариданд. Алҳол хонандагон аз 33 адад компютери мавҷуда, ки 6 ададаш корношоям аст, ба таври васеъ истифода мебаранд.

-Солҳои пеш дар мактаб хатти барқи озод мавҷуд буд. Пас аз харидорӣ ва ба истифода додани таҷҳизоти ҳозиразамон ҷои хатти барқро панели офтобӣ, ки дар чаҳор кунҷи бинои мактаб насб шудааст, муаммои таъминоти барқ аз байн рафт. Дар ҳолатҳои зарурӣ истифодаи як генератори 3,5 киловаттаро низ ба роҳ мемонем. Дар мавриди компютерҳои корношоям ҳаминро қайд карданиам, ки 1 адад компютери тамғаи УКНЦ (электроника) ва 5 адад компютери тамғаи солҳои пешин (Пентиум1,2) тамоман ба талаботи имрўза ҷавобгў нестанд. Алҳол ба шўъбаи маорифи ноҳия дархост омода кардаем, то онҳоро аз рўйхат бароранд,- изҳор дошт сарвари мактаб Юсуфҷон Файзиматов. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, аммо аз сабаби баста будани утоқҳои компютерӣ мо натавонистем, ҳолати кориро бо чашмони сар бубинем.

Утоқҳои технологияи информатсионии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-уми Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назар дар ҳолати корӣ қарор доранд. Аммо дақиқтар нигарем, як компютер клавиатура надораду дигараш муш (мышка). Саввумӣ, ҳатто, блоки системавӣ надорад. Ба гуфти мудири кабинет Рухсора Нурматова, дар синфхона 22 адад компютер мавҷуд буда, 4 –тоаш корношоям аст. Ҳарчанд муассиса бо барқи озод таъмин асту дар дасти муаллими фаннӣ мадем барои пайваст шудан бо шабакаи ҷаҳонии ИНТЕРНЕТ мавҷуд, аммо қисми зиёди хонандагон аз имкониятҳо бархурдор нестанд.

Аз хонандагони синфи 11 пурсон шудем, ки кадоме метавонанд, аз компютер ба пуррагӣ истифода барад, танҳо ду нафар даст бардошту халос. Мегўянд, ки «сухани рост хоҳӣ, аз бача пурс». Агар ҳамин тавр бошад, хонандагони ин муассиса дар як утоқ танҳо аз 6-8 компютери созгор баҳра мебардоранду халос. Бо вуҷуди ин омўзгорони фанни технологияи информатсионӣ Рафоат Ашўрқулова, ки зиёда аз 25 соли умрашро ба тарбияи шогирдон бахшидааст, инчунин Ҳанифа Аҳмадова ва Мазбут Алиманқулов ба хонандагон дарси ватандориву хештаншиносӣ меомўзанд.

Маъмурияти гимназияи рақами 24-уми шаҳри Хуҷанд аз норасоии мутахассис шиква дошт. Ба гуфти ҷонишини директор Муяссара Умарова, тақрибан 90 фисади хонандагони ин муассиса ба ғайр аз бархурдор будан аз соатҳои технологияи информатсионӣ дар хона компютер доранду онро ба хубӣ истифода бурда метавонанд. Ин аст, ки толибилмони мактаб дар озмунҳои фаннӣ иштирок ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Давоми моҳи сентябри соли хониши нав муассиса бо сабаби ба рухсатӣ рафтани як мутахассис ба мушкилот дучор шуду то ин дам се мутахассиси ҷавонро ба кор ҷалб кард, ки алҳол ба шогирдон дарс меомўзанд.

-Ҷавонони имрўза, ки донандаи хуби компютер ҳастанду ин фанро беҳтару бештар аз худ кардаанд, баъди муддате дарс додан аз кор кардан дар мактаб даст мекашанд ва ба корҳои маошаш калон мераванд. Ин ҳолат сабаб шуда, ки бархе аз макотиб аз норасоии мутахассис азият мекашанд,- иброз дошт ҷонишини директор Муяссара Умарова.

Маъмурияти муассиса барои интиқоли хатти озоди барқ дархост пешниҳод кардааст ва дар ҳолати пайдо шудани имконият толибилмон аз он бархурдор хоҳанд шуд.

Ду синфхонаи компютерии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ум ба номи Қодир Раҳимови шаҳри Хуҷанд дорои 23 компютер буда, тамоми шароитро дорост. Чун маъмурияти мактаб барои аз эътибор соқит кардани 4 адад компютери кўҳна қарор карданд, аввал 5 адад компютери замонавӣ хариданд. Аксари хонандагон истифодаи компютерро ба хубӣ медонанду шод аз онанд, ки ба қарибӣ синфхонаашонро боз 4 адад компютер «пур» мекунад.

Хонандагони мактаби рақами 32-юми ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳангоми тамошои кинофилми «Ормон», ки аз ҷониби шўъбаи маорифи ноҳия тавсия шудааст, дарёфтем. Ба гаронии нархи чипта нигоҳ накарда, бачагон ин филми тарбиявиро бо шавқу завқ тамошо мекарданд.

Ҳолати кории як утоқи компютерии мактаб нисбатан қаноатбахш буда, аз 30 компютери мавҷуда 3-тоаш тамоман кор намекунад. Шаҳноза Дадобоева алҳол донишҷўи соли чоруми факултаи математикаи амалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, соли сеюм аст, ки дарси технологияи информатсиониро дар муассиса ба ўҳда дорад. Дари синфхонаи компютерии дуюм баста буду натавонистем, аз чигунагии ҳолати он бохабар шавем. Дар хусуси пайваст шудан ба шабакаи умумиҷаҳонӣ бошад, ҳоҷати сухан ҳам нест.

Дар муассисаи таълимии № 2-юми шаҳри Хуҷанд низ ҳолат ва истифодаи синфхонаҳои компютерӣ аз дигар муассисаҳо беш нест. Мактаб дорои 21 компютери тамғаи Пентиум-4, 10 компютери тамғаи Пентиум-3 ва 4 адад компютери тамғаи Пентиум-2, ҷамъ 35 компютер бошад ҳам, дар як утоқи корӣ танҳо 6 компютери фурўзонро, ки бачагон истифода мебурданд, дида тавонистему халос. Хонандагони ин мактаб аз истифодаи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет тамоман бархурдор нестанд. Аз хонандагони синфи 9-ум танҳо як хонанда тавонист ба суоли мо, ки дар бобати бархурдор шудан аз интернет буд, ҷавоб дода тавонисту бас.

Бо овардани ин чанд далел мо наметавонем, тамоми макотиби шаҳру навоҳиро зери тозиёнаи танқид бигирем. Вале, агар дар макотиби гирду атрофи маркази вилоят ҳол чунин аст, чӣ ҳоҷати санҷидани шаҳру навоҳии берун аз шаҳр ва минтақаҳои дурдаст. Танҳо масъулинро ҳушдор доданием, ки аз рўи адолат рафтор бикунанду вазифаашонро сари вақт ва пурра иҷро намоянд. Зеро аз рўи маълумотҳо, роҳбарияти шўъбаҳои маориф сари вақт аз фаъолияти синфхонаҳои компютерӣ бохабар буда, барои бартараф кардани норасоиҳо кўшиш кардаанд.

Агар ин тавр намебуд, дар қарори шўрои шўъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2014 ба таври огоҳӣ ин нуктаҳо зикр намегардид: «Директорони мактабҳои рақамҳои (ба хотири гуногунандешӣ мо аз овардани номгўи мактабҳо худдорӣ кардем)-ро зарур аст, ки барои зиёд кардани миқдори компютерҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд; …то санаи 25-уми июли соли 2014 барои таъмири компютерҳои таъмирталаб чораҷўӣ намуда, ба ҷои компютерҳои барқарорнашаванда харидорӣ намудани компютерҳои навро ба нақша гиранд; ...барои дастрасӣ ба Интернет бевосита дар синфхонаҳои компютерӣ бо насби шабакаи дохилӣ то санаи 25-уми июл чораандешӣ намоянд; хадамоти давлатии назорати соҳаи маорифи назди шўъбаи маориф ҳамкориро бо маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шўъбаи маориф вусъат дода, дар радифи назорати иҷрои дигар барномаҳо, амалишавии талаботҳои «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015»-ро таҳти назорати умум қарор дода, мониторинги сифати дониши хонандагонро аз фанни технологияи информатсионӣ натиҷабардорӣ намоянд».

Вазъияти муассисаҳои таълимӣ, ба гуфти роҳбарони он, ки аз «хоҳем кард, хоҳем гирифт, хоҳем иҷро намуд» беш нест, мақолеро ба хотир меорад, ки гуфтаанд: «Сабр кунӣ, аз ғўра ҳалво мепазад». Ғўраи мо кай ҳалво мешуда бошад? Инро вақт нишон медиҳад.

Шукрона ШАРИФӢ

Add comment


Security code
Refresh