Қабристон ором, аммо...

 

 

 

Аз замонҳои қадим то ҳол ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар рўзҳои иду айём аксари мардум ба қабристон барои зиёрати марқади падару модар, додару хоҳар ва дигар хешу табор мераванд. Дар ин мавридҳо қабристон ба як ҷои серодам табдил меёбад. Ҳама саргарми кор: касе ҷорўб дар даст гўрпушта мерўбад, дигаре бо белу каланд хокҳои парокандаи гўрпуштаро ҳамвор карда, обдавашро ба тартиб меорад, баъзеҳо бо тиловати Қуръони Маҷид машғул, баъзеи дигар сатили об дар даст ба гирду атрофи қабр об мепошанд. Қабристон ба идгоҳ монанд мешавад. Аммо ин хел мавридҳо танҳо дар рўзҳои иду айём.

Дигар вақт, дар қабристон касеро намебинед, агар ягон майитро биёранд, нафарони зиёд пайдо мешаванд. Аввали баҳор, то иди Наврўз рўзҳои башумор монда, ҳаво як қадар абрнок бошад ҳам, равшану мулоим, боди форами пагоҳӣ мевазид. Каланду ҷорўбро ба даст гирифта, барои хабар гирифтани қабри модар (чӣ хел аз зимистон баромада бошад, хавотир будам) сўи қабрис-тон равон шудам. Ба қабристон аз дарвоза бо пои рост даромада, ба арвоҳи рафтагон чунин дуоро:

«Салом бар Шумо, эй мўъминону мусалмонони ин диёр, Худо хоҳад, мо ҳам ба шумо мепайвандем ва Худо гузаштагону ояндаи моро биёмурзад, аз Худованд барои мо ва шумо офият металабем»-ро, ки модарам дар айёми бачагиам ёд дода буд, хондам ва ба рўҳонияти дар ин ҷо дафншудагон бахшидам. Сипас ба сари мадфани модар расидам. Гўрпуштаи модар аз зимистони гузашта заррае ҳам зарар надидааст, онро рўфта об пошидаму каланду ҷорўбро ба як сў гузошта, ба харак нишаста, сурае аз Каломи Аллоҳ қироат намуда, бахшидам. Лаҳзае нишаста оромидам. Насими фараҳбахши баҳорон мевазид, алафу гиёҳҳои навдамидаи гўрпуштаҳо аз нури хуршеду боди форам ба назар биҷир – биҷир метофтанд, гўё ҷилва мекарданду мерақсиданд.

Оромӣ ҳукмфармо буд. Қабристон дар миёни чор девор танҳо, ман дар қабристон танҳо, дар миёни ману қабристон ҳазорон хуфтагон танҳо. Ба қавле, пашша пар занад ҳам, шунида мешуд. Онон, ки сокинони ин муҳит буданд, гўё ба тақдир тан дода бошанд, дар ин ҷо изтиробу ошуфтагию шўрангезӣ набуд. Ҳама ором, ҳама баробар. Қадри ҳама, хоҳ дорою хоҳ нодор якхела, ҳама дар як либоси сап-сафед буданашонро тасаввур кардам. Агар онҳоро дида мешуд, тафовут карда наметавонистед: кӣ шоҳу кӣ гадо.

Аз ҷои нишастам бархестаму ин сукунатро вайрон кардам. Дилам ин дам сайри қабристону қабрҳоро кашид, дидани мадфани ёру дўстонро хост. Бо ин ният аз як сар қабристонро қадам задам. Синну соли ман ҳам ба 80 расидааст. Дар тўли ҳаётам бо киҳо ҳаммаҳаллагию ҳамшаҳрию ҳамкору ҳамтабақ набудам. Ман ҳам зодаи ин заминам-ку! Охир, рафтагон ғами диланд, на оромии дил.

Аввал бо қабри чанд шиносон ошно шудам, ҳар яки онҳоро ба некӣ ёд кардам. Баногоҳ ба ду қабри ҳамсоя бархўрдам, ки онҳо барои 35 см. ҷойи миёнадевор қариб якдигарро кушта, ба ҳалокат расонда буданд. Хушбахтона, ҳамсояҳои дигар бохабар шуда, ҷанҷолро ба хушӣ ҳал карданд. Аҷабо! Инаш-ку нафареро кушта, ҳабс шуда буд, ҳардуи инҳо ҳам гўрҳамсоя. Парвадигоро, ин чӣ сирру савдои зиндагист! Инаш бошад, қабри нафаре, ки бо аризаю шикояти бисёраш раисашро сабукдўш кунонда буд, говҷаллобу харидори фирефташуда - инҳо ҳам дар як қатор. Ё парвардигори меҳрубон, онон, ки дар рўи замин, дар зиндагиашон душманони якдигар буданд, акнун дар як қатор хобидаанд, бе ҳеч як моҷарою хархаша, чун «дўстони абадӣ». Дар лаҳад оромӣ, қабристон ором, дар ҳама ҷои ин макон оромӣ ҳукмфармост. Оромӣ, боз оромӣ.

Аммо берун аз қабристон, балки дар рўи замин одамон чӣ тавре буданд, ҳамчунин монданд. Касе андешаи мурдан ҳам намекунад. Ҳама дар такопўю талоши зиндагӣ, побанди васвоси шайтонию гирифтори молу мулк чун ҳунарпешагон – яке дар саҳни театр, дигаре дар саҳни ҳаёт – барои «қонеъ гардонидани нафси аммора» - и худ моҳирона нақш мебозанд. Нафсу нафсоният, худнамоию худситонӣ ба ҳукми одат даромадааст. Ин тамоюлро дар ҳама шароит ва ҳар ҷо, аз он ҷумла дар қабристон ҳам мушоҳида кардан ҳеч душворие надорад, агарчанде зери хок хуфтагон ба ин дахле надоранд.

Зиндаҳо гўё барои «абадӣ» гардонидани хотироти рафтагонашон, барои дар гўрпуштаҳо лавҳаҳои хотиротӣ гузоштан гўё мусобиқа мекунанд. Баъзеи лавҳаҳои хотиротӣ аз масолеҳҳои гаронбаҳо - ҷазъ сохта шудаанд, баъзеашон болобаланд, баъзеашон сурху сиёҳи бетонӣ. Аммо касе пай намебарад, ки барои хуфтагон ин ҳама заррае ҳам аҳамият надорад. Тавре бузургон мегўянд: «Қабре, ки болояш обод аст, дарунаш хароб, қабре, ки берунаш оддист, дарунаш обод аст». Ин ҳама кўшишҳо дар лавҳагузорӣ барои тафовут аз ҳамдигар аст. Баъзе дороҳо бошанд, ҳатто аз бетонҳо ҷойҳои чанд мадфанро ишғол намуда, гўробаҳои алоҳида бунёд кардаанд. Ин ҳам анъана шудааст, ки сарватмандон ин зайл «ёдгориҳо»- ро дар давраи зинда буданашон сохта мемонанд. Аз болои самолёт мушоҳида мекунед, ки қабристон ба шаҳрчаи бо биноҳое ҳозиразамон монандӣ дорад.

Ҳамин тавр, барои «ёдгориҳои» гузаштагон тоифаи одамон маблағҳои зиёде сарф мекунанд. Лекин аксаран, дар асл, парҳезкор нестанд. Дур аз хайру саховат, додани закоти молро «аз ёд» мебароранд… Дар лофу газоф нақши худро хуб мебозанд, аммо аз як нақш бехабаранд - аз нақши аҷал, ки рўзе ноаён, бозикунон меояду бозикунон рўҳашонро ба самою пайкарашонро зери хок мебарад.

Дар беруни қабристон, балки дар рўи замин зиндагӣ давом дорад. Зиндагӣ давом дорад бо задухўрдҳои шадид, бо худкомиҳою худпарастиҳо! Зиндагӣ давом дорад ва беохир.

Ҳайҳот! Қабристон-ором. Лаҳад-ором. Дар ҳама ҷои ин макон сукунат ҳукмфармост. Ҳатто, пашша пар занад, шунида мешавад. Аммо берун аз қабристон…

Абдушукур РАСУЛОВ,
сокини шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh